Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8,5 сол. Додгоҳи Душанбе ҳукми Чоршанбе Чоршанбиевро бетағйир гузошт


Чоршанбе Чоршанбиев. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Чоршанбе Чоршанбиев. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми зиндони Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехтаро бетағйир гузошт. Ду моҳ пеш Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ӯро ба гуноҳи "даъват ба сарнагунии ҳокимият" ба 8,5 сол зиндон маҳкум кард. Чоршанбиев ва вакилони мудофеаш ҳукмро "беасос ва ғайриқонунӣ” медонанд. Далели Додгоҳи Душанбе барои бе тағйир мондани ҳукм маълум нест.

Хулосаи Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми июн эълон шудааст. Ба қавли вакилон, "Додгоҳ ҳукми зинаи аввалро бетағйир гузошт ва шикоятро барои бозбинии он рад кард."

Вакилони дифои Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 3-юми июл гуфтанд, ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят баранд ё не. "Ҳафтаи оянда бо Чоршанбе Чоршанбиев дар боздоштгоҳ вомехӯрем ва бояд мавқеашро муайян кунем. Баъдан тасмим мегирем, ки ба зинаи сеюм шикоят мебарем ё не," -- гуфтанд онҳо.

Мақомот дар бораи ҷузъиёти парванда ва ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев суҳбат намекунанд. Пештар дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, ҳукми варзишгар ба иҷро надаромадааст ва аз ин рӯ аз шарҳи он худдорӣ меварзанд. Ҳукм пас аз хулосаи додгоҳи кассатсионӣ ба иҷро медарояд.

Чоршанбиев чаро боздошту муҳокима шуд?

Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошту зиндонӣ шуд. Дар аввал ӯро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет муттаҳам карда, дертар иттиҳоми аввалро бардоштанд.

Қазияи Чоршанбе Чоршанбиев вокунишҳои зиёдро ба миён овард ва чанде аз варзишгарони муҳорибаҳои омехта аз Русия хоҳони озодии ӯ шуданд. Баъзе аз корбарон дар Тоҷикистон бо ишора ба изҳороти баҳсбарангезаш боздошту муҳокимаи ӯро дуруст шумурданд. Гуруҳе дигар беадолатӣ донистанд.

Далели асосии мақомот як навори суханронии Чоршанбиев дар бораи воқеаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон аст. Дар он ҳодиса се кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Мақомот Чоршанбиевро ба он гунаҳкор кардаанд, ки варзишгар мардумро ба муқобили ҳукумат даъват кардааст. Як сиёсатшинос аз Душанбе ҳам ба ҳарфҳои Чоршанбиев чунин хулоса дод.

Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород гуфт, "дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои психологӣ – лингвистии даъват ба содир кардани зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад."

Худи Чоршанбе Чоршанбиев дар додгоҳ гуфтааст, "ягон нияту мақсади ноором сохтани сулҳу суботро надошт."

Чоршанбе Чоршанбиев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз соли 2016 ба муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА машғул буд ва дар Русия мезист. Ӯро рӯзи 3-юми декабри соли 2021 ба иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Додгоҳ ӯро ҷарима баст ва аз Русия ба Тоҷикистон ронд. Ҷое, ки ба 8,5 сол ҳабс маҳкум шуд ва наздиконаш онро аз қабл "тарҳрезишуда" меноманд.

XS
SM
MD
LG