Ба навиштаи нашрияи порлумонии “Садои мардум”, аз панҷ миллион сомоние, ки барои Маҷлиси миллӣ ҷудо шудааст, 2,3 миллион барои музди меҳнат ва андозҳо, 2,2 миллион барои хароҷоти мол ва хизматрасониҳо, 0,3 миллион барои кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва 0,2 миллион сомонӣ барои харидории мошин ва таҷҳизот пешбинӣ шудааст.
Маҷлиси миллӣ 33 аъзо дорад ва роҳбари феълии он Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон аст.
Аммо маблағи хароҷоти Маҷлиси намояндагон бархилофи солҳои гузашта имсол ифшо карда нашудааст. Вакилони Маҷлиси намояндагон, рӯзи 22-юми декабри соли 2023 “сметаи ягонаи даромад ва хароҷот»-ро барои соли 2024 тасдиқ карданд. Аммо ба гузориши нашрияи “Садои мардум” вакилон нагуфтаанд, ки имсол барои кори онҳо чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст.
Соли 2023 барои фаъолияти Маҷлиси намояндагон 27 миллиону 188 ҳазор сомонӣ (2,4 миллион доллар) ҷудо шуда буд. Маҷлиси намояндагон, ба фарқ аз Маҷлиси миллӣ доимамалкунанда мебошад ва вакилони палатаи поёнӣ аз давлат маош мегиранд. Ҳаҷми маоши онҳо маълум нест. Ба ғайр аз маош, барои вакилон хона ва мошини хизматӣ ҳам дода мешавад.
Фаъолияти порлумони Тоҷикистон ҳамеша интиқодҳоеро ба дунбол доштааст. Мунтақидон вакилонро барои бидуни баҳс қабул кардани қонунҳои пешниҳодкардаи ҳукумат танқид мекунанд. Аммо вакилон ба ин розӣ нестанд ва мегӯянд, ҳамаи санадҳое, ки қабул мешавад пурра омӯхта мешаванд. Рӯзноманигороне, ки ҷаласаҳои порлумонро пӯшиш медиҳанд мегӯянд, баҳсу баррасӣ дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон хеле кам дида мешавад.