Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Илтиҷо кардам, ки ӯро озод накунед" ВИДЕО


Асел Ногойбоеваи ба таври муъҷизаосо зинда монд
Асел Ногойбоеваи ба таври муъҷизаосо зинда монд

Пайвандон ва вакили мудофеи зани қирғизистонӣ, ки шавҳараш гӯшу бинии ӯро бурид, ба ҷавобгарӣ кашидани як додрас ва муфаттишонро талаб доранд. Мегӯянд, агар онҳо дар гузашта тасмими дуруст гирифта, иҷрои қарорро назорат мекарданд, эҳтимол ин ҳодиса сар намезад.

Асел Ногойбоеваи 36-сола аз Қирғизистон ба таври муъҷизаосо зинда монд. Шавҳари собиқаш бо корд ба ӯ ҳамла кард ва гӯшу бинияшро бурид. Ҳодиса 20-уми сентябри имсол ва дар пеши чашми писараш рух дод. Занги телефонии ҳамсоя ба маъмурони милиса сабаб шуд, ки Асел наҷот ёбад.

Худаш мегӯяд, то замони рӯй додани ҳодиса борҳо ба барои ёрӣ ва ҳимоят ба мақомот муроҷиат кард, аммо касе ба додаш нарасид.

“Низоми додгоҳӣ натавонист, ки маро ҳимоят кунад. Дар як соли охир чанд бор барои мадад муроҷиат кардам. Дар мурофиаи охир илтиҷо карда будам, ки ӯро озод накунанд. Медонистам, ки ӯ мехоҳад маро бикушад,” – нақл кард Асел.

Видеоро дар инҷо бинед:

Зани захмӣ муҷозоти додрасу муфаттишонеро талаб дорад, ки шавҳарашро шартан озод карда буданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Ҳоло ин зан дар бемористон аст ва бояд чанд ҷарроҳиро гузарад. Ба иддаои вакили мудофеи Асел, агар додгоҳ ва милисаҳо бемасъулиятӣ намекарданд, кор то хунрезӣ намерасид.

“Тамоми қарорҳои додгоҳ барои як моҳ бароварда мешуд. Яъне, мард бояд давоми як моҳ ба Асел наздик намешуд, аммо мо дидем, ки ӯ ин қарорҳоро иҷро намекард ва нисбаташ ягон чора ҳам дида намешуд. Дар ин ҳолат, кормандони милиса бояд санади дигаре омода карда, парвандаро ба додгоҳ мефиристоданд,” -- афзуд, вакил Индира Саутова.

Тариел Ногойбаев, бародари Асел, мегӯяд, “онҳо набояд нисбат ба шахсе, ки ду маротиба таҷовуз кардаву хоҳарамро ором намегузошт, чунин тасмим мегирифтанд. Набояд ӯро шартан озод мекарданд. Мо муҷозоти додрасеро, ки чунин қарор баровард, талаб мекунем.”

Додгоҳ рӯзи 27-уми сентябри имсол қарори пешинаи худро нисбат ба шавҳари зан бекор карда ва ӯро ба 8 сол зиндон маҳкум намуд. Ин ҳукм танҳо барои ҷиноятҳои пешинаи ӯ, яъне шиканҷаву таҷовуз бароварда шуд. Дар робита ба буридани гӯшу бинии зан тафтишот ҳанӯз идома дорад. Эҳтимол ҳукми зиндони мард дарозтар хоҳад шуд.

Хушунат алайҳи занон дар ҷомеаи Қирғизистон мавзӯи доғ шудааст
Хушунат алайҳи занон дар ҷомеаи Қирғизистон мавзӯи доғ шудааст

Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ қазияи Асел бори дигар собит кард, ки занон дар Қирғизистон аслан ҳимоят намешаванд. Онҳо мегӯянд, чанд рӯз пеш як зани дигарро дар Бишкек шавҳараш ба худкушӣ расонд.

"Пайвандони зани фавтида ба ман занг зада, хабар доданд. Модари се кӯдакро дар банди дор пайдо кардаанд. Ба бовари наздиконаш эҳтимол ин фоҷеа дар пайи хушунат сар задааст,”- гуфт ҳуқуқшинос Нозгул Турдубекова.

Ҳомиёни ҳуқуқ маълум кардаанд, ки ин зан ҳам пайваста аз сӯйи шавҳараш таҳқиру шиканҷа шуда, дар ниҳоят ба ҷони худ қасд кардааст. Ҳуқуқшиносон аз ҳукумати Қирғизистон талаб доранд, ки барои ҳимоят аз занону кӯдакон зудтар тадбир андешанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG