Таммӣ Брус, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 21-уми март гуфт, Райен Корбет, яке дигар аз бандиёни собиқи Толибон, ки бо Ҷорҷ Гелзман дар як ҳуҷра нигаҳдорӣ мешуд, дар маросими истиқбол дар як пойгоҳи низомӣ дар канори шаҳри Вашингтон ҳузур дошт.
Таммӣ Брус дар як нишасти хабарӣ гуфт, пас аз як маросими кӯтоҳ Ҷорҷ Гелзман ва ҳамсараш Александраро ба макони дигаре дар Иёлоти Муттаҳида бурданд, то истироҳат кунанд ва беҳбуд ёбанд. Гелзмани 66-сола пас аз нахустин сафари як мақоми баландпояи Амрико ба Афғонистон аз замони бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 аз боздошт раҳо карданд.
Залмай Халилзод, намояндаи собиқи пешини Амрико дар умури сулҳи Афғонистон дар шабакаи Х навишт, ки ӯ ва Адам Бойлер, мушовири аршади Раёсати вижаи Амрико дар умури гаравгонон рӯзи 20-уми март бо мақомоти Толибон дар Кобул гуфтугӯ кардаанд.
Залмай Халилзод навиштааст, ки онҳо муяссар шуд, Ҷорҷ Гелзманро пас аз ду соли боздошт дар Кобул озод кунанд. Ҳукумати Толибон гуфтааст, ки шаҳрванди Амрикоро бо унвони ҳусни ният ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва мардуми Иёлоти Муттаҳида озод мекунад. Ҷузъиёти музокиротро ошкор накардаанд.
Амрико мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ҳукумати Толибонро ба унвони ҳокимони қонунии Афғонистон ба расмият намешиносад. Ҷорҷ Гелзман пас аз вуруд ба пойгоҳи Эндрюс ба телевизиони Фокс Нюс гуфт, ки эҳсос мекунад, “дубора ба дунё омадааст”.
Ӯ ҳамчунин аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Марко Рубио, вазири умури хориҷӣ ва дигарон, ки ба гуфтаи ӯ барои озодиаш кӯшидаанд, изҳори сипос кард. Гелзман лаҳзаи боздошташро ёдоварӣ карда ва гуфт, ки чӣ гуна дар як кӯчаи Кобул ӯро рабуданд ва ба як утоқи торику бетиреза андохтанд.
Ҷорҷ Гелзман, ки таъмиргари ҳавопаймо ва аз шаҳри Атланта аст, моҳи декабри соли 2022 ҳангоми сафари сайёҳӣ дар Афғонистон боздошт шуд. Ҳукумати Амрико мегуфт, ки Толибон ӯро ба ноҳақ дастгир кардаанд.
Марко Рубио, озодии Гелзманро гоми мусбат ва созандае хонда ва гуфтааст, ки мақомоти Қатар, ки мизбони асосии музокирот миёни Толибон ва Амрико буданд, дар тарҳи раҳоии Гелзман нақш доштанд. Ӯ афзуд, ин мавзӯъ баёнгари он аст, ки ҳанӯз амрикоиҳои дигар дар Афғонистон дар боздошт ҳастанд.
Маҳмуд Ҳабибӣ, яке дигар аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида аст, ки аз соли 2022 инҷониб дар асорати Толибон дар Афғонистон аст.
Гуфтугӯ