Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Бохтар чанд муҳоҷири афғонистониро аз даромад маҳрум кард


Сӯхтор дар як фурӯшгоҳи шаҳри Бохтар чанд муҳоҷиру паноҳҷӯи афғонистониро аз манбаи даромаду рӯзгузаронӣ маҳрум кард. Ба гуфтаи мақомот, рӯзи 7-уми март дар сӯхтори бозори қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири мошинҳо шаш дӯкон пурра ба коми оташ рафт.

Соҳибони аксари ин дӯконҳо муҳоҷирони афғонистонӣ будаанд. Амирхел Имрон яке аз ин соҳибкорони зарардида мегӯяд, дӯкон ягона манбаи даромади хонаводааш буд, ки он ҳам сӯхт ва панҷ узви оила бекор монд. Дар ин ҳодиса 400 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.

“Буду шуди хонаводаам ҳамин буд. Дигар чизе надорем, то омадем, ки ҳамааш сӯхтааст,” -- гуфт ӯ рӯзи 8-уми март.

Дӯконҳои фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ дар ҳудуди бозори “Шаҳло”-и шаҳри Бохтар ҷойгир аст. Ин ҷо дар умум тақрибан бист дӯкон ба муҳоҷирони афғонистонӣ тааллуқ дорад. Аксари савдогарон ва устоҳои таъмири мошинҳо низ инҷо афғонистонӣ ҳастанд.

Сӯхтор дар бозори Бохтар асосан ба тоҷирони афғонистонӣ зиён расондааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Онҳо пеш ва баъд аз омадани “Толибон” ба қудрат дар Афғонистон ба Тоҷикистон кӯчидаанд, чун аз амнияти худ дар он сӯи Ому нигарон буданд. “Мо зарари зиёд дидем, аз Худо мебинем. Чӣ кор карданро намедонем, буду набуди мо ҳама ҳаминҷо сӯхт.”- гуфт, Аҳмадҷамшед Ҳафиз, яке аз дигар тоҷирони афғонистонӣ.

Баъзе аз тоҷирон тавонистаанд, ки зуд аз ҳодиса хабар ёфта, пеши сӯхторро бигиранд ва дӯкони худро аз нобудшавӣ наҷот диҳанд. Вагарна, ба нақли онҳо, зарари сӯхтор аз ин ҳам бештар мебуд. Мирвайси Мирбобо, тоҷири афғонистонӣ гуфт: “Мо омадем, ки бозор месӯхт, оташнишонҳо расида, дукони манро наҷот додаанд. Раҳмат ба онҳо, ки расиданд. Аз дигар ҳамсояҳо сӯхта, зарар дидаанд.”

Дар Идораи оташнишонии шаҳри Бохтар гуфтанд, сабаби сӯхтор ва зарари расидаро ҳисобу китоб доранд. Соҳибкорони зарардида тахмин мезананд, ки эҳтимол ба ҳам расидани сими барқ сабаби сӯхтор шудааст.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Аз ҷумла, тобистони соли 2022 дар шаҳри Бохтар бозори “Фаровон” оташ гирифта буд. Дар он ҳодиса 12 нафар захмӣ шуданд.

Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG