Зани кушташуда Раҳима Айкимбековаи 34-сола аст. Ҷасади ӯро ҳафтае қабл гӯронданд. Ба нақли модараш, Раҳима Айкимбекова ду моҳ пеш аз ҳодиса аз шавҳар ҷудо шуд, аммо мард кӯшиш дошт, ки бо ҳар роҳ ӯро ба хона баргардонад.
"Ба назди ман омад ва гуфт, ки ислоҳ шудааст, панҷ вақт намоз мехонаду рӯза медорад. Гиряву зорӣ кард, ки ӯро бибахшем ва бо духтарам оштӣ кунад. Раҳмам омад. Чаро ин корро кардам? Раҳм кардаму аз духтарам маҳрум шудам. Кай онҳо куштани фарзандони моро бас мекунанд? Кай аз ҳуқуқи зан ҳимоя мекунанд?" -- гуфт Салқиной Курманова, модари Раҳима Айкимбаева.
Хонум Курманова афзуд, марди гумонбар дар қатли Раҳимаи 34-сола шавҳари дувуми ӯст. Аз издивоҷи аввал зан ду фарзанд дошт ва баъди марги тифли охираш ӯ духтареро ба фарзандӣ хонда буд. Наздикони зан мегӯянд, шавҳари дуюмаш Раҳимаро пайваста мезад.
"Онҳо як тифли гирифтори бемории фалаҷ доштанд, ки баъдан даргузашт. Ман барои нигоҳубини кӯдак ба онҳо кумак мекардам. Медидам, ки чӣ тавр шавҳараш Раҳимаро мезад. Дар сараш бо дег зад. Вай беҳуш шуда афтид. Чӣ тавр боз онҳо оштӣ шуданд, намедонам, вале он вақт Раҳима мегуфт, ҷудо мешавам. Ҳоло мегӯянд, 24 бор ӯро бо корд задааст," -- нақл кард Бурмакул Жамакеева, сокини вилояти Чуй ва яке аз наздикони Раҳима.
Ба гуфтаи ҳамсояҳо, мард пас аз куштани ҳамсараш ба идораи пулис рафта, таслим шудааст. Вай гуфтааст, Раҳимаро гуё барои хиёнат кушт. Мақомоти интизомӣ гуфтанд, нисбат ба мард ба иттиҳоми “куштор бо бераҳмии махсус” парванда боз карданд.
Хоҳари Раҳима мегӯяд, вай борҳо нисбат ба шавҳараш барои латукӯбу хушунат ба пулис шикоят карда буд. Аммо он ҷо ба ӯ гуфтаанд, дар баҳсҳои хонаводагӣ дахолат намекунанд.
“Вақте зарурати ҳимоя аз ҳуқуқи зан пеш меояд, қонун амал намекунад. Раҳима чанд бор ба милисаҳо муроҷиат ва аз латукӯб шикоят карда буд, вале ба ӯ гуфтанд, ба корҳои оилавӣ дахолат намекунанд. Вақте занро мекушанд, баъд қонун кор мекунад. Мо талаб дорем, ки ба қотил ҷазои сахт дода шавад," -- гуфт Миргул Билжиева, хоҳари Раҳима Айкимбоева.
Ба далели тангдастӣ ва барои ёрӣ Раҳима ба созмонҳои ҳуқуқии Қирғизистон ҳам муроҷиат карда буд. Соли гузашта дар наворе ин зан аз зиндагии худ, талошаш барои таъмину бунёди хона барои кӯдакон ва муҳоҷирати корӣ ба Русия, нақл карда буд. Он замон ӯ гуфта буд, пас аз зориву хоҳиши фарзандон маҷбур шуд корро тарк кунаду ба назди онҳо баргардад.
“Кӯдакон гуфтанд, худатро азоб надеҳ, он ҷо кор накун, ба мо чизе лозим нест, барои мо фақат худат даркорӣ. Баъд аз шунидани ин гапҳо худи ҳамон рӯз билети ҳавопаймо харидаму баргаштам,” -- гуфта буд дар суҳбаташ Раҳима.
Ҳомиёни ҳуқуқ хушунат ба зидди занонро дар Қирғизистон занситезӣ меноманд. Куштори зан аз сӯйи шавҳар ё ҳамзисташ дар ин кишвар ҳодисаи камназир нест. Чанде пеш як сокини вилояти Исиқкул зани ҳамзисташро бо болға кушта, даҳ рӯз ҷасадро пинҳон доштаст.
Нозгул Турдубекова, ҳомии ҳуқуқ, мегӯяд: "То замоне, ки кормандони махсуси умури иҷтимоӣ дар мавриди ҳифзи занону духтарон ва кӯдакон аз хушунату зӯроварӣ ба кор сар накунанд ва аз вазъу муносибат дар оилаҳо огоҳ набошем, ин вазъ идома мекунад ва милисаҳо фақат барои таҳияи санад ва қабули ҷасад меоянд."
Баъд аз қазияи буридани гӯшу бинии зане аз сӯйи шавҳараш мақомоти Қирғизистон ваъда дода буданд, ки барои ҳифзи ҳуқуқи занон талоши бештар хоҳанд кард, аммо ин ҳам мавридҳои озору азияти занонро кам накард.