Телавив рӯзи 19-уми октябр гуфт, дигар монеи вуруди ёриҳои башардӯстона аз Миср ба Ғазза намешавад. Мақомоти Миср ҳам гуфтанд, Амрико розӣ шудааст, ки ин кишвар гузаргоҳи сарҳадии худро боз кунад, то баъзе аз кумакҳо ба минтақаи муҳосирашуда бирасанд.
Дар ҳоле ки Созмони Милал аз “фалокати башарӣ” дар Навори Ғазза ҳушдор дод, мошинҳои ёрии башардӯстона ва ихтиёриён дар Миср ҷамъ шудаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳамзамон баҳсҳо дар бораи таркиши маргбор дар бемористони Навори Ғазза идома дорад. Ин ҳодиса сабаби гирдиҳамоӣ дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ шудааст. Эътирозҳо дар баъзе аз ҷойҳо ба хушунат печид.
Гуруҳи фаластинии “Ҳамос” мегӯяд, дар таркиш садҳо нафар кушта шудаанд ва ангушти иттиҳомро ба сӯйи Исроил дароз кард.
Исроил “Ҷиҳоди исломӣ”-и Фаластинро гунаҳкор кард ва сабабашро партоби номуваффақонаи мушак донист. Ҳамчун далел аксу наворҳоро нишон дод. Иддао дорад, ки ҳодиса ба ҳамлаи ҳавоӣ монанд нест.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми сафараш ба Исроил дар ин бора гап зад: "Бино ба маълумоте, ки мо дидем, чунин ба назар мерасад, ки натиҷаи партоби хатои мушак аз ҷониби як гурӯҳи террористӣ дар Ғазза аст. Иёлоти Муттаҳида, албатта, тарафдори ҳифзи ҷони аҳолии осоишта дар ҷараёни низоъ аст. Барои оилаҳое, ки дар ин фоҷиа кушта ё захмӣ шудаанд, воқеан, андӯҳгинам."
Дар Вашингтон ҳам гуфтаҳои Байденро такрор карданд. Шӯрои Амнияти Миллии Амрико мегӯяд, хулосаи онҳо бар асоси таҳлили тасвирҳо ва иттилооти манобеи боз ҳосил шудааст.
Артиши Исроил ҳамчунин гуруҳи фаластинии “Ҳамос”-ро ба муболиға дар бораи теъдоди кушташудаҳо муттаҳам мекунад.
Телавив навори савти суҳбати, ба иддаояш, ду узви гуруҳи “Ҳамос”-ро нашр кард, ки дар бораи партоби нодурусти мушак аз ҷониби “Ҷиҳоди исломӣ” баҳс мекунанд. “Ҷиҳоди исломӣ”-и Фаластин ин иттиҳомро инкор кард ва баҳсро байни тарафҳо ҳамчунон боз гузошт.
Гуфтугӯ