Бо омодагии Исроил ба марҳилаи дигари ҷанг бо гуруҳи тундрави “Ҳамос” нигарониҳо аз густариши муноқиша кам нашудааст. Бо назардошти ҳамин, Амрико гуфт, ки ба минтақа системаҳои иловагии дифои ҳавоӣ мефиристад. Дар ин бора Ллойд Остин, вазири дифои Амрико дар телевизиони ABC суҳбат кард.
"Чанде пеш ба қароргоҳҳои нерӯҳои мо дар Ироқ ва Сурия бо мушак ва паҳподҳо ҳамла карданд. Мо ҳаққи дифоъ аз худро дорем ва барои он бе истиҳола иқдом мекунем," – гуфт вазири дифои Амрико.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки ба минтақа сафар кард, гуфт, тақвияти ҳузури низомӣ як чораи маҳоркунанда аст. Аз ӯ дар ин бора дар телевизиони NBC пурсиданд.
“Мо намехоҳем, ҷабҳаи дувум ва ё саввуми ҷангро бубинем. Мо намехоҳем, нерӯҳову сарбозони мо таҳти ҳамла қарор бигиранд. Вале агар чунин шуд, мо омодаем,” – гуфт Блинкен.
Дар ҷабҳаи башарӣ, Туркия яке аз кишварҳои дигаре шуд, ки ба ғайринизомиёни фаластиниён кумак фиристод. Аммо ба қавли Синди Маккейн, мудири Барномаи Ҷаҳонии Озуқа вуруди мошинҳо аз гузаргоҳи Рафаҳи Миср бисёр суст аст.
Ба қавли ӯ, "мардум гуруснаанд ва ин масъалаи амнияти миллӣ барои ҳама дар минтақа аст."
Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймоҳои исроилӣ рӯзи 23-юми октябр ба саросари Ғазза, аз ҷумла ҷойҳое, ки фаластиниён паноҳ бурдаанд, зарба заданд.
Дар ҷанг байни Исроилу "Ҳамос", ки баъд аз ҳамлаи бераҳмонаи ин гуруҳ ба ғайринизомиёни исроилӣ шуруъ шуд, то кунун беш 1400 исроилӣ ва 4600 фаластинӣ кушта шудаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ