Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, ду бозии даври ёздаҳуми мусобиқа бо пирӯзии мизбонон, як дидор бо ғалабаи меҳмонон ва як рақобат бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.
Ба ғайр аз “Соро компания”, дар ду бозии дигари даври ёздаҳум «Сомон»-и Душанбе «Пойтахт»-и Душанберо бо ҳисоби 5:2 ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд «Регар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 5:0 мағлуб карданд. Бозии «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи меҳмон - «Сипар»-и Хуҷанд - бо ҳисоби мусовии 5:5 ба поён расид.
Дастаи «Амонатбонк»-и Душанбе, ки дар даври 11-ум озод буд, рӯзи шанбеи 25-уми январ дар майдони худ бо тими «Хуҷанд» рақобат мекунад.
Пас аз ҷамъбасти ёздаҳ даври мусобиқа дастаи “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 27 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал аст. Тими “Амонатбонк”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 24 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст. Дастаи “Истиқлол” бо 20 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.
Мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон, ки 19-уми октябри соли гузашта оғоз ёфта буд, бо иштироки нӯҳ даста то 9-уми марти имсол идома меёбад.
Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025:
Даври 11-ум
«Истиқлол» (Душанбе) –– «Сипар» (Хуҷанд) – 5:5
«Сомон» (Душанбе) –– «Пойтахт» (Душанбе) – 5:2
«Истаравшан» (Истаравшан) –– «Соро компания» (Душанбе) – 2:5.
«Хуҷанд» (Хуҷанд) –– «Регар» (Турсунзода) – 5:0
Мавқеи дастаҳо лар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Тӯбҳо |
И |
1 |
«Соро компания» (Душанбе) |
10 |
9 |
0 |
1 |
57-22 |
27 |
2 |
«Амонатбонк» (Душанбе) |
9 |
8 |
0 |
1 |
56-23 |
24 |
3 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
9 |
6 |
2 |
1 |
43-14 |
20 |
4 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
10 |
5 |
2 |
3 |
56-30 |
17 |
5 |
«Сипар» (Хуҷанд) |
10 |
4 |
2 |
4 |
51-29 |
14 |
6 |
«Сомон» (Душанбе) |
10 |
3 |
3 |
4 |
36-41 |
12 |
7 |
“Хуҷанд” (Хуҷанд) |
10 |
3 |
0 |
7 |
24-77 |
9 |
8 |
“Регар” (Турсунзода) |
10 |
1 |
0 |
9 |
21-61 |
3 |
9 |
“Пойтахт” (Душанбе) |
10 |
0 |
1 |
9 |
11-58 |
1 |
Даври 12-ум
25-уми январ (шанбе)
“Амонатбонк” - “Хуҷанд” (15:00)
“Пойтахт” - “Истиқлол” (15:00)
26-уми январ (якшанбе)
“Регар” - “Истаравшан” (15:00)
“Соро компания” – “Сомон” (18:00)