Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг иштироки 274 варзишгар (166 мард ва 108 зан) аз 36 кишвар дар назар аст.
Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар (8 мард ва 1 зан) дохиланд:
Мардон
-60 кг – Меҳрзод Суфиев
-66 кг – Обид Ҷебов
-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода
-81 кг – Сомон Маҳмадбеков
-90 кг – Комроншоҳи Устопириён
-90 кг – Шодмон Ризоев
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
+100 кг – Темур Раҳимов
Занон
-52 кг — Аҳлия Муъминова
Зимнан, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов баъди табобати тӯлонӣ бори аввал дар мусобиқоти имсола иштирок хоҳад кард.
Феълан ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 5825 имтиёз баъди Инал Тасоеви русиягӣ (6200 имтиёз) дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.
Барномаи мусобиқа:
20-уми апрел (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
21-уми апрел (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
22-юми апрел (душанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи қитъавӣ имкони касби имтиёзҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 доранд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол паҳлавонони тоҷик дар ҷамъомади муштараки таълимию тамринӣ, ки дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷудои тақрибан 40 кишвар то рӯзи 10-уми апрел идома хоҳад кард, ширкат меварзанд.