Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи сохтмон: Биноҳои навбунёд ба зилзила "тобовар" ҳастанд. ВИДЕО


хиёбони Айнӣ дар шаҳри Душанбе
хиёбони Айнӣ дар шаҳри Душанбе

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, санҷиши онҳо нишон дод, ки биноҳои навбунёд дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ба зилзила тобовар ҳастанд.

Ин нуктаро Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 2-юми август зимни нишасти хабарӣ баён кард. Санҷиши биноҳои навбунёд дар Тоҷикистон моҳи феврал-марти имсол ва баъди заминларзаи харобиовар дар Туркия ва Сурия анҷом шуд.

Низом Мирзозода дар ҳузури хабарнигорон гуфт, 26 иншоот дар Хуҷанд, 36 бино дар Бохтар ва тамоми иншоотҳо дар Душанбе санҷида шуд.

Мирзозода дар бораи натиҷаҳои санҷиш гуфт, иншооте, ки сохта шуданд мустаҳкам ва "тобоварии онҳо ба зилзила қаноатбахш аст. Мутассифона, аз тарафи баъзе ташкилотҳо ба баъзе камбудҳо роҳ дода шуд".

Биноҳои бисёртабақаи Тоҷикистон ба зилзила тобовар будаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, як қисм камбудҳо ба ҳуҷҷатгузорӣ рабт дошт, ки "пурра бартараф шуданд, лекин боз назорат дорем".

Масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон қаблан гуфтанд, санҷишро дар бино ва иншооте мегузаронанд, ки дар солҳои 2018-2022 сохта шуда, кумисюни давлатӣ тасдиқ кардааст.

Қаблан раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфта буд, ки биноҳо дар кишвар ба зилзилаҳои 8,5-9-дараҷаӣ тобоваранд. Бархеҳо дар ҷомеа ба ин ҳарф шубҳа доранд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, манзили сокинон вайрон мешавад. Аз ҷумла дар ду заминларзаи моҳи март даҳҳо манзил дар вилояти Суғд ва минтақаи Рашт осеб дид.

Пулод Аминзода, директори Инситути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологиии Академияи илмҳо дар санҷиши 31 бино дар шаҳри Душанбе ширкат кардааст. Мегӯяд, сар аз лоиҳа то сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳро санҷиданд. Ба гуфтаи Аминзода, дар умум устувории биноҳо ба зилзила таъмин шудааст, “танҳо баъзе камбудҳое ҳаст, ки метавон ислоҳ кард.”

Ин мутахассиси тоҷик, ки солҳост дар ин самт кор мекунад бовар дорад, ки эҳтимоли такрори заминларзаи Туркия дар Тоҷикистон нест. “Маълумот дар бораи заминларзаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон барои давраи ду ҳазор солро дорем. Барои ҳамин мегӯям, ки воқеаҳои дар Туркия рух додагӣ дар Тоҷикистон наметавонад рух диҳад.”

Вале бо вуҷуди ин Пулод Аминзода мегӯяд, сар аз лоиҳакашӣ то корҳои сохтмонӣ ва истифода аз масолеҳ бояд ҷиддӣ назорат шавад.

Дар заминларзаи субҳи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия садҳо бино вайрон шуд ва беш аз 50 ҳазор нафар ҷонашонро аз даст доданд.

Мақомоти Туркия масъулони чандин ширкатҳои сохтмониро барои риоя накардани қоидаҳои сохтани биноҳо боздошт карданд. Ин заминларзаи мудҳиш масъалаи тобоварии биноҳо ба заминларзаро дар Тоҷикистон ҳам доғ кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG