Фауд Реда дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муштариёнаш танҳо бонувон нестанд, балки мардон ҳам барои гузарондани ҷарроҳии пластикӣ муроҷиат мекунанд.
"Мардон бештар барои тағйири чашму абру ва биниву рафъи чарбии шикам муроҷиат мекунанд. Бархеи дигар аз мардон барои ҷавонсозии чеҳраи хуб инҷо меоянд,"-мегӯяд пизишки лубнонӣ.
Ҳарчанд оморе дар ин бора дар даст нест, аммо ба гуфтаи пизишкон, солҳои охир бозори ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон гарм шудааст. Дар бемористонҳои давлатӣ ва хусусӣ ба “таҳрири” симои шахсони норозӣ аз зоҳирашон кӯмак мекунанд. Баъзе аз пизишкони хориҷӣ низ бо таваҷҷӯҳ ба ин ба Тоҷикистон омадаанд. Ҳарчанд шикоятҳо аз кори онҳо кам нест.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Фуад Реда, пизишки лубнонӣ мегӯяд, шахсоне, ки мехоҳанд ҷарроҳии пластикӣ гузаронанд, бояд аз қабл дар бораи кори пизишк ва таҷрибаи ӯ маълумот дошта бошад.
Дар ҳоле ки талабгорони ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад, ин масъала дар баъзе аз кишварҳои минтақа боис ба эҷоди баҳсҳои мазҳабӣ шудааст. Чанд соли пеш муфтиёти Қирғизистон фатво дод, ки тавассути ҷарроҳӣ тағйир тарҳи бадани худро тағйир надиҳанд.
Табибон мегӯянд, ки занону мардон қабл аз анҷоми ҳама гуна ҷарроҳии пластикӣ бояд машварати мутахассисон ва равоншиносонро бигиранд.
Ҳилола Сино, пизишки тоҷик мегӯяд, баъзан ба шахсони зиёде, ки ниёз ба ҷарроҳии пластикӣ надоранд, машварат медиҳад, ки симо ва бадани худро тағйир надиҳад."
"Баъзе муштариён намедонанд, ки бояд кадом ҷарроҳиро гузаранд, танҳо мехоҳанд зеботар шаванд. Ин масъала комилан марбут ба мутахассисест ки зебоишиносӣ меомузад. Барои ҳамин мутахассисон ҳам бояд одилона кор кунанд,"-гуфт ин пизишк.
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии пластикӣ зиёд баҳсбарангез нест. Худи табибон мегӯянд аз хонаводаҳои мазҳабӣ низ муштарӣ доранд. Аммо бархе аз мухолифони ин навъи ҷарроҳӣ онро бештар "назарфиребӣ" ва худнамоӣ тавсиф мекунанд.
Гуфтугӯ