Кумисюни марказии интихобтии Русия эълон кард, ки дар маъракаи охир тақрибан чоруним миллион нафар онлайнӣ раъй додаанд. Панҷ миллион нафар барои раъйдиҳии онлайнӣ худро сабти ном карда буданд. Ҳоло Қирғизистон ҳам мехоҳад аз ин таҷриба истифода кунад.
“Агар порлумон ва шаҳрвандони Қирғизистон дар бораи овоздиҳии электронӣ тасмим бигиранд, ин шева ҷорӣ мешавад. Соли гузашта ин таҷриба дар интихоботи ҳукуматҳои маҳаллӣ истифода шуда буд. Аммо онро фақат бо як қарор амалӣ кардан номумкин аст. Бояд барномаҳои электронии идоракунии интихобот қабул гардад," – гуфт Нурҷон Шайлдабеков, раиси Кумисюни интихоботии Қирғизистон.
Низоми овоздиҳии электронӣ дар шакли санҷишӣ баҳори соли гузашта дар интихоботи вакилони маҳаллии се деҳаи Бодканд роҳандозӣ шуд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, натиҷааш хуб буд ва овоздиҳандагон 100 дар сад ширкат карданд.
Таҳлилгарони мустақил аз як нукта нигаронанд. Ба қавли Канишай Мамитова, мушкили аслӣ дар Қирғизистон ширкати ками одамон не, балки тақаллуб ё харида шудани раъйи мардум аст. Вай афзуд, бо роҳандозии овоздиҳии онлайнӣ назорати қонуншиканиҳо дар интихобот мушкил хоҳад шуд.
Канишай Мамитова гуфт: "Дар овоздиҳии онлайнӣ, имкони назорати интихобот вуҷуд надорад. Албатта, хатари он аст, ки як номзад ё як ҳизби сиёсӣ метавонад, теъдоди муайяни одамонро он ҷо ҷамъ оварда, раъйдиҳии дигаронро зери назорат бигиранд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Мамитова таҷрибаи истифода аз интихоботи онлайниро дар Эстония мисол оварда, онро муваффақ хонд. Он ҷо, ба гуфтаи ӯ, овоздиҳӣ аз соли 2007 дар як пойгоҳ ё платформаи махсусе баргузор мешавад, ки ба калид ё рамзи он на фақат Кумисюни марказии интихобот, балки дигар созмону нозирони мустақил дастрасӣ доранд.
Дар Қирғизистон, баръакс, бо қабули қонун дар бораи “агенти хориҷӣ мехоҳанд, cозмонҳои ғайридавлатиро аз ҳама имкониятҳо барои назорат аз раванди интихобот маҳрум кунанд. Cуоли асосӣ ин эътимод аст. Оё мардум ба баргузоркунандаҳои интихобот бовар доранд? Зоҳиран дар Қиризистон нобоварӣ ё шубҳа зиёд аст.
Мунтақидон бовар доранд, ки новобаста ба раъйи мардум дар амнтарин барнома ҳам қудратмандон роҳе ёфта, натиҷаҳоро дасткорӣ мекунанд. Муттахассисон ҳам ин ҳолатро истисно намедонанд.
Алмаз Абеков, муттахасиси соҳаи IT, мегӯяд, “барои мисол, одамон бо истифода аз системаи blockchain овоз доданд, баъдан ин раъйҳо дар ҷое ҷамъоварӣ ва натиҷагирӣ мешаванд. Дар ҳамин марҳилаи ҳисобу китоб имкони тақаллуб ҷой дорад. Натиҷаи раъйҳоро метавон иваз кард. Онҳо дар бойгонӣ бетағйир мемонанд, аммо дар натиҷагирии ниҳоӣ омори дигар нишон дода мешавад.”
Аммо аз сӯйи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, ин шакли раъйдиҳӣ дар Қирғизистон барои муҳоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ осон хоҳад буд. Шаҳрвандон метавонанд бо телефони мобил аз ҳар гӯшаи дунё раъйи худро бидиҳанд. Онҳо бовар доранд, ки ин шеваи овоздиҳӣ метавонад ҷавононро, ки ҳузурашон дар интихобот кам буд, фаъолтар гардонад.