Бар асоси шикояти ӯ, се корманди маҳбасро барои шиканҷа карданаш ҷазо дода буданд.
Тоҳирҷон Боқиев ба гуноҳи дуздии силоҳ дар соли 2019 ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуда буд.
Наргиза Боқиева, хоҳари Тоҳирҷон Боқиев, ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, маъмурияти маҳбас рӯзи 6-уми феврал аз ӯ хостаанд, ҷасади бародарашро бигирад. Ба ӯ гуфтаанд, ки Тоҳирҷон худро ба дор овехт.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки Тоҳирҷон шаҳрванди Русия буд, вале маълум нест, ки дар гузашта шиносномаи Тоҷикистонро доштааст ё аз Узбекистонро.
Ӯ дар номаи охирини худ аз маҳбас аз “тамоми одамони бепарво” хоҳиш карда буд, ки барои рафъи пайомадҳои хушунат дар маҳбас барояш мадад кунанд, чун намехоҳад, “дар зиндон бимирад.” Аз ин рӯ, наздиконаш ба худкушии ӯ шубҳа доранд.
Моҳи феврали соли гузашта додгоҳи Иркутск як раҳбари собиқи зиндон ва ду ҳамкори ӯро ба иттиҳоми даст доштан дар лату кӯб, шиканҷа ва таҷовуз ба номуси Боқиев дар моҳи январи соли 2021 ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.
Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия (ФСИН) дар моҳи марти соли 2021 гуфт, ки алайҳи шаш маҳбуси дигар низ, ки гӯё Боқиевро шиканҷа кардаанд, тафтиш оғоз кардааст.
Пизишконе, ки Боқиевро табобат карда буданд, гуфтаанд, ки пас аз таҷовуз шуданаш бо дастаи ҷоруб ва латукӯб ӯ сахт маҷрӯҳ шуда буд.
Боқиев баъдан нақл кардааст, ки вақте бадани ӯ пур аз хун хобида буд, шиканҷагарон китоби Қуръонро дар наздаш таҳқир карданд. Ӯ гуфтааст, ки ӯро ду рӯз дар зери кат хобонданд ва иҷоза надоданд, ки як моҳ ба наздиконаш тамос гираду бо ҳамсараш Анастасия Боқиева вохӯрад.
Пас аз оне, ки “Gulagu.net”, сомонае, ки сарнавишти маҳбусонро пайгирӣ мекунад, ҳодисаи ба сари Боқиев омадаро расонаӣ кард, мақомот қазияро тафтиш карданд. Ӯро баъди ин ба беморхонаи одӣ барои табобат бурданд ва шиканҷа шуданашро таҳқиқ карданд.
Владимир Осечкин, муассиси сомонаи “Gulagu.net” он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бархе аз маҳбусон эътироф кардаанд, ки маҳбусони дигарро лату кӯбу шиканҷа кардаанд ва шоҳидӣ додаанд, ки ин корро бо фармони кормандони маҳбас мекарданд
Боқиев дар аввал дар зиндони рақами 15-и шаҳри Ангарски вилояти Иркутск адои ҷазо мекард. Дар соли 2020 маҳбусони ин муассисаи ислоҳӣ даст ба ошӯб заданд. Баъд аз он, бисёре аз онҳо ба зиндонҳои дигари минтақа интиқол ёфтанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар бо такя ба нақли бархе маҳбусон гуфта буданд, ки пас аз интиқол ба дигар маҳбас зиндониён барои даст доштан дар ошуб сахт шиканҷа шудаанд ва онҳоро маҷбур мекардаанд, то эътироф кунанд, ки дар ошӯб иштирок доштаанд.
Гуфтугӯ