Донишмандони созмони иҷтимоии “Оксус” мегӯянд, президенти Қирғизистон популизмро ба усул ва стратегия дар сиёсат табдил дод.
Муҳаққиқони созмони ҷамъиятии “Оксус” мегӯянд, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) бо истифода аз популизм ё авомфиребие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷорӣ кард, роҳи худро аз зиндон то раҳбарии давлат ҳамвор намуд ва инчунин, ҳамин забони популистиро дар беш аз ду соли раҳбариаш “на танҳо ба василаи мухобироти сиёсӣ, балки ҳамчун метод ва стратегия дар сиёсат” ба кор бурд.
Таҳқиқи 31-саҳифаие, ки рӯзи 8-уми апрел дар торнамои созмони “Оксус” бо муаллифии Гулзат Баялиева ва Ҷолдон Кутманалиев, донишмандони донишгоҳи Тюбингени Олмон нашр шуд, таърихчаи қудратталабии президенти Қирғизистон дар соли 2020, мусоҳибаҳои ӯ бо матбуот, шеваи баён ва забони изҳороти ӯ аз минбарҳову шабакаҳои иҷтимоиро таҳлил кардаанд.
Ҳанӯз назар ё вокуниши худи Ҷабборов ба ин пажуҳиш маълум нест.
Муаллифони таҳқиқ мегӯянд, шеваи популистии гуфтору амали Ҷабборов барои ҷомеаи Осиёи Марказие, ки то ҳол элитаи сиёсиаш бо тарзи рафтору гуфтори бозмонда аз шӯравӣ пеш меравад, бесобиқа буд. Муаллифон мегӯянд, дар ҳоле, ки аксар корбару фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон русзабон ва тарафдори ақидаҳои либералу демократӣ буданд, гурӯҳҳои қирғиззабони сокини минтақаҳои дурафтодаи рустоитабор бетаваҷҷуҳ монданд. Ҷабборов, ба қавли муаллифон, ба ҳамин қишри ҷомеа такия кард ва тавонист аз ҳисоби онҳо дар шабакаҳо тарафторони худро “парвариш кунад”.
Сӯҳбатҳо аз норозигӣ бо ҳукумату вуҷуди коррупсия, ноқаноатмандӣ аз вазъи иқтисодиву бекорӣ ва дигар мушкилот дафъатан ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад.
Муҳаққиқони забону баёни президенти Қирғизистон мегӯянд, “Ҷабборов бовар дорад, ки маҳз ӯ иродаи мардуми Қирғизистонро ифода мекунад. Баёнияҳои пайвастаи ӯ дар Фейсбук бо забони мутлақ ва қотеъ садо медиҳанду иддаову ваъдаҳояш зиёданд. Маъмурони саҳифаҳои рӯ ба Ҷабборов дар Фейсбук зидди мухолифони сиёсии ӯ ва гурӯҳҳои либералӣ ошкоро забони нафратро ба кор мебаранд”.
Пажуҳишгарон аз сарнавишти даҳҳо фаъоле ёд кардаанд, ки барои зиддияташон ба созишномаи аломатгузории марз бо Узбекистон ва сарнавишти обанбори Кампиробод тирамоҳи порсол ба ҳабс гирифта шуданд. Ин қазияро ҳомиёни ҳуқуқ чун бадтарин намунаи саркӯби озодии баён ва фаъолияти ҷамъиятию шаҳрвандӣ маҳкум кардаанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, вожаву ибораҳои “ман”, “мо”, “мардум”, “ҳеч кас”, “бори аввал дар 30 соли ахир” аз ифодаҳои серистеъмоли фонди луғавии Ҷабборов аст, ки барои “ба даст овардани дили мардуми оддӣ“ нишонрас кор мекунад.
Муҳаққиқони созмони ҷамъиятии “Оксус” мегӯянд, Ҷабборов ва тими ӯ бо истифода аз зарфиятҳои фаннии шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои ҳушманд баёнияҳои авомфиребона ва популизми сиёсиро тақвият додаанд. Дар натиҷа, бо талоши тағйири конститутсияи кишвар даст ба тахриби сохторҳои демократии амалкунанда дар Қирғизистон зада, салоҳиятҳои президентро ҳам густариш додаанд.
Сиёсатҳо ва баёну рафтори президент Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ё берун аз он аз тарафи муҳаққиқон илман омӯхта нашудаанд, вале расонаҳо борҳо гуфтаанд, ки ӯ аз байни мардум бо урфу баёни мардум омадааст, аммо гуфта намешавад, то куҷо сиёсатҳояш мардумиянд, зеро дар 30 соли ҳокимияташ муҳоҷирати шаҳрвандон барои кору даромад ба маротиб афзуда, суханаш, ки "бебарқӣ афсона мешавад" худ як афсонаи дигаршуд ва мансабдиҳӣ ба писару духтараш ва ҳамчунин бебандубории наздиконаш дар тиҷорат якҷо бо маҳдуд кардани озодии баён ва нобуд карда шудани ҳама гуна мухолифат ӯро аз "демократ", "мардумӣ" ва "сулҳофар" ба "золим", "маҳалгаро", "хешутаборбоз" ва "худкома" табдил додаанд.
Гуфтугӯ