Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедҳо ва таҳдидҳо. Бозинтихоби Путин барои Тоҷикистон ва минтақа чӣ пайомад дорад?


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, мегӯянд, пирӯзии Путин дар интихоботи Русия таъсири ин кишварро тақвият мебахшад ва равандҳои иқтидоргароёнаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои дароз ҳифз мекунад.

Владимир Путин рӯзи 17-уми март, дар интихоботи президентии Русия, ки сокинон гузинаи зиёд ва матлуб надоштанд, амалан пирӯз шуд. Ин даври панҷуми раёсати ӯст ва то соли 2030 идома хоҳад кард. Кумисюни марказии интихоботи Русия гуфт, Путин 87,3% рой гирифт.

Дар сиёсатҳои дохилӣ ба худкомаҳо иҷоза медиҳад, то қудратро ҳифз кунанд. Ин равиш бо суннатҳои сиёсии Пекин ва Маскав мутобиқат дорад. Ин низомҳо аз назари иқтисодӣ зарар хоҳанд кард.
Азиз Нуруллоев

Кишварҳои ғарбӣ интихоботи Русияро ғайриқонунӣ ва ноозоду ноодилона номиданд. Роҳбарони кишварҳои худкомаи Амрикои Лотин, Шарқи Наздик, Кореяи Шимолӣ ва Чин Путинро ба муносибати “пурӯзии дандоншикан” табрик гуфтанд. Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон шахсони аввалине буданд, ки ба президенти Русия изҳори таҳният карданд. Ин вокунишҳо дар маҳофили коршиносӣ боис ба изҳори назарҳо шудааст.

“Ҳама чиз барои замонат”

"Пирӯзии дигарбораи Путин дар минтақа барои ҳеч кас ғайриинтизор набуд. Баръакс, ҳамаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои интихоби дигарбораи ӯ умед доштанд. Амалан, машрӯияти хеле аз низомҳои худкома имрӯз такя ба будани Путин мекунанд. Биноан, агар низоми ӯ дучори шикаст шавад, Русия дигар кафил ё зомини амнияти кишварҳои минтақа нахоҳад буд,” -- мегӯяд сиёсатшинос ва рӯзноманигор Галия Иброҳимова.

Ӯ афзуд, Маскав барои низомҳои минтақа ҳамеша ҳамчун як намуна буда ва ин низомҳо равишҳои онро барои тақвият додани ҳукумати худ нусхабардорӣ мекунанд. Эдвард Лемон, сиёсатшиноси амрикоӣ, соли 2019 тадқиқоти худро нашр кард, ки бар асоси он 79 дарсади қонунҳои Қирғизистон ва 56 дарсади қонунҳои Тоҷикистон дар мавриди терроризм ва ифротгароӣ аз қонунҳои Русия гирифта шудаанд. Ин нишондод дар Қазоқистон 4% ва дар Узбекистон 5%-ро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, раванди ислоҳи Қонуни асосӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пештар аз Владимир Путин ҳамзамон дар чанд кишвар сар шуд. Ба ин тартиб, роҳбарони кишвар давраҳои пешинаи раёсати худро ба сифр расонданд, ки расман ба онҳо иҷоза дод дар интихоботҳои баъдӣ ширкат кунанд. Дар Русия моҳи июли соли 2020 ба ин амал даст заданд.

Боз ҳам наздиктар?

Муҳаммадҷон Кабиров
Муҳаммадҷон Кабиров

“Кишварҳое, ки дар блоки Путин монданд, ба ҳамдигар монандӣ доранд. Роҳбарони онҳо рафтуомад доранд ва ҳеч таъсир дар равандҳои сиёсӣ нахоҳад дошт. Баръакс, боис ба тақвияти ҳамкориҳои ҳамин диктаторҳо мешавад ва ба ҳамон масир ва тақвияти блоки Путин мешавад,” -- мегӯяд бунёдгузор ва роҳбари пойгоҳи иттилоотии “Azda” Муҳаммадҷон Кабиров.

Саидҷафар Усмонзода, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ Русияро “кишвари калидӣ дар масоили амният ва рушди иқтисодии Тоҷикистон” ва Путинро “номзади беҳтарин” унвон кард.

Ҳамаи кишварҳои минтақа ба ҳар тарзе даргири тарҳҳои геополитикӣ ва ё ҳамгироӣ бо Русия ҳастанд. Ду кишвари минтақа узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) буда, ҳар панҷ кишвар узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ҳастанд. Гузашта аз ин, се кишвар узви СПАД (ОДКБ) ва ҳампаймони низомӣ-сиёсӣ мебошанд ва чор кишвар узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро доранд.

Ҳазинаҳои ҳамгироӣ

Сиёсатшинос Азиз Нуруллоев бар ин назар аст, ки мондани Путин дар қудрат дар Русия барои низомҳои худкома дар Осиёи Марказӣ пайомадҳои дугона дорад.

“Дар сиёсатҳои дохилӣ ба худкомаҳо иҷоза медиҳад, то қудратро ҳифз кунанд, зеро ин равиш бо суннатҳои сиёсии Пекин ва Маскав мутобиқат дорад, аммо аз назари иқтисодӣ ин низомҳо зарар хоҳанд кард. Сиёсатҳои таҳримӣ дар баробари Русияи путинӣ эҳтимол ташдид хоҳанд шуд ва тавоноии давр задани онҳо аз тариқи ин кишварҳо коҳиш хоҳад ёфт. Ин боиси коҳиши суди саҳомӣ мешавад, ки ин кишварҳо дар ҳоли ҳозир дарёфт мекунанд. Илова бар ин, ҳаҷми маблағҳои интиқолии муҳоҷирон, ки нақши иҷтимоӣ ва иқтисодии зиёде дорад, коҳиш меёбад,” -- мегӯяд коршинос.

Рӯзноманигор ва сиёсатшинос Галия Иброҳимова ҳадс мезанад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимол ба ҳамгироӣ дар минтақа идома хоҳанд дод, то зеҳнияти тарафи масъала будани худро дар чорчӯби рӯёрӯии геополитикӣ идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG