Дар барқияи табрикие, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 6-уми июл нашр кард, омадааст, “Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст.” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Масъуд Пизишкиён даъват кардааст, ки дар фурсати мусоид барои худ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.
Масъуд Пизишкиён, вакили мардумии ислоҳталаб рӯзи 5-уми июл дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бар Саид Ҷалилӣ, як сиёсатмадори муҳофизакор пирӯз омад ва президенти 9-уми ин кишвар шуд.
Вазири собиқи тандурустӣ, намояндаи вилояти умдатан озаринишини Озарбойҷони Ғарбӣ 16 сол боз вакили ин вилоят дар порлумони Эрон буд. Дар интихоботи рӯзи 28-уми июн ӯ назар ба чаҳор номзад ба мақоми раиси ҷумҳур бештар аз ҳама яъне 42.5 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва дар даври дуввум 53.6 дар сад ба тарафдории ӯ раъй додаанд.