Анвар Қарқош рӯзи чаҳоршанбе, 12 март ба Теҳрон рафт ва бо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои Эрон, мулоқот кард.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар ҳамин рӯз эълон карда буд, ки Анвар Қарқош, мушовири раиси Имороти Муттаҳидаи Араб дар умури сиёсати хориҷӣ, дар нимаи дувуми рузи чаҳоршанбе бо Аббос Ароқчӣ мулоқот мекунад ва дар ҷараёни ин сафар, номаи Доналд Трампро ба ҷониби Эрон месупорад.
Раисҷумҳури Амрико як ҳафта пеш дар як мусоҳиба эълон кард, ки хостори музокира дар бораи барномаи ҳастаии Эрон аст ва ба ҳамин далел, номае барои раҳбари Эрон фиристодааст.
Доналд Трамп дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News дар бораи муҳтавои ин нома гуфта буд, "гуфтам, умедворам музокира кунед, чун барои Эрон хеле беҳтар аст".
Дар нахустин вокуниш аз сӯи мақомҳои Эрон, намояндаи ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки Теҳрон то кунун номае дар ин бора дарёфт накардааст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон низ як рӯз баъд аз онки раисҷумҳури Амрико эълон кард, номае барои ӯ фиристодааст, гуфт, ки Теҳрон бо "кишварҳои зӯргӯ" музокира нахоҳад кард
Раҳбари Эрон дар мулоқот бо шуморе аз мақомҳои феълӣ ва пешини ин кишвар гуфт, "масъала фақат масъалаи ҳастаӣ нест. Хостаҳои нав, монанди барномаи дифоӣ, мушакӣ ва тавоноиҳои байналмилалии Эронро матраҳ мекунанд, ки ин хостаҳо қатъан аз тарафи Ҷумҳурии исломӣ, бароварда нахоҳанд шуд".
Инҳо мавзуъҳое ҳастанд, ки мақомоти Эрон борҳо эълон кардаанд, ки ҳозир ба музокира дар бораи онҳо бо тарафҳои ғарбӣ нестанд.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ҳам дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп дар бораи фиристодани нома ба Оятуллоҳ Хоманаӣ барои музокира бо Ҷумҳурии исломӣ гуфт, ба далели таҳдидҳои Трамп, ҳозир нест бо ӯ музокира кунад.
Дар пайи ин изҳороти раисҷумҳури Эрон, сухангӯи Шӯрои амнияти Кохи Сафед ба бахши форсии "Садои Амрико" гуфт, "бо таъкиди дигарбора, раисҷумҳур Трам ба тавре возеҳ гуфт, ки ду роҳ барои муқобила бо Эрон вуҷуд дорад -- низомӣ ё аз тариқи созиш. Мо умедворем, ки режими Эрон мардум ва манфиатҳои худро бар террор бартар мешуморад".
Мухолифати Хоманаӣ ва Пизишкиён бо музокира бо Амрико, бо вокунишҳои манфии густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст. Шуморе аз тарафдорони Ҷумҳурии исломӣ аз он истиқбол карданд.
Теҳрон мегӯяд, то замоне, ки Амрико ба фишор ва таҳдидҳои худ идома диҳад, "музокираи мустақим" бо ин кишвар сурат нахоҳад гирифт.
Гуфтугӯ