Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби фаъолон аз Созмони Милал ҳангоми сафари Раҳмон ба Амрико


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз масъулони Созмони Милал хостаанд, ки дар нишасти бахшида ба об дар Ню-Йорк вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нодида нагиранд.

Нусхаи нома рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ расид. Муаллифон бо андешаҳои амниятӣ ва эҳтимоли фишори мақомот аз ошкор кардани ному насаби худ даст нигоҳ дошта, вале гуфтаанд, номаи онҳо расмӣ аст ва ба ҳамаи мақомоти дахдор расонда шудааст.

Нишасти бахшида ба об ба раисии Тоҷикистон ва Ҳолланд аз 22 то 24-уми март баргузор хоҳад шуд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми март ба онҷо сафар кард.

Муаллифони нома гуфтаанд, "дар ҷараёни Конфронси об вазъи ташвишовари ҳуқуқи одамон набояд дар ҳошия гузошта шавад."

Дар ҳоле ки, ба навиштаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, "мақомоти Тоҷикистон мардуми худро, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бераҳмона ҳадаф қарор медиҳанд."

Аз масъулони Созмони Милал хоста шудааст, ки дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон бо мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони расонаҳо дар Ню-Йорк ва дар Тоҷикистон суҳбат шавад.

"Хоҳиш мекунем, аз ҳар фурсат истифода баред, то ба мардуми Тоҷикистон мадад кунед," - омадааст дар нома.

Аз ин пеш Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо, дар изҳороте гуфт, "дар соату дақиқаҳое, ки Раҳмон дар кишварҳои озод истиқбол мешавад, дар зиндонҳои вай ба шиканҷаи садҳо дигарандешон идома хоҳанд дод. Аммо Раҳмон ин сафарашро чун шавоҳиди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматаш ба намоиш мегузорад."

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар як соли охир мақомоти Тоҷикистонро барои нақзи пайвастаи ҳуқуқи одамон ва саркӯби дигарандешон сахт танқид мекунанд.

Аз ҷумла, CIVICUS Monitor ҳафтаи гузашта Тоҷикистонро дар як арзёбии байнулмилалӣ дар қатори Туркманистон ва Чину Сурия "давлати пӯшида" номбар кард. Ин баҳои бадтарин ба Тоҷикистон аст.

Ниҳодҳои расмӣ ҳамвора мегӯянд, ки ҳуқуқи инсон ва озодии сухан дар Тоҷикистон таъмин аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG