Президент бо киноя аз кишварҳои хориҷ гуфт, "ҷойи махфӣ нест, мо давоми 20 сол шуд ба тамоми ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои мутамаддин муроҷиат кардем, доир ба камарбанди амниятӣ дар сарҳад бо Афғонистон. Баъзан каму беш кӯмакҳое карданд, вале вақте муроҷиат ба соҳибкорон кардам, дар як сол 75 иншооти сарҳадӣ аз он ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ба дараҷаи олӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бунёд карда шуд. Дигар мо аз гарданкаҷию муҳтоҷӣ ва талбандагӣ берун шудем. Чигуна офарин намегӯем?"
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш бо порлумон гаштаву баргашта аз соҳибкорон дар кишвар тавсиф кард ва ба мақомот дастур дод, ки барои бартараф кардани монеаҳо “тадбирҳои заруриро амалӣ созанд”, аммо мушаххасан нагуфт, ки кадом корҳо бояд анҷом шавад. Президент дар бораи монеагиҳо дар кори соҳибкорон дар кишвар дақиқ чизе ба забон наовард. Бархе соҳибкорон аз баланд будани андозҳо дар кишвар ва фишору санҷишҳои мақомот шикоят кардаанд.
Президенти Тоҷикистон: касе намедонад ба ғайр аз Фаластину Украина боз дар куҷо бадбахтӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, боришот имсол дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта 90 дарсад камтар шудааст. Президент дар паёмаш ба порлумон гуфт, соли гузашта боронгарӣ дар кишвар моҳи октябр шуруъ шуд, аммо имсол боришот якбора кам шуд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 28-уми декабр дар назди вакилон ва аъзои ҳукумат гуфт, чандин маротиба дар бораи тағйироти иқлим суҳбат кард ва бори дигар аз мардум хост захираи дусолаи хӯрок дошта бошанд. Пешниҳоде, ки солҳост аз забони президент садо медиҳад, вале суолҳои зиёдеро дар бораи чигуна ва аз кадом ҳисоб захира кардани ғизоро ба миён овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба таҳаввулот дар дунё гуфт, “касе гуфта наметавонад, ки ба ғайр аз Фаластину Украина боз дар куҷо чунин бадбахтӣ мешавад. Дар ҷаҳон бисёр тағйиротҳо рафта истодаанд, ки ҳеч сиёсатмадор ва донишманд пешгӯӣ карда наметавона. Пагоҳ ё пагоҳи дигар моро чӣ интизор аст?”
Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷанг дар Ғазза ва Украина аз ин бештар чизе нагуфт.
Президент гуфт, "хоҳем нахоҳем" нархи барқ боло меравад
Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, нархи феълии истифодаи барқ дар кишвар “ҳатто ба маоши корманди низоми барқӣ” намерасад ва барои ҳамин боло бурдани нархи барқ ногузир аст.
Раиси ҷумҳур дар паёмаш ба порлумон гуфт, аз ҳисоби паст будани нархи барқ “ширкати Барқи тоҷик банкрот шуда истодааст, Роғунро аз кадом ҳисоб бунёд меунем?”
Барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “бо мурури замон хоҳем нахоҳем нархи барқро баланд хоҳем кард.”
Ҳоло сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловат тақрибан 27 дирам медиҳанд. Бар асоси қарори ҳукумат, аз 1-уми январи соли 2024 аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 30,75 дирам хоҳад пардохт.
Президент аз он тавсиф кард, ки нархи барқ дар Тоҷикистон яке аз арзонтарин дар дунё аст. Чизе, ки мақомот қаблан ҳам гуфтаанд, аммо сокинон ва коршиносон мегӯянд, маош ва сатҳи даромад дар кишвар паст аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон аз сохтан ва таъмири иншоотҳои бахши энергетика дар кишвар гуфт, аммо ба камбуди барқ ё лимит дар кишвар ишора накард. Ӯ танҳо гуфт, агар 3 миллиард талафоти барқ кам карда шавад, мардум 24 соат бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Чархаи сеюми Роғун соли 2025 ба кор медарояд
Чарха ё агрегати сеюми неругоҳи “Роғун” соли 2025 ба истифода дода мешавад. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба порлумон хабар дод.
То имрӯз ду чархаи ин неругоҳ, ки ҳукумати Тоҷикистон онро “ҳаёту мамот” меномад, сохта шудааст. Дар сурати такмил, "Роғун" бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард. Сохтмони ин неругоҳ аз давраи Шӯравӣ оғоз ёфта, баъдан қатъ шуд. То кунун ду чархаи ин неругоҳ ба кор даромадааст.
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр дар назди вакилон ва аъзои ҳукумат аз камбуди коргарон дар сохтмони неругоҳи Роғун гуфт. Ба гуфтаи президент, феълан дар сохтани неругоҳ 15 ҳазор нафар кор мекунад, аммо боз 5 ҳазор коргар намерасад.
Президент: камбизоатӣ дар кишвар то 21 дарсад паст шудааст
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 21 дарсад паст шудааст. Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр зимни ироаи паём ба порлумон гуфт, давлат талош мекунад дар ҳафт соли оянда сатҳи камбизоатиро то 10 дарсад паст кунад.
Эмомалӣ Раҳмон аз кори давлаташ дар 24 ахир тавсиф кард ва гуфт, меъёри камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1999 то 21 дарсад дар соли 2023 паст карда шуд. “Ин кори осон нест. 62 фоиз кам шуд. Мардум калонсол хуб дар ёд дорем дар кадом шароит мо зиндагӣ доштем,”-гуфт президент.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омилҳои паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар зиёд суҳбат накард. Аз ҷумла оқои Раҳмон аз кумакҳои молии созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷӣ барои паст кардани камбизоатӣ ёд накард. Баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ созмонҳои кумакрасон ва кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кумак карданд.
Ба рӯйхати камбизоатон дар Тоҷикистон танҳо онҳое шомил мешаванд, ки аз сӯи мақомот сабт шудаанд. Баъзе сокинон мегӯянд, ворид кардани ном ба ин рӯйхат осон нест.
Гуфтугӯ