Заррина (номи шартӣ) 37-сола аст ва даҳ сол пеш ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) олуда шудааст. Ин сокини шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, мегӯяд, бемориро аз шавҳари муҳоҷираш гирифт, аммо баъди онки баъзе атрофиён “дард”-ашро фаҳмиданд, зери таъна монд.
"Вақте мубталои ВИЧ ҳастӣ ва дар деҳае зиндагӣ мекунӣ, ки ҳама туро мешиносанд, осон нест. Инро танҳо шахсе мефаҳмад, ки ақаллан як бор нигоҳи пур аз таҳқири дигаронро дидааст. Ба маъракаи ҳамдеҳаҳо намеравам. Онҳое, ки бемориямро медонанд, аз ман ҳазар мекунанд, ҳатто хешовандонам,” -- қисса кард ӯ рӯзи 8-уми июл.
Мақомот дар Тоҷикистон ҳамвора аз таҳаммулпазирии мардум дар аксар масоил ситоиш мекунанд, вале айни замон вуҷуди табъизро низ инкор намекунанд.
Порлумони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта тарҳи қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”-ро пазируфт. Бино бар он, шахсе, ки табъиз (дискриминатсия) мешавад, ҳақ дорад, ба додгоҳ ва ё ниҳодҳои дигар шикоят кунад.
“Чунин афрод метавонанд, барои зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонда шудааст, ҷуброн талаб кунанд,” – зикр шудааст дар қонун. Ҳарчанд муҷозот пешбинӣ шудааст, ҳанӯз миқдори ҷарима ва ё муҳлати ҷазо дақиқ нест.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, “бо назардошти пеш омадани зарурат ва пешниҳоди мақомот, вобаста ба ҳолату меъёрҳои қонун, баъдан миқдори ҷарима ва ҷазо муайян карда хоҳад шуд. Онро ҳукумат тасдиқ хоҳад кард.”
Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон қабули қонунро барои мубориза бо ҳамагуна табъиз ситоиш карданд, ба шарте ки ба гуфтаашон “дар рӯйи коғаз намонад”.
Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", гуфт, “умед аст, ки қонун гуруҳҳои осебпазирро дар бар мегирад. Масалан, шахсоне, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд ва ё занҳое, ки ба фаҳшо машғул ҳастанд. Хулоса, ҳамаи онҳоеро, ки мо баъзан чашм мепӯшем ва ҳуқуқи онҳо поймол мешавад. Он вақт мегӯем, ки қонун дар ҳақиқат муҳим аст.”
Моҳи июни имсол Шивон Маллалли, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, дар тавсияҳояш ба Тоҷикистон маслиҳат дод, ки нисбати қурбониёни қочоқи инсон, ақаллиятҳои ҷинсӣ, гирифторони ВИЧ ва маълулон кумак кунад, то ба табъиз дучор нашаванд.
Коршиносони байнулмилалӣ ва маҳаллӣ бар инанд, ки аз миён бурдани табъиз алайҳи ҳама гуна шахсони осебпазир метавонад, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм кунад ва риояи ҳуқуқи онҳоро ба намоиш гузорад. Аз тарафи дигар, онҳо нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти маҳаллиро барои аз байни бурдани табъиз ва доғгузорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мекунанд.
Ҳоло Заррина, қаҳрамони гузориши мо, умед дорад, қонуни нав метавонад, аз ҳаққи ӯ ва ҳамтақдиронаш дар ҷомеа ҳимоя кунад. Айни замон аз он метарсад, ки ин кор зуду осон иҷро нахоҳад шуд.