Бозгашти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Дар бойгонии Радиои Озодӣ барнома ва гузоришҳое зиёданд, ки бо вуҷуди лаҳни орому бетарафонаи хабарнигорон ҳаяҷони шунавандагонро меангезанд. Яке аз онҳо бозгашти сарони мухолифон пас аз имзои сулҳ ба Ватан аст, ки инак, 25 сол аз он гузаштааст. Онро интихоб кардем, то ҳам солгарди 25-уминаш қайд шавад ва ҳам як бор бишнавем, ки он рӯзҳо фазои сиёсии Тоҷикистон чӣ ҳолу ҳавое дошт ва як рӯҳияи демократӣ, мардумсолорӣ, чандандешӣ, орзу ва ормони зиёде ҷомеаро фаро гирифта буд, ки бо вазъи имрӯза аслан қиёснашаванда аст. Солҳои охир, ки дар кишвар ҳеч ҳизбу ҳаракати воқеан мухолиф ба ҳизби ҳоким намондааст, барои бисёре аз шумо шояд боваркарданӣ ҳам нест, ки 25 сол пеш равандҳои комилан дигаре бар фазои сиёсӣ ҳоким буданд.
Навор
-
декабр 22, 2024Нуқра Раҳматова: Дили инсон бояд нуре дошта бошад
-
ноябр 24, 2024Мансаб ё "бозгашти шарафмандона"?
-
ноябр 10, 2024Сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов чӣ мехост?
-
октябр 27, 2024Нурӣ зидди интихоботи 1994 буд
-
октябр 13, 2024Он рӯзи соли 1993 дар куҷо будед?
-
сентябр 29, 2024Зери парчамҳои сабз ва сурх