Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз зиндонҳои Тоҷикистон 697 маҳбуси дигарро озод карданд


Лаҳзаи раҳоии гурӯҳе аз зиндониён, ки акси онро хабаргузории давлатии Ховар нашр кардааст.
Лаҳзаи раҳоии гурӯҳе аз зиндониён, ки акси онро хабаргузории давлатии Ховар нашр кардааст.

Дар Тоҷикистон имрӯз садҳо зиндониро, ки дар солҳои гуногун барои ҷинояте паси панҷара рафтаанд, озод кардаанд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, ки 697 зиндонӣ, ки дар байнашон 34 зан ва 3 ноболиғ ҳастанд, рӯзи 22-уми март аз зиндонҳои шаҳри Душанбе, Норак, Ваҳдат ва боздоштгоҳҳои гуногуни кишвар раҳо карда шуданд.

Хабаргузории давлатии “Ховар”, ки хабари раҳоиро нашр кардааст, навиштааст: “Маҳбусон ва маҳкумшудагон субҳи имрӯз аз муассисаи ислоҳии низоми пурзӯр, муассисаи тарбиявии ноболиғон ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва муассисаи муолиҷавӣ дар шаҳри Ваҳдат, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва низоми пурзӯр, инчунин тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи ислоҳии низоми умумӣ дар ноҳияи Ёвон, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Бохтар ба озодӣ баромаданд.”

Раҳоии зиндониён бар асоси фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрумсохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд”, сурат мегирад, ки рӯзи 20-уми март имзо кардааст.

Як рӯз баъди судури ин фармон мақомот хабар доданд, ки барои иҷрои ин санад 53 зан ва 147 мардро аз зиндонҳои Ёвон ва Норак озод карданд. Ҳамроҳи онҳо 23 ноболиғ ҳам раҳо карда шудааст. Феҳрасти номи онҳоеро, ки аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шудаанд, нашр накардаанд ва аз ин рӯ маълум нест, дар миёни озодшудаҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ба қавли наздиконашон бо иттиҳомҳои сохта ва ё дорои ангезаҳои сиёсӣ ба маҳбас андохта шудаанд.

Дар чанд соли гузашта даҳҳо нафар аз ҷумла хабарнигорону фаъолони маданӣ ва сиёсатмадоронро дар Тоҷикистон бо иттиҳомҳои гуногун ба зиндон андохтанд, ҳарчанд худашон гуфтаанд, ки гуноҳе надоранд. Ба гуфтаи мақомот президент «ҷазои онҳоеро бахшидааст, ки ҷинояти начандон вазнин, миёна ва вазнин кардаанд.

Фармони раиси ҷумҳур баъд аз гуфтугуҳои ошкору зиёди пинҳонӣ дар бораи Қабули қонуни афв дар Тоҷикистон, ки қариб як сол боз идома дошт, содир шуд, ки аз қонуни афв фарқ мекунад.

Мо ин суолро бо ҳуқуқдонҳо дар миён гузоштем ва Ҷамшед Ёров, вакили дифоъи муқими Аврупо гуфт, ки бахшиши гуноҳ бар асоси аризаи зиндониён сурат мегирад. Ба қавли ӯ асоси бахшиши гуноҳ, ариза ба номи раиси ҷумҳур аст, ки маҳкумшуда менависад, ки гуноҳашро ба гардан мегирад, хато кардааст ва аз раиси ҷумҳур тақозо мекунад, ки аз гуноҳи ӯ бигзарад. Ба қавли мусоҳибони мо баъдан, комиссияи махсус ин аризаҳоро мебинад ва феҳрасти афродеро тартиб медиҳад, ки ба сазовори бахшиш ҳастанд ва сипас феҳрастро барои имзо ба раиси ҷумҳур мефиристанд.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки афв, ки теъдоди васеътари зиндониёнро фаро мегирад, бар асоси моддаҳои Кодекси ҷиноӣ амалӣ мешавад, яъне гуруҳҳои номуаяни одамон, ки ба ҷиноятҳои гуногун даст задаанд, аммо дар бахшиш фақат як гуруҳи хос ва маълуми одамон ворид мешаванд.

Ба қавли мақомот, бахшиш ба муносибати ҷашни Навруз сурат мегирад, вале ҳомиёни ҳуқуқ ба дигар сабабҳо низ ишора мекунанд. Аз ҷумла зиндонҳои пур аз маҳкумшуда дар Тоҷикистон. Худи омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши солонааш навиштааст, ки санҷиш нишон додааст, ки соли 2023 масалан дар як зиндони Душанбе 300 нафарро барзиёд ҷой додаанд, ки бар асоси қонун мумкин нест. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳам аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ номидаанд. То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон бештар аз 13 ҳазору 500 нафарро нигаҳ медоштаанд, ки баробар ба аҳолии як маҳаллаи бузург дар кишвар аст.

Беш аз 200 касро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG