Дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и шаҳри Ӯши Қирғизистон ҷасади ду гумонбар дар таҷовузи навраси 14 соларо дар банди дор пайдо кардаанд. Додситонӣ дар робита ба ин қазия барои хунукназарӣ алайҳи чанд корманди муассиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бора сомонаи 24.kg бо такя ба намояндаи маркази Милии зидди шиканҷа дар вилояти Ӯш хабар додааст.
Ҷавонони боздоштшуда, ки яке 24 ва дигари 27 сол доштааст, чанде пеш аз боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қадамҷой ба СИЗО-и Ӯш интиқол ёфта буданд. Қабл аз марг яке аз онҳо ба наздиконаш шикоят кардааст, ки аз сӯйи кормандони милиса дар Қаламҷой шиканҷа мешавад.
Ҷасади ду гумонбар дар марги духтари наврасро ахиран масъулини Боздоштгоҳи муваққатии Ӯш ба наздиконашон супурданд. Ба иттилои мақомот, Машраб Шодибеков ва Султонбек Худойбергеновро шаби 4-уми декабр дар ҳоҷатхонаи муассисаи ислоҳӣ овезон пайдо карданд. Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон мегӯяд, эҳтимол онҳо худкушӣ кардаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Волидони боздоштшудаҳо ба ин фарзия бовар надоранд. Абдулло Худойбергенов, падари Султонбек Худойбергенов, яке аз гумонбарони фавтида гуфт: “Ман аз писарам пурсида будам. Ӯ қасам хурд, ки духтаракро накуштааст ва дар ин ҷиноят даст надорад. Ӯро бо шиканҷа ва лату кӯб маҷбур кардаанд, ки ин гуноҳро ба гардан гирад.”
Наздикони ду ҷавони дар боздошгоҳ фавтида, аз мақомот талаб доранд, ки қазияи марги фарзандонашонро ҷиддан таҳқиқ кунанд. “Ҳамааш кори дасти милисаҳо аст. Ман аз президент мехоҳам, ин қазияро хуб таҳқиқ кунанд. Писари ман тибқи тафтиш ба ин ҷиноят даст назадааст.” – гуфт, Мақсуда Худойбергенова, модари Султонбек Худойбергенов
Наздикони гумонбари дигар, мегӯянд, писарашон қабл аз марг аз боздоштгоҳ як пайёме фиристода буд. Ӯ дар номае аз пайвандонаш хоста буд, вакили дифоъи вайро иваз кунанд. Ҷавони боздоштшуда, дар нома гуфтааст, ӯро милисаҳо дар боздоштгоҳи Қадамҷой шиканҷа карданд. Волидон мегӯянд, нафаре, ки талош дошт, бегуноҳии худро исбот кунад, наметавонист қасди худкушӣ кунад.
“Писари ман бегуноҳ аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ наметавонист чунин коре кунад. Ӯ сигор намекашид, шароб наменушид. Парерӯз ӯро ба ин ҷо интиқол доданд ва имрӯз мо ҷасадашро гирифтем. Сару шикамаш бурида шудааст. Мо барои колбадшикофӣ кардани ҷасади ӯ иҷоза надода будем.”- афзуд, Худойбердӣ Шодибеков, падари гумонбар, Машраб Шодибеков:
Таҳқиқи марги ду нафар дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ӯши ин кишвар шуруъ шудааст. Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки алайҳи кормандони муассисаи ислоҳӣ бо ҷурми хунукназарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Чолпон Абдумуминова, намояндаи Додситонии кул, гуфт: “Ташхис дар бадани ҳалокшудаҳо чизеро ошкор накард. Дар робита ба ин қазия ташхиси судӣ-тиббӣ ва ташхисҳои дигар гузаронида мешавад.”
Волидони ду ҷавони фавдита дар боздоштгоҳи Ӯш, иддао доранд, ки ташхиси тиббӣ судӣ фаврӣ ва бе ҳузуру иҷозаи онҳо анҷом шудааст. Аммо Улуғбек Абдулазимов, корманди маркази миллии ҷилавгирӣ аз шиканҷа, ки дар ҷарраёни ташхиси ҷасадҳо ширкат кардааст, мегӯяд, қабл аз интиқол ёфтани гумонбарон ба Боздоштгоҳи Ӯш бадани онҳоро ташхис карданд ва осори захму шиканҷа ошкор нашуда буд.
Аммо ба гуфтаи Абдулазимов, зимни ташхисе, ки баъди марги онҳо анҷом шуд, дар бадани ҳалокшудаҳо доғҳои шубҳаноке мушоҳида шудааст. “Ҳангоми тафтиши ҷасадҳо мо дар бадани яке аз онҳо доғе дидем. Пурсидем, ки ин чӣ аст. Коршиносони ташхиси тиббӣ судӣ гуфтанд, ҳангоми аз банди дор гирифтани ҷасад ӯ ба рӯйи фарш афтидааст. Коршинос гуфт, ин доғи нав нест. Ин далелро мо сабт ва ба додситонӣ пешниҳод кардем.”- афзуд, Улуғбек Абдулазимов.
Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон хабари марги боздоштшудаҳоро тасдиқ кард, аммо дар ин бора тафсилоти бештар надодааст.
Ду боздоштуда, ки бино ба фарзияи мақомот худкушӣ кардаанд, дар таҷовуз ва марги як навраси 14 сола гумонбар буданд. Ҷасади наврасро рӯзи 4- уми сентябр сокинон дар зери купруки роҳи Ош- Раззоқови Қирғизистон пайдо карданд. Дастони духтарак баста ва дар гарданаш осорӣ буғишавӣ мушоҳида шудааст.
Дар робита ба қазияи куштори наврас, 3 ҷавон ва як ноболиғи 16 сола боздошт шуд. Мақомот қаблан гуфтанд, ҳамаи боздоштшудаҳо иқрор шудаанд, ки дар ин ҷиноят даст доранд ва ҷойи содир кардани ҷиноятро ба мақомоти тафтишотӣ нишон додаанд.
Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон сару садои зиёде ба по кард. Дар пай чанд вакили порлумони ин кишвар пешниҳод карданд, ки ҷазо барои куштор ва таҷовузи кӯдакону наврасон сахттар шавад.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон, дар 7 моҳи имсол, 1160 ҷиноят алайҳи кӯдакон содир шудааст, ки беш аз 110 мавриди он марбут ба таҷовузи ҷинсӣ аст.