Пайвандҳои дастрасӣ

Блогерҳо ба Тоҷикистон 18 миллион сомонӣ овардаанд. Андоз низ додаанд. ВИДЕО


Нишасти масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон, 14-уми июли 2022
Нишасти масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон, 14-уми июли 2022

Дар Тоҷикистон 32 блогерро расман сабтином кардаанд ва онҳо дар ним сол аз даромадҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус Ютюбу Инстаграм тақрибан 300 ҳазор сомонӣ андоз ё молиёт додаанд. Мақомот онро кам мегӯянд. Блогерон шикоят доранд, ки пас аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, сафи бинандаву муштариён кам шуда, ба даромадҳояшон зарба зад.

"Вақте даромад ночиз аст..."

Собирҷон Исоев, як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июл гуфт, то ин дам ба 120 блогер барои сабтином огоҳӣ доданд. "На ҳамаи онҳо барои бақайдгирӣ муроҷиат карданд. Мақомот дар доираи ваколати худ чора меҷӯянд," – афзуд ӯ.

Собирҷон Исоев
Собирҷон Исоев

Масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, блогерони тоҷик дар шаш моҳи аввали имсол дар маҷмуъ зиёда аз 18 миллион сомонӣ даромад гирифтаанд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Баъзе аз блогерон иддао доранд, ки баръакс даромади онҳо коҳиш ёфт.

Яке аз блогерон дар Тоҷикистон бе зикри ном гуфт, ӯ пас аз даъвату ҷарима шудан худро дар идораи андоз ё молиёт сабтином кард, аммо ҳоло даромади якмоҳааш 10 доллар ё муодили 100 сомонӣ ҳам нест.

"Сабтином кардану андоз супоридан мушкил нест. Вақте даромад ночиз аст, дар ин ҳолат мақомот бояд Шуморо ҳам дарк кунанд, ки андоз аз кадом ҳисоб пардохта шавад?" – нигаронӣ кард мусоҳиби мо.

Таъсири таҳримҳо?

Баъзе аз блогерон мегӯянд, аз тарафи мақомот ҳеч даъвату огоҳие нагирифтаанд, ки чӣ гуна молиётро бипардозанд. Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, ки моҳи июни имсол дастгир шуд, дар баробари иттиҳомҳои дигар, аз ҷумла ба соҳибкории ғайриқонунӣ гумонбар аст. Вакили мудофеъ аз қавли ӯ гуфт, давоми як соли охир ҳарчанд кам, аз блогерӣ фоида гирифтааст, вале намедонист, барои фаъолияташ бояд андоз супорад.

Саҳифае, ки дар Ютюб беш аз ҳазор обуначӣ дорад ва дар як соли охир видеоҳояшро на кам аз 4 ҳазор соат тамошо кардаанд, даромад меорад. Мақомот мегӯянд, онҳо вазифадор молиёт диҳанд. Дар ҳавзаи пасошӯравӣ айни замон маъмурияти Ютюб барои ҳазор тамошо ё биниш аз 20 то 50 сент медиҳанд.

Даҳҳо блогерро дар Тоҷикистон сабтином кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Блогерони тоҷик шикоят мекунанд, ки пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва баста шудани бисёре аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ютюб дар Русия, шумораи бинандаҳояшон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт. Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз муштариёни ба истилоҳ содиқи блогерон гуфта мешаванд.

"Чанд сент кор мекунанд"

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Орзу Исоев, журналисти тоҷик ва соҳиби саҳифаи "Хабаркаш" дар Ютюб, мегӯяд, "тибқи баҳогузории наве, ки баъди таҳримҳо ҷорӣ шуд, каналҳо чанд сент кор мекунанд. Дар як моҳ шояд 6 ё 7 доллар ҷамъ шавад. Ҳозир вазъият чунин аст. Шояд тамошоҳои зиёд то миллион ва аз миллион зиёд дар шабакаҳое бошад, ки мусиқӣ истифода мебаранд. Шабакаҳое, ки мисли мо барнома таҳия мекунанд, даромад надоранд."

Кумитаи андози Тоҷикистон соли гузашта ва пас аз омӯзиши кори блогерҳо як феҳрист тартиб дода, ба онҳо то моҳи апрели соли 2021 фурсат дода буд, фаъолияти худро расмӣ кунанд. Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон ба хотири гирифтани даромад афзуд.

Ҳоло дар шабакаи Ютюб ва Инстаграм садҳо ҷавони тоҷик саҳифаҳои худро доранд. Аксари онҳо ба таҳияи саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ, мусоҳибаҳо, намоиши гӯшаҳои Тоҷикистон, даъвати ёрӣ ба дармондагон ва гуруҳи хурде ба таҳияи гузоришҳои ҷиддӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ машғуланд.

Дар се моҳи охир дастикам панҷ рӯзноманигори тоҷик, ки фақат барои шабакаҳои иҷтимоӣ навор омода мекарданду ҳамчун блогер маҳбубият доштанд, дастгир шудаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Хушом Ғулом бештар мавзуъҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро матраҳ мекарданд. Ҳарчанд мақомот баъзе аз онҳоро ба иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гумонбар медонанд, дигарон ба фаъолияти блогерӣ ва бахусуc ошкоргӯиҳояшон рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG