Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, Русия бо дронҳои қотилу тӯпхона ба ду вилоят зарба задааст


Миллионҳо нафар дар Украина ба сабаби ҷанг бехонаву дар мондаанд.
Миллионҳо нафар дар Украина ба сабаби ҷанг бехонаву дар мондаанд.

Мақомоти Украина мегӯянд, неруҳои Русия бо истифода аз дрон ва ё паҳподҳои қотил ва тӯпхонаҳои вазнин ба вилоятҳои Днепропетровск ва Запорожйе ҳамла кардаанд.

Валентин Резниченко, раиси вилояти Днепропетровск гуфт, тамоми паҳподҳои Русияро неруҳои кишвараш ҳангоми ҳамлаҳои шаби гузашта нобуд кардаанд. Ӯ дар саҳифааш дар Телеграм навишт: “Низомиёни мо аз неруҳои шарқии ҳавоӣ кори олӣ карданд. Мо тамоми дронҳои душманро, ки ба самти мо фиристод, нобуд кардем.”

Ӯ гуфт, ки дар ҳамлаҳои тӯпхонаҳои Русия дар ноҳия ва шаҳри Никопол, лӯлаҳои газ, хонаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ осеб диданд, вале касе аз мардум захмӣ нашудааст.

Ӯ афзуд: “Никопол бештар аз ҳама осеб дид. Даҳҳо хона, биноҳои фермаҳо ва лӯлаҳои газ дар шаҳр осеб диданд. Чанд мағоза, бинои идораҳо ва як коллеҷ дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия вайрон шуд.”

Олександр Старух, як мақоми расмии вилояти Запорожйе рӯзи 7-уми декабр гуфт, Русия ҳамчунин ду маҳаллаи ин вилоятро оташборон кардаанд. Ба қавли ӯ: “Ду хона дар як деҳа вайрон шуд ва ҳашт хонаи дигар осеб дид. Мо медонем, ки се нафар аз ҷумла як духтари 15-сола захм бардоштаанд.”

Дар Вашингтон, вакилони мардумии Амрико ризоият доданд, ки соли оянда ба Украина 800 миллион доллари дигар кумаки амниятӣ расонида шавад. Тарҳи санад ин бора рӯзи 6-уми декабр дар Маҷлиси намояндагони Амрико пешниҳод шуд.

Дар Санади Дифои Миллӣ барои соли 2023 вакилон иҷоза доданд, дар ин сол ба Украина 800 миллион доллар кумак шавад, ки 500 миллион доллар бештар аз дархости ҳукумати раиси ҷумҳур Ҷо Байден дар аввали имсол аст.

Дар таҳаввулоти дигари вобаста ба ҷанги Украина, Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш “на Украинаро ташвиқ кардааст ва на имкон додааст, ки дар дохили Русия зарба занад.” Баёнияи вазир баъди он садо дод, ки як пойгоҳи ҳавоии Русия оташ гирифт ва ба ду фурудгоҳи низомии он бо паҳпод зарба зада, се сарбозро куштанд.

Энтони Блинкен, гуфт, муҳим аст, дарк кунанд, ки “бинобар таҷовузи Русия” мардуми Украина чӣ рӯзҳои сахтеро паси сар мекунанд ва Маскавро ба он муттаҳам кард, ки бо ҳамла ба зербунёдҳои Украина “зимистонро ба аслиҳа” табдил додааст. Мақомоти шаҳри Курск дар 90 километрии шимоли марзи Украина акси дуди ғализ аз фазои пойгоҳеро нашр карданд, ки ба гуфтаи раиси вилоят онҷо анбори нафт сӯхтааст.

Ҳарчанд мақомоти Украина масъулияти ҳеч яке аз ҳамлаҳоро бар уҳда нагирифтаанд, аз ҷумла ҳамлаҳо ба пойгоҳи низомӣ дар вилояти Саратовро бар дӯш нагирифтаанд, вале рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” рӯзи 5-уми декабр аз қавли як мақоми расмии Украина навиштааст, ки дрон ва ё паҳподҳо аз қаламрави Украина парвоз кардаанд.

Ӯ гуфтааст, ки дар як фурудгоҳ камаш ду ҳавопаймо нобуд ва чандтои дигарро вайрон кардаанд. Олексий Арестович, ёвари раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, ки пойгоҳи ҳавоии Саратов, ягона пойгоҳи Русия мусаллаҳ бо ҳавопаймоҳои бомбаандоз аст, ки Маскав барои вайрон кардани ҳалқаи энергетикии Украина истифода бурда ва миллионҳо украиниро дар остонаи зимистон дар сармову торикӣ гузошт. Олексей Арестович гуфтааст: “Ҳамаи ин амалиёти онҳо ба зидди Украинаро мушкил мекунад.”

Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфтааст, ки ҷанги сахте дар вилояти Донетск идома дорад, ва «бо қиммати бузурге». Ӯ афзудааст: «Барои мо ҳоло маркази ҷанг, вилояти Донетск аст ва душман тамоми неруҳояшро дар онҷо мутаммарказ кардааст.»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG