Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ пас аз изҳороти ҷанҷолии президенти ин кишвар дар бораи Эрон, ба хотири пешгирӣ аз таниши дипломатӣ миёни Теҳрон ва Сэул, изҳорот пахш намуд. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ аз рӯзи 17-уми январ бо таъкид бар ин, ки Эрон "нияти раиси ҷумҳурро дарк мекунад" омадааст, ки ин мавзеъгирӣ "рабте ба муносибатҳои мо бо Теҳрон надорад".
Юн Сок Ёл, раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ рӯзи якшанбе дар сафари расмӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт, "душмани Иморот ва бузургтарин таҳдид барои он Эрон аст ва душмани мо Кореяи Шимолӣ аст. Мо дар вазъияти бисёр монанд бо Иморот ҳастем".
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи душанбеи 16-уми январ дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки суханони раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ "камтарин назокати дипломатӣ надорад" ва Эрон онро пайгирӣ дорад ва мунтазири шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Ба гузориши хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар рӯзи сешанбе бо таъкид ба собиқаи муносибатҳои "дустонаи дуҷониба"-и ин кишвар бо Эрон гуфтааст, ки ҳамин мавзеъ аз тариқи каналҳои дипломатӣ ба Эрон расонида шудааст.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ дар идома гуфтааст, ки Теҳрон "нияти пушти изҳороти раиси ҷумҳурро хуб дарк мекунад". Мушаххас нест, ки манзури ин мақоми кореягӣ аз ин гуфта чист ва ба навиштаи хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ, ӯ шарҳе дар ин бора надодааст.
Чанд соат пеш аз ин мавзеъгирии расмии Вазорати корҳоии хориҷӣ, ҳамин вазоратхона дар паёме ба чанд хабарнигори ин кишвар гуфта буд, ки аз "тафсири зиёда аз ҳад ва ғайри зарурӣ"-и изҳороти раиси ҷумҳур дар Иморот худдорӣ кунанд.
Дар ин паём ҳамчунин омада буд, ки раиси ҷумҳур ин суханонро дар миёни сарбозони Кореяи Ҷанубӣ баён кард ва изҳороташ "рабте ба муносибатҳо бо Эрон ва дигар кишварҳо надорад".
Хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ ин мавзеи Вазорати корҳои хориҷии он кишварро "талоше барои хунсо кардан"-и муноқиша бар сари изҳороти оқои Юн Сок Ёл хондааст.
Аммо Юн Сок Ёл аввалин раҳбар аз як кишвари Шарқи Дур нест, ки ахиран зидди Эрон мавзеъгирӣ мекунад. Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ду моҳ пеш зимни сафар ба Арабистони Саудӣ баёнияҳои муштараки ҳимоят аз ҷазираҳои сегона дар Халиҷи Форсро имзо кард. Ин амр бо нохушнудии раҳбарони Эрон рӯбарӯ шуд.
Ин изҳорот дар замоне расонаӣ мешавад, ки ҳукумати Эрон дар дохил зери бори чаҳор моҳи эътирозҳои давомдори мардум буда, дар хориҷ бинобар сиёсатҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии худ ва вокунишҳояш ба эътирозҳои мардум, дар ҳошия қарор гирифтааст.
Гуфтугӯ