Даҳҳо зани тоҷик, ки намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҳуқуқдону рӯзноманигор ҳастанд, бо фиристодани номае ба президент Эмомалӣ Раҳмон, хоҳони бозбинии ҳукми хабарнигор Рухшона Ҳакимова шуданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврал ин хабарнигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард. Ӯ ва наздиконаш иттиҳомро напазируфтанд. Ҳукм дар ҷомеаи Тоҷикистон сарусадои зиёдеро ба миён овард.
Дар номае, ки ҳудуди 130 зан имзо гузоштаанд, аз он нигаронӣ шудааст, ки Рухшона Ҳакимова ду духтари хурдсол дорад, ки "аз оғӯши модар сер нашудаанд ва яке аз онҳо ҳанӯз ширхор аст".
"Ин хабари мудҳиш вуҷуди моро ба ларза овард. Аммо ин шабу рӯз паршикастатар аз мо, бешак, духтарони хурдсоли ӯ Шаҳнура ва Шукрона ҳастанд, ки дар як лаҳза аз гармии оғӯши модар, меҳру муҳаббат ва навозиши ӯ маҳрум гаштанд. Хусусан Шукронаи 10-моҳа на танҳо аз домони меҳри модар, балки аз шири ҷонфизои ӯ бенасиб гардид. Ҳатто тасаввур карда наметавонем, ки ин тифлакони ноз, ки ҳоло ҳанӯз сухан карда наметавонанд, ба ин кӯҳи ғаму андӯҳ чӣ тавр тоб меоварда бошанд," -- гуфта шудааст дар муроҷиатнома.
Дар идома ин занон аз президент хостаанд, ки дар доираи қонун кумак кунад, то Рухшона ба назди фарзандонаш баргардад ва онҳоро ба воя расонад. Нома рӯзи 6-уми март ба Дастгоҳи иҷроияи президент бурда шудааст. Вокуниши мақомот ҳанӯз маълум нест.
Хабарнигори тоҷик Рухшона Ҳакимова рӯзи 5-уми феврал дар доираи парвандаи пурсарусадои "табаддулот" бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд. Худаш дар додгоҳ иттиҳомро рад кард. Ба иттилои дарёфтӣ, Рухшона Ҳакимова барои як пурсиш дар бораи нуфузи Чин боздошту маҳкум шудааст. Аммо Додгоҳи олӣ ҷузъиёти парванда ва ҳукми Ҳакимоваро шарҳ надод.
Ҳабси Рухшона Ҳакимова вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора ба муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ба таъхир гузоштани ҷазои зане, ки кӯдаки хурдсол дорад, аз мақомот талаб карданд, ки Ҳакимоваро аз фарзандонаш ҷудо накунанд. Рухшона Ҳакимова ду кӯдак дорад, ки яке нуҳмоҳа ва дигаре дуюнимсола аст.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва додраси парвандаи “табаддулот”, рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "ҳукми Рухшона Ҳакимова ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад ва мавқуф гузоштани иҷрои онро қонунгузорӣ пешбинӣ накардааст."
Рухшона Ҳакимова хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.
Дар бештар аз ду соли охир нуҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch ин вазъро ташвишовар дониста, хостори бозбинии парвандаҳо ва озодии рӯзноманигорон шудаанд.