Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 ҳазор сомонӣ ҷоиза барои ғолибони Ҷоми ФФТ


Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2025 аз 10-ум то 22-юми феврал дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷагирии бозиҳои муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд – ҳашт даста ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Аз минтақаи Душанбе чаҳор дастаи дигаи олӣ – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор; аз минтақаи Суғд ду дастаи лигаи якум - «Саразм»-и Панҷакент ва «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ; аз минтақаи Хатлон ду даста - «Сомон»-и Данғара (намояндаи лигаи якум) ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ (намояндаи лигаи олӣ) - ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳ пайдо карданд.

Бар асоси қуръакашӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи “А” – “Истиқлол”, “Регар-ТадАЗ”, “Сомон”, “Саразм”; гурӯҳи “Б” – КМВА, “Ҳосилот”, “Панҷшер”, “Мастчоҳ”.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар майдонҳои асосӣ ва эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Маблағи ҷоизавии Ҷоми ФФТ-2025 дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ба дастаи ғолиб 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Барои ҷойи дуюм 30 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025

Гурӯҳи «А»

«Истиқлол» (Душанбе)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Саразм» (Панҷакент)

«Сомон» (Данғара)

Гурӯҳи«Б»

КМВА (Душанбе)

«Ҳосилот» (Фархор)

«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

Даври 1-ум

10-уми феврал (душанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» - «Саразм»

14:00 – «Истиқлол» - «Сомон»

11-уми феврал (сешанбе)

10:30 – КМВА - «Панҷшер»

14:00 – «Ҳосилот» - «Мастчоҳ»

Даври 2-юм

12-уми феврал (чоршанбе)

10:30 – «Сомон» - «Саразм»

14:00 – «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»

13-уми февраля (панҷшанбе)

10:30 – «Панҷшер» - «Мастчоҳ»

14:00 – КМВА - «Ҳосилот»

Даври 3-юм

14-уми феврал (ҷумъа)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» - «Сомон»

14:00 – «Саразм» - «Истиқлол»

15-уми феврал (шанбе)

10:30 – «Ҳосилот» - «Панҷжшер»

14:00 – «Мастчоҳ» - КМВА

1/2 финал

18-уми феврал (сешанбе)

10:30 – Нимафинали якум

15:00 – Нимафинали дуюм

Бозӣ барои ҷойи сеюм

22-юми феврал (шанбе)

Финал

22-юми феврал (шанбе)

Ёдовар мешавем, дар мавсими соли 2024 дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардида буд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, «Равшан» дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ба дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори чордаҳум сурат гирифтааст. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – шаш бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.

XS
SM
MD
LG