Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон, рӯзи 3-юми апрел ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, консулгарии худро дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх бозкушоӣ карданд. Вазорати корҳои хориҷии Толибон низ тасдиқ кард, ки Русия хадамоти консулиро дар Мазори Шариф оғоз намуд.
Зиёулҳақ Такал, муовини сухангӯи вазорат, рӯзи сешанбе дар як видео гуфтааст, талошҳо барои ифтитоҳи консулгарӣ чанд моҳ пеш оғоз шуда буд.
"Бар асоси маълумоти мо, чанд моҳ пеш тимҳои фаннии Русия вориди консулгарии худ шуданд, то заминаро барои оғози хадамоти консулӣ дар инҷо фароҳам карда, дигар корҳои фанниро пеш баранд," -- гуфтааст Такал.
Консулгарии Русия дар вилояти Балх дар шимоли Афғонистон моҳи июли соли 2021 дар пайи таҳдидҳои амниятӣ баста шуда буд.
Русия ҳамеша аз вуҷуди ДОИШ дар шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ карда, онро таҳдиди ҷиддӣ барои худ гуфтааст. Рӯзи ҷумъаи гузашта дабири кулли СПАД дар нишасти кишварҳои узви паймон дар Маскав гуфт, дар мавриди ҳузур ва тақвияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронанд.
Ториқ Фарҳодӣ, таҳлилгари сиёсии афғон, мегӯяд, Русия монанди дигар кишварҳо дар муносибат бо Толибон аз эҳтиёт кор мегирад ва танҳо ба тиҷорат дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон алоқаманд аст. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи ӯ, хадамоти консулии худро дар Кобул қатъ карда, дар иваз дар Мазори Шариф ин хадамотро ба роҳ монданд.
Консулгарии Русия дар Мазори Шариф дар ҳоле кушода мешавад, ки Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, дар мусоҳиба бо як телевизиони арабӣ гуфтааст, онҳо бо бисёре аз кишварҳо робитаҳои расмӣ доранд.
Дар мавриди инки чаро ҳукумати Толибон то ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст, гуфт, "баъзе аз кишварҳо бинобар мавзеи кишварҳои қудратманд ин корро анҷом намедиҳанд. Бархе бо дигарон ихтилоф доранд ва ҷанги онҳо бо нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон боис шудааст, ки ба роҳатӣ ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносанд."
Амирхон Муттақӣ дар ин мусоҳиба иддао кардааст, ки дар ҳоли ҳозир сафоратҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар Афғонистон фаъол ҳастанд.
Вай ҳамчунин гуфт, ба ҷуз аз Тоҷикистон, дипломатҳои нави худро ба ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистон фиристодаанд.
Толибон аз якуним сол ба ин тараф дар Афғонистон ҳоким ҳастанд, аммо ҳукумати онҳоро ҳанӯз ҳеч кишваре ба расмият нашнохтааст.
Ҳарчанд мақомоти Толибон ҳамеша гуфтаанд, ки ҳама шароитро барои ба расмият шинохтан риоят кардаанд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон мехоҳад, ки як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул ташкил диҳад, ба ҳуқуқи ҳамаи афғонҳо эҳтиром бигузорад ва ҳамчунин зидди гурӯҳҳои даҳшатафкан иқдом кунад.
Гуфтугӯ