Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви пешини ҲНИТ Ҷалолиддин Маҳмудов дар зиндон фавтид. ВИДЕО


Ҷалолиддин Маҳмудов, як мақоми собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд
Ҷалолиддин Маҳмудов, як мақоми собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд

Ҷасади Ҷалолиддин Маҳмудов, як мақоми собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро, ки дар зиндони шаҳри “Ваҳдат” адои ҷазо мекард, рӯзи 13-уми август ба наздиконаш супурдаанд.

Ҷалолиддин Маҳмудови 63-сола, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат бар оташбас аз сӯи мухолифон ва солҳои тӯлонӣ узви Комиссияи интихоботии Тоҷикистон буд, соли 2019 "барои ҳамкорӣ бо мухолифони таҳти пайгард" ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуд. Мухолифон гуфта буданд, ки ӯ танҳо ба чанд хонаводаи ҳамкорони собиқи зиндониаш кумак кардааст.

Мақомот сабаби марги ин маҳбусро шарҳ надодаанд, вале қаблан наздиконаш гуфта буданд, ки ӯ аз"дарди пешобдону фишори хун ва диабет" ранҷ мекашад. Абдусаттор Бобоев, як фаъоли мухолифон мегӯяд, замони охир сиҳатии ӯ хуб будааст ва зоҳиран зери фишору азият ҷон бохтааст.

Наздиконаш рӯзи 13-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ шаби 12-уми август фавтидааст, вале субҳи имрӯз кормандони маҳбас ба онҳо занг зада хабарро расондаанд. Ҷасади ӯро имрӯз дар зодгоҳаш, ноҳияи Ҳисор ба хок супурдаанд

Ҷалолиддин Маҳмудов бори аввал моҳи феврали соли 2015, ки узви Комиссияи интихоботӣ буд, бо “иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” боздошт ва панҷ сол зиндон шуда буд. Соли 2019 бар асоси қонуни афв пеш аз мӯҳлат аз зиндон раҳо шуд, вале дубора бо иттиҳоми “дарёфти маблағ аз афроди таҳти пайгард” боздошт ва ба мӯҳлати 6,5 сол ҳукми зиндон гирифт. Наздиконаш ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ду бор зиндон шудани ӯро дорои ангезаи сиёсӣ ва парвандаҳоро бофта унвон карда буданд.

Ҷалолиддин Маҳмудов бори аввал моҳи апрели соли 2019 пас аз раҳоияш аз зиндон бо Радиои Озодӣ суҳбат карда буд ва гуфт, “интизор надошт, ки пеш аз муҳлат раҳо мешавад.”

Суҳбати Ҷамолиддин Маҳмудов аз соли 2019:

Ҷалолиддин Маҳмудов: "Дар маҳбас "ҳизбиҳо" бо "ҳаётиҳо" муноқиша мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00

Ҷалолиддини Маҳмудов дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, қаблан дар омӯзишгоҳи савдои Душанбе дарс медод. Маҳмудов ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ дар солҳои 80 ба ҳизби наҳзати исломӣ пайвастааст. Ӯ баъди шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ ба Маскав паноҳанда шуд ва соли 1995 барои фаъолият ба ҳайси намояндаи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин дар Кумиссиюни оташбас ба Душанбе баргашт.

Баъди кушта шудани раҳбари аввали ҳайати мухолифин дар Кумиссиюни оташбас Ҳоҷӣ Музаффар, раҳбарии ин ҳайатро ба Маҳмудов супурданд ва ӯ то соли 1998 дар ин вазифа кор кард.

Як муддат раҳбарии бахши минтақаии ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказро ҳам бар ӯҳда дошт.

Бори аввал ӯро шаш моҳ пеш аз мамнӯъ шудани ҲНИТ боздошт карда буданд. Он замон мақомот зоҳиран барои бастани ин ҳизби исломӣ замина омода мекарданд ва болои фаъолонаш фишор меоварданд. Боздошти ӯро ҷузъе аз ин маърака унвон карда буданд. Худи ӯ гуфта буд, баъд аз манъ шудани фаъолияти ҲНИТ аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон пайванде бо ин созмон надоштааст. Садҳо узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Назҳати Исломӣ ҳоло дар маҳбас ба сар мебаранд. Чанде аз аъзои раёсати он ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ ба ошӯби нокоми муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назаров айбдор ва фаъолияти онро манъ кард. Аммо сарон ва фаъолони ҳизб ин иттиҳомро ҳамеша рад карда, гуфтаанд, ҳадаф берун рондани мухолифон аз ҳаёти сиёсии Тоҷикистон буд. Ҳоло садҳо узви ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар паноҳанда шудаанд ва аз беруни кишвар фаъолияти сиёсӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG