Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Русия аз поёни амалиёти зидди муҳоҷирон хабар дод. Муҳоҷирон: Фишор давом дорад


Дар наворе муҳоҷирон мегӯянд, онҳоро дар Санкт-Петербург боздошт кардаанд.
Дар наворе муҳоҷирон мегӯянд, онҳоро дар Санкт-Петербург боздошт кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, боздошт ва фишору азияти онҳо аз ҷониби пулиси Русия идома дорад.

Мақомоти Русия эълон кардаанд, ки амалиёти тафтиши санадҳои муҳоҷирон дар вилояти Маскав ба поён расидааст.

Рӯзи 4-уми июн муҳоҷирон аз Санкт -Петербург ва Маскав наворҳоеро равон карданд, ки дар он боздошти даҳҳо муҳоҷир аз ҷониби пулис дида мешавад. Ба иддаои муҳоҷирон, наворҳо имрӯз сабт шудаанд.

Дар ним моҳи ахир боздошту фишори муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, садҳо муҳоҷир бо шеваи таҳқиромез дар шаҳри Котелникии Маскав боздошт шуданд.

Пулиси Маскав ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст, ки тафтиши санади муҳоҷирон ду ҳафта давом кард ва ба поён расид. Амалиёт алайҳи муҳоҷирони тоҷик, ба гуфтаи матбуоти Русия, пас аз шикояти сокинони шаҳри Котелники ба Владимир Путин оғоз шудааст, ки аз рафтори муҳоҷирони тоҷик шикоят карда буданд.

Мақомоти Маскав ба расонаҳо гуфтааст, ки дар ду ҳафта наздик ба ҳазор муҳоҷирро ҷарима ва қарори ихроҷи 148 нафари онҳо содир шудааст. Пулиси Маскав нагуфтааст, ки ин муҳоҷирон аз кадом кишваранд, вале расонаҳо навиштаанд, ки аксари онҳо муҳоҷирони тоҷик ҳастанд.

Дар хабарномаи пулис гуфта мешавад, ки танҳо дар шаҳри Котелники 526 ронандаи таксиро барои риоя накардани қоидаҳои роҳ ҷарима бастаанд, 283 нафареро пайдо кардаанд, ки қонуни вуруд ба Русияро нақз кардаанд ва 57 нафарро барои ғайриқонунӣ кор кардан ҷазо додаанд.

Амали мақомоти рус дар қиболи муҳоҷирони тоҷик вокуниши мақомоти тоҷикро ба бор овард. Дар иқдоми камсобиқа Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русияро "барои суҳбат" даъват кард. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, додситонии кул, сафорати Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти рус тафтиши одилонаи фишору азияти муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷикро талаб карданд.

Рӯзи 19-уми май маъмурони ОМОН, нерӯҳои вижаи пулиси Русия, беш аз сад донишҷӯйи тоҷики донишгоҳи Амурро заданд.

Рӯзи 29-уми май навори гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дастҳо пушти ҳам дар варзишгоҳе қадам мезананд ва пулис бераҳмона онҳоро лагадкӯб менамояд. Онҳо ба нақзи қоидаҳои будубош, майдаавбошӣ ва итоат накардан ба амри корманди пулис муттаҳам шудаанд.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки онҳо гуё кӯдакони маҳаллиро аз варзишгоҳ берун ронда, худашон онҷо футбол бозӣ кардаанд. Муҳоҷирон инро рад мекунанд.

Ҳоло мақомоти Русия аз поёни ба гуфтаи онҳо, тафтиши санадҳои муҳоҷирон, хабар додааст, вале муҳоҷирон мегӯянд, вазъ тағйир наёфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG