Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

21 гол дар даври аввали қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024


Акс аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон
Акс аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Дар шаш бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ 21 гол зада шуд, ки 13-тоаш ба мизбонон ва 8-тоаш ба меҳмонон марбут аст.

Мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо иштироки 12 даста то рӯзи 10-уми ноябр идома хоҳад кард. Барои ҷоизаҳо дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата» (Хуҷанд), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) мубориза мебаранд.

Дар нахустин даври мусобиқа - 6-уми апрел - се бозӣ доир гардид. Рақобати дастаҳои “Барқчӣ” ва “Равшан”, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум Бахтиёр Зарипов, бозигари “Равшан”, боз кард. Дарвоқеъ, ин голи аввалини мавсими имсола ба шумор меравад.

Панҷ голи дигар дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Голҳои “Равшан”-ро Нозим Бобоҷонов (дақиқаи 73-юм) ва Азизбек Султонов (89) ба самар расонданд. Се голи “Барқчӣ” ба Абубакр Сулаймонов (48), Шеравган Саидов (79) ва Шерзод Раҷабов (90+2) марбут аст.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа “Хуҷанд” дар майдони худ “Эсхата”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои “Хуҷанд”-ро Ҷасур Қурбонов (33) ва Артём Сердюк (80) заданд. Голи “Эсхата” ба Ҷаҳонгир Эргашев (62) мутааллиқ аст.

Бозии “Регар-ТадАЗ” ва “Вахш”, ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат гирифт, бо пирӯзии футболбозони шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Голҳоро дар нимаи дуюми бозӣ Шерзод Маҳамадиев (50) ва Эммануэл Квадво Фримпонг (61) ба нишон расонданд.

Се бозии дигари даври аввали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 7-уми апрел баргузор шуд.

«Истиқлол», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе «Истаравшан»-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳои Алишер Ҷалилов (12), Эҳсони Панҷшанбе (64) ва Манучеҳр Ҷалилов (90+1, аз пеналти) ба “Истиқлол” пирӯзӣ овард. Голи “Истаравшан”-ро Мбеке Сиябатчу Деудони (35) зад.

Бояд гуфт, беҳтарин нишонзани “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов, ки баъди табобати тӯлонии бемории вазнин (саратон) дар нимаи дуюми бозӣ муқобили “Истаравшан” ба майдон омад, бо голи аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ задааш хотири мухлисонро шод гардонд.

Аммо пеш аз ин Элеке Чибуеке Блессинг, легионери нави “Истиқлол”, дар дақиқаи 61-уми дидор натавонист тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонад. Тӯби аз пеналти задаи ӯро дарвозабони меҳмонон Далерҷон Баротов баргардонд.

«Панҷшер» дар майдони худ аз КМВА-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Голҳои низомиёнро Шероз Шарипов (14), Абдулло Шарипов (44) ва Шаҳбоз Ҳабибов (75) ба самар рассонданд. Як голи мизбононро Давлатбек Сайидаминов дар охири дидор, дар дақиқаи 89-ум зад.

Даври аввали мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Кӯктош» ба поён расид. Фархориҳо ба дарвозаи меҳмонон ду голи беҷавоб заданд: Абдухалил Боронов (56) ва Саидмухтор Азимов (69).

Ҳамин тариқ, дар даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон “Истиқлол”, КМВА, “Регар-ТадАЗ”, “Ҳосилот” ва “Хуҷанд” сеимтиёзӣ гирифта, пешсаф шуданд.

Тибқи низомнома мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024

Лигаи олӣ

Даври якум

«Хуҷанд» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Ҷасур Қурбонов, 33 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 62 (1:1). Артём Сердюк, 80 (2:1).

Аз бозӣ хориҷ шуданд: Фирдавс Абдусалимов («Хуҷанд»), 51 – корти 2-юми зард, Ойбек Абдуғаффоров («Эсхата»), 52 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Фирӯз Қараев («Хуҷанд»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

6 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4500 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Равшан» – 3:3

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 14 (0:1). Абубакр Сулаймонов, 48 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 73 (1:2). Шеравган Саидов, 78 (2:2). Азизбек Султонов, 89 (2:3). Шерзод Раҷабов, 90+2 (3:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Масрур Ғафуров («Барқчӣ»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

6 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 150 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш» – 2:0

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 50 (1:0). Эммануэл Квадво Фримпонг, 61 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

6 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 3:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 12 (1:0). Мбеке Сиябатчу Деудони, 35 (1:1). Эҳсони Панҷшанбе, 64 (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 90+1 (3:1).

Аз пеналти тӯбро ба нишон нарасонд: Элеке Чибуеке Блессинг («Истиқлол»), 61 – дарвозабон тӯбро баргардонд.

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

7 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2000 тамошобин.

«Панҷшер» – КМВА – 1:3

Голҳо: Шероз Шарипов, 14 (0:1). Абдулло Шарипов, 44 (0:2). Шаҳбоз Ҳабибов, 75 (0:3). Давлатбек Сайидаминов, 89 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Абдулло Шарипов (КМВА).

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

7 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 110 тамошобин.

«Ҳосилот» – «Кӯктош» – 2:0

Голҳо: Абдухалил Боронов, 56 (1:0). Саидмухтор Азимов, 69 (2:0).

Аз бозӣ хориҷ шуданд: Собирҷон Холматов («Кӯктош»), 75 – барои таҳқири ҳариф, Ҳусейн Нурматов («Ҳосилот»), 75 – барои таҳқири ҳариф.

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳром Сулаймонов («Ҳосилот»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

7 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

3-1

3

2

КМВА (Душанбе)

1

1

0

0

3-1

3

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

1

0

0

2-0

3

4

«Ҳосилот» (Фархор)

1

1

0

0

2-0

3

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

1

0

0

2-1

3

6

«Барқчӣ» (Ҳисор)

1

0

1

0

3-3

1

7

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

1

0

3-3

1

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

1

0

0

1

1-2

0

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

0

0

1

1-3

0

10

«Панҷшер» (Балхӣ)

1

0

0

1

1-3

0

11

«Вахш» (Бохтар)

1

0

0

1

0-2

0

12

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

0

0

1

0-2

0

Даври дуюм

12-уми апрел (ҷумъа)

16:00 - «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

16:00 - «Хуҷанд» – «Ҳосилот»

13-уми апрел (шанбе)

18:00 - «Истиқлол» - «Вахш»

16:00 - «Эсхата» – КМВА

14-уми апрел (якшанбе)

16:00 - «Равшан» – «Панҷшер»

16:00 - «Истаравшан» – «Барқчӣ»

XS
SM
MD
LG