Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дастури коҳиши буҷаи ҳафт сохтор, аз ҷумла USAGM-ро имзо кард


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 14 март фармонеро имзо кард, ки ихтисори шадиди буҷаи ҳафт сохтор, аз ҷумла USAGM -  Оҷонсии ИМА оид ба расонаҳои ҷаҳониро дар бар мегирад. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои федеролӣ бахше аз ин оҷонсӣ мебошад.

Дар миёни дигар сохторҳо ташкилоту идораҳое мебошанд, ки бо афроди бесарпаноҳу бехона, баҳсҳои корӣ ва рушди ҷомеа сарукор мегиранд.

Дар матни амри Трамп омадааст:

“Дар мӯҳлати 7 рӯз аз замони нашри ин қарор раҳбари ҳар як идораи давлатии дар зер ёдшуда бояд ба номи Раиси идораи мудирияти буҷа гузориш дода, риоя кардани ин қарорро тасдиқ кунад ва шарҳ бидиҳад, ки кадом ҷузъиёт ё фаъолиятҳои ин идораи давлатӣ аз рӯи қонун зарур ҳастанд”.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳанӯз ин қарорро шарҳ намедиҳад.

Оҷонсии ИМА оид ба расонаҳои ҷаҳонӣ як идораи мустақили ҳукуматии ИМА аст, ки кори расонаҳои иттилоотии фаъол бо аудиторияи 361 миллион нафарӣ дар як ҳафтаро бо 50 забони мухталиф пеш мебарад.

Буҷаи USAGM барои соли молии 2025 дар ҳаҷми 950 миллион доллар дархост шудааст ва ин маблағ барои фаъолият ва пардохти маоши кормандон равона мешавад. Ин оҷонсӣ кори РАО/РО, “Садои Амрико”, радиои “Осиёи озод”, “Радио Мартӣ (барои Куба), шабакаҳои Ховари Миёна ва Бунёди фанновариҳои бозро назорат мекунад.

Трамп, ки дар давраи аввали раёсатҷумҳуриаш бо USAGM сари сиёсати таҳририяи мустақилонаи ин ниҳод баҳс кардааст, дар давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш гуфтааст, ҷиддан аз паи коҳиши харҷҳои давлатӣ мешавад.

Баъди дубори сари кор омаданаш ин нигарониҳои худро такрор намуд.

Тарафдорони расонаҳо мегӯянд, онҳо василаи муҳими дипломатияи амрикоӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар миёни идораҳои дигаре, ки бояд фавқулодда харҷашонро кам кунанд, аз ҷумла, Маркази байналмилалии Вудроу Вилсон барои донишмандон дар Пажӯҳишгоҳи Смитсониан мебошад, ки масалан дар Вашигтон кори осорхонаҳову боғи ҷонварониро барои аҳолӣ ройгон фароҳам мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG