Як таҳлилгар ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, азбаски миқёси ҳамла маҳдуд буд, ин умедворӣ зиёд шуд, ки ҳамла ба муноқишаи васеъ намепечад. Арзиши як бушка нафти хом дар бозорҳои Аврупо рӯзи 15-уми апрел 90 долларро ташкил медод. Дар Амрико низ нарх коҳиш ёфт.
Эрон рӯзи шанбе бо бештар аз 300 мушак ва паҳпод ба Исроил ҳамла кард. Ин ҳуҷуми нахустин ва мустақим аз хоки Эрон ба Исроил аст. Аммо ба қавли артиши Исроил аксар мушаку паҳподҳоро дар фазо нобуд карданд ва зиёни зиёде ба кишвар нарасидааст.
Бо вуҷуди ин нигаронӣ зиёд шуд, ки мумкин аст, дар Ховари Миёна ҷанги васеъ бархезад ва воридоти нафти инҷоро ба бозорҳои ҷаҳонӣ кам кунад. Эрон гуфт, ҳамлаҳо посух ба зарбаи ҳавоии Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ буд.
Дар айни замон таҳлилгарон гуфтаанд, ояндаи қимати нафт норӯшан аст, чун маълум нест, Исроил ба Эрон бо чӣ посух медиҳад. Ба қавли онҳо, мумкин аст, Исроил зербунёдҳои нафтии Эронро ҳадаф бигирад. Эрон рӯзона то 3 миллион бушка нафт тавлид мекунад ва як узви муҳими ОПЕК, созмони кишварҳои тавлидкунандаи нафт аст.
Рӯзи ҷумъаи гузашта қимати нафти хом ба ҳадде боло рафт, ки аз моҳи октябри соли гузашта дида нашуда буд. Тахмин мешавад, ки поинравии қимати нафт кӯтоҳмуддат аст, вале агар аломате аз коҳиши воридоти нафт дар бозорҳо аён шавад, онгоҳ бояд мунтазири қимати болотару дарозмуддати нафт дар бозорҳои ҷаҳон шуд.
Видеоро дар инҷо бинед: