Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷавони 22-солаи тоҷик барои марги майори милиса


Акси Анӯшервон Шарифзода дар паси панҷараро Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 17-уми январ дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард.
Акси Анӯшервон Шарифзода дар паси панҷараро Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 17-уми январ дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, як ҷавони 22-соларо, ки сабаби марги як афсари милиса шудааст, дастгир кардаанд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 18-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Анӯшервон Шарифзода, ки гувоҳиномаи ронандагӣ надорад, ҳангоми ҳаракат бо мошини падараш дар шаҳри Душанбе Беҳрӯз Саидализода, майори милисаро зада аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Дар баёния, ки дар саҳифаи раёсат дар Фейсбук, рӯзи 17-уми январ нашр шуд, омадааст, Анӯшервон Шарифзода шаби 13-уми январ мошини тамғаи «Опел-Астра», ки ба падараш Асадулло Шарипов тааллуқ дорад, аз назди манзили истиқоматиашон гирифта, дар ҳудуди пойтахт идора намуда, қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон кардааст.

Беҳрӯз Саидализода
Беҳрӯз Саидализода

Ба қавли мақомот: "Ӯ ҳамзамон, чандин маротиба ба талаботи қонунии кормандони бозрасӣ итоат накарда, дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ, корманди бозрасӣ-майори милитсия Сайдализода Б, ки ҳангоми адои хизмат қарор дошт, ба қисмати пеши воситаи нақлиёт пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Дар натиҷа, Сайдализода Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расид.”

Анӯшервон Шарифзода айни замон дар боздошт аст ва ба ду ҷиноят, яъне бе гувоҳиномаи ронандагӣ идора кардани мошин ва таҳти хатар гузоштани ҷони инсонҳо муттаҳам мешавад. Фақат барои ҷинояти дуввум дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то 7 соли зиндон пешбинӣ кардаанд.

Касе аз наздикони боздоштшуда дар бораи ин амалкард ва ё иттиҳомот то кунун чизе нагуфтаанд. Дар Тоҷикистон, ронандагӣ бе гувоҳинома агарчӣ мушоҳида мешавад, вале то ба марг расонидани нозир ё афсари милиса ҳодисаи нодир аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG