Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Чин "антена"-и интернет меорад. Маҳдудиятҳои нав дар пеш аст?


Як истгоҳи базавӣ дар Тоҷикистон
Як истгоҳи базавӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон мехоҳад аз Чин истгоҳҳои базавии интернет биорад.

Дафтари матбуоти Хадамоти алоқа гуфт, "истгоҳҳои базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G" аз тариқи ширкати "Технологияи Ҳуавей Тоҷикистон" ба кишвар оварда мешаванд. Санаи ворид кардани истгоҳҳои нав ва пули он эълон нашудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти алоқа, масъалаи ворид кардани истгоҳҳои базавӣ аз Чин, рӯзи 8-уми январ дар ҷаласае бо ҳузури Бег Сабур ва намояндагони ширкатҳои мухобиротӣ баррасӣ шудааст.

Бар асоси ёддошти тафоҳум, ки миёни Хадамоти алоқа ва ширкати "Ҳуавей" имзо шудааст, мутахассисони ин ширкати чинӣ "дар таҳияи лоиҳаи ягона дар бораи навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ барои шабакаҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон" ширкат мекунанд.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа 8-уми январ бе ироаи ҷузъиёти бештар гуфтааст, дар масъалаи ворид кардани истгоҳҳои базавӣ аз Чин, "бо тамоми мақомоти марбутаи кишвар ҳамкорӣ ва гуфтушунидро ба роҳ мондааст."

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки бо ворид кардани истгоҳҳои базавӣ аз Чин суръати интернет дар кишвар боло меравад. Пеш аз ин Хадамоти алоқа дар моҳи ноябри соли 2023 хабар дода буд, ки дар наздиктарин фурсат Тоҷикистон бо "шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин" пайваст мешавад.

Чин аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки барои интернет назорати сахтро ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла дастрасӣ ба бисёр шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ дар Чин дастнорас ҳастанд. Бо назардошти ин нигароние вуҷуд дорад, ки бо овардани хати интернет аз Чин ва инак насби истгоҳҳои базавии чинӣ дар Тоҷикистон, маҳдудиятҳо дар истифодаи интернет ба Тоҷикистон ҳам мекӯчад. Мақомот ба ин нигарониҳо то ҳол посух надодаанд.

Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое бо заифтарин суръат ва хадамоти интернетӣ дохил мешавад ва яке аз сабабҳояшро мунтақидон ба дасти Хадамоти алоқа додани ин соҳаи замоне сердаромад ва пешрафтаву пуррақобат дар Тоҷикистон мегӯянд. Раҳбарии Хадамоти алоқаро, ки то соли гузашта монополияи харид ва тақсими интернетро пурра дар даст дорад, қудои президент Бег Сабур ба уҳда дорад.

XS
SM
MD
LG