Дар наворе, ки рӯзи 29- март март аз тарафи шабакаи русии Ruptly, пахш шуд, муаллифони он занеро, ки дар як ҳавлии фақиронаи деҳаи Тоҷикистон намудор мешавад, модари Фаридуни Шамсиддин муаррифӣ кардаанд. Ин зан бо номи Муяссар Заргарова ба писараш муроҷиат карда мегӯяд:
“Бачаҷон, нақл кун, бигу, кӣ туро ба ин амал водор кард. Чаро? Чаро ту ин корро кардӣ? Барои кӣ? Барои чӣ? Агар барои Худо кардӣ, пас ҳеҷ гоҳ шаҳид намешавӣ. Агар нагӯи ҳеҷ гоҳ намебахшам туро. Илтимос бигӯ, ки дар паси ин кӣ меистад.”
Зан дар ин навор бо ашки чашм ва бо забони тоҷикиву русӣ сӯҳбат мекунад ва аз наздикони қурбониёни ҳамлаи террористӣ бахшиш мепурсад. “Ман аз номи оилаи худ узр мепурсам. Онҳо ҳам модар доштанд, онҳо ҳам писар доштанд.”- гуфт, вай
Фаридуни Шамсиддини 25 - сола яке аз гумонбарони ҳамлаи маргбор дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” – Маскав, сокини деҳаи Лойоби шаҳри Ҳисор аст. Ӯ рӯзи 24-уми март бо айби ширкат дар "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Маълум нест, сӯҳбат бо модари Фаридуни Шамсиддин кай сурат гирифтааст. Хабарнигорони Озодӣ, ки рӯзи 27-уми март ба хонаи онҳо рафта буданд, падару модари ин ҷавони гумонбарро наёфтанд. Наздиконашон гуфтанд, онҳоро рӯзи шанбеи гузашта мақомоти тоҷик барои бозпурсӣ бурда бурданд ва аз он рӯз касе намедонад, ки дар куҷоянд.
Муяссар Заргарова, дар навори шабакаи оҷонсии Ruptly, ки марбут ба телевизиони RT аст, гуфтааст, бори охир чанд соат пеш аз ҳодисаи “Крокус” бо писараш сӯҳбати телефонӣ дошт ва Фаридун гуфтааст дар ҷойи кор аст. "Баъдан бегоҳ соати 21: 21 занг задем бо падараш, мавҷ ва интернет набуд. Баъд паёми садоӣ фиристод, ки падарҷон ман аз кор омадам."
Зан мегӯяд, писараш мегуфт, дар як мағоза фаррошӣ мекунад ва бо чанд ҷавони дигар дар хонаи иҷора зиндагӣ доранд. Вай гуфтааст, соҳибхона аз онҳо пул намегирад. Ба гуфтаи, Муяссар Заргарова, Фаридун шахси мазҳабӣ набуд. Вай ба такрор мегӯяд. “Чаро ба ин роҳ рафтӣ. Фикр накардӣ, ки ояндаи акаву додарҳои ту, ояндаи як писарат чӣ мешавад? Модарат чӣ кор мекунад? Ту ин хел бача набудӣ. Кӣ мехост тоҷиконро дар азоб монад?”
Мақомоти Русия эълон карданд, ки Фаридуни Шамсиддин чанд рӯз пеш аз ҳамла аз Туркия ба Маскав омадааст. Ба гуфтаи наздиконаш, вай шаш моҳ пеш барои кор ба Русия рафта буд. То он замон дар шаҳри Ҳисор дар нонвойхонае кор мекардааст. Аз боздошти ӯ ҳамсар ва наздиконаш аз расонаҳо огоҳ шудаанд.
Дар навори бозпурсии мақомоти Русия пас аз ҳодиса нашр карданд, Фаридун дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд ва меларзид, гуфт, ки барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифтааст.
Бисёре аз шореҳони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ӯ умуман ба террорист ва махсусан ба ҳамлаварони Крокус монандӣ надорад, ҳарчанд расонаҳои Русия бар пояи иқрори зери шиканҷаи ӯ ва ҳамсонии либосҳо ӯро яке аз ҳамлаварон мешуморанд.