Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонони Фаластин зодрӯзи паёмбари Исломро ҷашн гирифтанд. ВИДЕО


Таҷлили зодрӯзи Паёмбари Ислом дар масҷиди Ал-Ақсо
Таҷлили зодрӯзи Паёмбари Ислом дар масҷиди Ал-Ақсо

Рӯзи чоршанбе фаластиниҳои Байтулмуқаддас дар Масҷиди Ал-Ақсо барои ҷашни Мавлуд-ан-набӣ ва ё зодрӯзи паёмбари дини Ислом  ҷамъ шуданд. Масъулони ҷашнвора барномаи диниву фарҳангиро пешкаш намуданд, ки бахши бузурги он ба тафреҳи кӯдакон бахшида шуда буд.

Оя Амир, яке аз масъули ҷашнвора гуфт, "мо имрӯз барои таҷлили зодрӯзи паёмбари ислом дар муҷтамаи масҷиди Ал-Ақсо гирдиҳам омадаем. Ин зодрӯз дар ёди кӯдакон хоҳад монд".

Ибодаткунандагон дар масҷиди бостонии Ал-Ақсо намоз гузошта, таронаҳои динӣ замзама карданд.

Абдураҳмон Ядак, сокини шаҳри Ноблус аз он хушҳол буд, ки барои аввалин бор зодрӯзи паёмбари Исломро дар масҷиди Ал-Ақсо таҷлил мекунад. “Мо фаластиниҳо ба шодии бештар ва имкони баёни хушҳолиамон ниёз дорем. Барои мо дар ин рӯзҳо маҳрумият зиёд аст ҳар кас наметавонад омада, дар Масҷиди ал-Ақсо ин идро ҷашн гирад,"-мегӯяд Абдураҳмон.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Таҷлили зодрӯзи паёмбари ислом дар Масҷиди ал-Ақсо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00


Бар пояи тақвими исломии қамарӣ, Паёмбари Ислом-Муҳаммад 12-уми моҳи Рабиулаввал ба дунё омадааст. Тӯли асрҳо пайравони дини Ислом ин зодрӯзро бо ибодат ва хондани шеъру таронаҳои динӣ таҷлил мекарданд. Имсол ин сана ба 27-уми сентябр рост омад.

Дар соли 1588 халифаҳои усмонӣ зодрӯзи паёмбарро расман иди Мавлиди Қандил эълон карданд. То кунун дар аксари кишварҳои исломӣ ба истинои Арабистони Саудӣ ва Қатар зодрӯзи паёмбар расман Рӯзи истироҳат аст.

Ҷои ёдоварист, ки баъзе пайравони ислом ба монанди ваҳҳобиён, девбандиён ва дигар равияҳои тундгаро зодрӯзи паёмбари дини исломро ҷашн намегиранд ва онро бидъат ё худ рӯйдоди изофашуда дар дин арзёбӣ мекунанд

XS
SM
MD
LG