Ин гузориш, ки 5 март ба нақл аз се манбаи огоҳ нашр шуд, мегӯяд, ин мамнуият бар асоси баррасиҳое аст, ки ҳукумати Амрико дар бораи хатарҳои амниятии кишварҳо анҷом додааст ва метавонад ба ҷуз Афғонистон ва Покистон, шомили кишварҳои дигар низ шавад.
Гузаштаи ин фармон ба аввалин давраи президентии Доналд Трамп бозмегардад, ки вуруди мусофирон аз ҳафт кишвари асосан мусалмон ба Амрико манъ шуд. Сиёсате, ки мухолифони ҳукумати Трамп ва гурӯҳҳои пуштибони ҳуқуқи башар онро ба чолиш кашиданд, аммо Додгоҳи олии Амрико онро дар соли 2018 таъйид кард.
Бо ин вуҷуд, Ҷо Байден, раисҷумҳури пешини Амрико, ин фармонро дар соли 2021 бекор кард ва онро "доғе бар виҷдони миллӣ"-и амрикоиҳо номид.
Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ин мамнуият метавон бар вазъи ҳазорҳо афғон, ки ҳамчун паноҳанда бо визаи муҳоҷират иҷозаи иқомат дар Амрикоро гирифтаанд, таъсир бигузорад. Касоне, ки тайи 20 соли ҷанг дар кишвари худ барои Амрико кор кардаанд ва акнун дар рӯбарӯи интиқомҷӯии Толибон қарор доранд.
Трамп пас аз бозгашт ба Кохи Сафед дастур дод, ки дар асоси он, ба ҳадафи муайян кардани таҳдидҳо алайҳи амнияти миллӣ, баррасиҳои амниятии сахттаре дар бораи ҳар фарди хориҷӣ, ки нияти вуруд ба Амрикоро дорад, анҷом мешавад.
Ин дастур чандин вазирро вазифадор мекунад, ки то 12 март феҳристи кишварҳоеро, ки сафар аз онҷо ба таври комил ё дар мавридҳое бояд манъ шавад, пешниҳод кунанд.
Се манбаи огоҳ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ки Афғонистон дар феҳристи пешниҳодӣ шомил хоҳад буд. Ин манбаъҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки Покистон низ дар ин феҳрист гунҷонида хоҳад шуд.
Ба гуфтаи яке аз ин манбаъҳои огоҳ, афғонҳое, ки барои зиндагӣ дар Амрико ба унвони паноҳанда ё бо визаҳои вижа таъйид шудаанд, бояд бори дигар мавриди санҷишҳое қарор гиранд, ки нисбат ба таҳқиқ дар бораи шаҳрвандони ҳар кишвари дигари ҷаҳон, густурдатар аст.
Вай афзуд, Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ки вазифаи назорат бар ҷобаҷойии дигарбораи ин шаҳрвандони афғонро бар ӯҳда дорад, дар талош аст, то фармони манъи сафар, шомили онҳое, ки визаи вижаи муҳоҷират доранд, нашавад ва ин гурӯҳ афв шаванд, "аммо эҳтимолан ин дархост пазируфта нахоҳад шуд".
Гуфтугӯ