Ван Агт, солҳои 1970 ҳизби “Даъватӣ насронӣ- демократӣ”-ро раҳбарӣ мекард ва аз соли 1977 то 1982 сарвазири Ҳолланд буд. Вай як муддат намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷопон ва ИМА буд. Баъди сактаи мағзӣ гирифтан, дар соли 2019 Ван Агт бемор буд. Ҳамсараш Эугения ҳам аз дард азият мекашид. Зану шавҳар қарор доданд, ки аз ранҷу азоб раҳо шаванд ва бо марги ихтиёрӣ даст ба дасти ҳам ба зиндагӣ хотима бахшанд. Онҳо 70 соли умри худро якҷо сипарӣ кардаанд.
Ҳолланд соли 2002 қонун дар бораи эвтаназия ё марги бедардро барои афроде, ки бемории вазнин доранд, қабул кард. Чанд кишвари Аврупоӣ ва бархе аз Иёлатҳои Амрико ҳам ба марг аз роҳи эвтаназия иҷозат додаанд. Он барои афроде пешбинӣ шудааст, ки ба бемориҳои табобатнашаванда гирифторанду ранҷу азоб мекашанд.
Дар Тоҷикистон мисли бисёре аз кишварҳои дигар эвтаназия иҷоза дода намешавад ва куштани инсон аз рӯи тарраҳум ва аз ҳамин роҳ халос кардани онҳо аз азоб дар амал ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар Қонуни асосии Тоҷикистон “ҳақ ба зиндагӣ” ба ҳайси як арзиши воло зикр шудааст, вале “ҳақ ба марг” ва ҳамингуна “эвтаназия” дар ҳеҷ санади қонунӣ нест.