Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии CAFA - 2025 рӯзҳои 7-17-уми феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ҳайати иштироккунандагон ва формат ё шакли баргузории мусобиқа дертар муайян хоҳад шуд.
Бояд гуфт, дар се мусобиқаи пешин (Душанбе - 2022, Тошканд - 2023 ва Душанбе - 2024), ки панҷ дастаи мунтахаби занонаи минтақа –Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок карда буданд, бонувони эронӣ пирӯз шуданд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа медалҳои биринҷӣ дар соли 2023 дар Тошканд мебошад.
Ёдовар мешавем, дар севумин мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои занона (Womens Futsal Championship 2024), ки рӯзҳои 4-11-уми феврали соли гузашта дар Душанбе доир гардид, тими миллии футзали Эрон пирӯз шуда буд.
Мунтахаби Эрон, ки дар ҳамаи бозиҳояш ғолиб омад, бо касби 12 имтиёз барандаи мусобиқа гардида, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мукофотонида шуд.
Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Узбекистон (9 имтиёз) гардид. Медалҳои биринҷиро мунтахаби Қирғизистон (6 имтиёз) гирифт. Мунтахаби Туркманистон (3 имтиёз) чаҳорум шуд.
Вале дастаи Тоҷикистон, ки дар ҳамаи бозиҳояш аз тимҳои Қирғизистон (2:4), Туркманистон (1:4), Узбекистон (0:7 ва Эрон (0:9) шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – қарор гирифт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи худ рӯйхати мусобиқаҳои байналмилалиеро, ки дар онҳо дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон соли 2025 ширкат меварзад, нашр кардааст:
7-17 феврал, Душанбе
«CAFA Women’s Futsal Championship 2025»
9-19 июл
«CAFA Futsal Cup 2025»
16-24 сентябр
Мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026