Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактаби куҳна". Гузориш аз зодгоҳи Садриддин Айнӣ. ВИДЕО


Осорхонаи ба номи Садриддин Айнӣ дар Соктаре
Осорхонаи ба номи Садриддин Айнӣ дар Соктаре
Ҳукумати вилояти Бухоро барои обод кардани осорхонаи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, пул дод. Тарҳ ба муносибати 145-солагии ӯ эълон шуд. Бо ин маблағ мактаби куҳнаи деҳаи Соктареро низ обод мекунанд. Ҷое, ки Садриддин Айнӣ хондааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба зодгоҳи сардафтари адабиёти муосири тоҷик рафт ва ин гузоришро овард:

Нақли наздикон

Дар ҳавлие дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувон, тақрибан сад километр дур аз шаҳри Бухоро, 145 сол пеш аввалин президенти Академияи илмҳо, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таваллуд шудааст. Бачагиро ҳамроҳи се бародараш дар ин ҳавлӣ гузаронд ва пас аз фавти падару модар дар Бухорову Самарқанду Душанбе зист.

"Ҳамин дарвозаро бобои Айнӣ, Саидумархӯҷа, дуруст карда, ки устои дуредгар буданд. Ҳам дар инҷо ва ҳам дар ноҳияи Шофиркон як масҷидро сохта, дар паҳлуяш ҳавлӣ бунёд кардаанд. Ҳамсари бобои Айнӣ аз ноҳияи Шофиркон буданд," – нақл кард Ҳасан Муслиҳиддинов, абераи бародари Садриддин Айнӣ.

Ба гуфтаи сокинон, дар ин минтақа танҳо панҷ оила аз пайвандони Айнӣ монда, дигарон ба гӯшаву канори дигари Узбекистону Тоҷикистон кӯч бастаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Мактаби куҳна". Гузориш аз зодгоҳи Садриддин Айнӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:11 0:00

Вакил гуфт, пул ҷудо шуд

Робия Сайфуллоева, яке аз хешовандони Садриддин Айнӣ, 45 сол боз Осорхонаи амаки падарашро нигаҳбонӣ мекунад.

Ӯ гуфт: “Инҷо “Мактаби куҳна” аст. Ҷое, ки Садриддин Айнӣ хонда. Дар солҳои Шӯравӣ вайрону валангор буд. Дар соли 1978 дар 100-солагии Садриддин Айнӣ бо қарори ЮНЕСКО ба Осорхона табдил доданд. Аз ин пеш дар як утоқи мактаби деҳа осорхонаи Айниро сохта буданд.”

Ин бино, ба гуфтаи пайвандони Айнӣ, соли 1824 сохта шуда, болорҳояш борҳо шикаставу хишту деворҳояш осеб дидаанд. То ин вақт инҷо ҳамагӣ як бор таъмир дидааст ва ба таъмири куллӣ ниёз дорад.

Таваккал Чориев, вакили порлумони Узбекистон, мегӯяд, “бо сафири Тоҷикистон дар Узбекистон вобаста ба таъмири осорхона муроҷиат карда будем ва аз тарафи ҳокими вилояти Бухоро маблағ ҷудо шудааст. Рӯзҳои наздик таъмири он шурӯъ мешавад. Вақте осорхона таъмир мешавад, бо маводи нав муҷаҳҳаз мегардад ва боз ҳамон рӯҳияи авваларо медиҳад”.

“Ман тоҷик, падару модарам тоҷик, вале...”

Пайвандонаш мегӯянд, ҳарчанд бо мурури замон ба сахтиҳо дучор шудаанд, ифтихор мекунанд, ки меросбари чунин шахсият ҳастанд. Сайфиддин Хайриддинов, яке аз пайвандони Садриддин Айнӣ, гуфт: “Ман тоҷик, падару модарам тоҷик, вале хоҳарам узбек аст. Вай ҳамсари узбек гирифтааст ва бо ҳамин омезиш ёфта рафтаанд.”

Гӯшае аз Соктаре
Гӯшае аз Соктаре

“Мехоҳам, ягон набераам ба мисли Садриддин Айнӣ нависанда ва эҷодкор шавад. Кори бобокалонро давом диҳад. Илоҳӣ ба ин орзуям расам,” – мегӯяд Зебуннисо Хайриддинова, хешованди дигари Садриддин Айнӣ.

Ҳоло ба ғайр аз осорхона як маҳалла, мактаб ва як хоҷагии деҳқонии ҷамоати Соктареро ба номи Садриддин Айнӣ гузоштаанд.

Дар мадрасаи Кукалдош, ки дар охири асри 19 ва аввали асри 20 Айнӣ 16 сол бо бародараш таҳсил кардааст, ду ҳуҷраашро осорхона кардаанд. Ин ҳуҷраҳо хонаҳои баҳорона ва зимистонаи онҳо будааст. Дар дили Самарқанд, рӯбарӯи майдони Регистон ҳавлие ҷойгир шудааст, ки дар он ӯ беш аз 30 сол зистааст ва ҳоло зиёратгоҳи аҳли назар аст.

Ба фарқ аз осорхонаи Айнӣ дар Самарқанду Бухоро, ду сол пеш тибқи нақшаи шаҳрсозӣ пойтахти Тоҷикистон қарор буд осорхонаи ӯ дар Душанбе вайрон гардад. Иддае аз равшанфикрони тоҷик ва масъулони чаҳор созмони эҷодӣ бо пойфишорӣ, монеи вайрон кардани ин хона-музей гардиданд. Чанд олиму пайрави Садриддин Айнӣ аз Самарқанд ҳам барои пешгирӣ аз тахриби осорхонаи Айнӣ дар Душанбе садо баланд карданд.

Садриддин Айнӣ муаллифи даҳҳо асари манзуму мансури таърихист, ки дар нашриёти Тоҷикистон чанд сол пеш онро дар Куллиёти 15-ҷилдӣ мунташир карда буданд. Моҳи сентябри соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва акси ӯ дар пули 5-сомонӣ ҷой гирифт. Дар Узбекистон ҳам ӯро ҳамчун саромади адабиёти навини ин кишвар мешиносанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG