Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размикори тоҷик амалкарди варзишгари қирғизро ситоиш кард


Нурланбек Марсел ва Қамариддин Ҳасанов
Нурланбек Марсел ва Қамариддин Ҳасанов

Қамариддин Ҳасанов, як размикори тоҷик амалкарди варзишгари қирғиз Нурланбек Марселро ситоиш кард, ки қисме аз ҷоизаи бурдааш дар мусобиқае дар Маскавро барои муолиҷаи модари ӯ хайр кард.

Қамариддин (Комил) Ҳасанов, устоди варзиш дар риштаи карате ВКФ рӯзи 13-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқоти хайрия, ки рӯзи 10-уми феврал дар Маскав сурат гирифт, Нурланбек баъди пирӯзӣ ба рақибаш ба назди ӯ омада ва гуфт, ки нисфи ҷоизаи 100 ҳазор рублиашро барои муолиҷаи модараш хайр мекунад.

Қамариддин Ҳасанов афзуд: “Ман ба ӯ гуфтам, ки ихтиёр дорӣ, метавонӣ барои худат бигзорӣ, вале ӯ гуфт, ки ҷоизаро тақсим мекунад ва барои муолиҷаи модарам мебахшад. “ Варзишгари 33-солаи тоҷик афзуд, кори хайри Нурланбек Марсел, метавонад, ба рафъи сардиҳо миёни сокинони деҳоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намояд, ки солҳои ахир зуд-зуд барои замину обу чарогоҳ дар манотиқи аломатгузориношудаи байни ду кишвар ҷанҷолу даъво ва гоҳо хунрезӣ мекунанд.

Мусобиқоти хайрияи муҳобираи омехта барои ҷамъоварии маблағ ҷиҳати муолиҷаи модари Қамариддин Ҳасанов сурат гирифт, ки ба қавли худаш ба саратони марҳилаи чаҳорум гирифтор шудааст ва ҳоло дар Маскав табобат мегирад.

Аз ин пештар варзишгарони муҳорибаҳои омехта ё ММА дар Русия барои наҷоти модари ӯ маъракаи ҷамъоварии маблағро ба роҳ мондаанд. Лигаи Hardcore Fighting Championship ММА, ки дар Русия мусобиқаи муҳорибаҳои омехта ташкил мекунад, барои муолиҷаи модари Қамариддин Ҳасанов мусобиқаи хайрия баргузор кард.

Модари ӯ ба бемории саратон гирифтор шуда, ба ҷарроҳи ва чанд давраи кимиёдармонӣ ниёз дорад. Қамариддин аз ин мушкили худ дар саҳифаи Инстаграмаш хабар дода, аз мардум кумак хостааст. Вай гуфтааст, барои ҷарроҳии модараш беш аз 3 миллион рубл зарур аст.

Дар муҳориба барои ҷамъоварии пули ҷарроҳии модараш худи Қамариддин ҳам ширкат ва баъди ғолиб омаданаш гуфт. “Ман имрӯз ғолиб наомадам. Ман инро ҷашн намегирам. Ман ба ин ҷо барои кӯмак ва наҷоти модарам баромадам. Мехоҳам ба ҳама, ба варзишгарони инҷо ташаккур бигӯям. Ташаккур барои ташкили ин мусобиқа ба хотири наҷоти модари ман.”

Қамариддин Ҳасанов, ки қаҳрамони Тоҷикистон оид ба карате дар риштаи ВКФ аст, зодаи ноҳияи Панҷакент буда, дар 16-солагиаш ба Русия рафтааст. Ӯ гуфт, ки ду сол боз аст, ба муҳорибаҳои омехта низ шуғл меварзад ва асосан Тоҷикистонро дар мусобиқоти карате намояндагӣ мекунад.

Ӯ бо номи "Комил Карате" маъруф аст ва дар Инстаграм бештар аз 100 ҳазор пайрав дорад. Дар Маскав мактаби варзишӣ таъсис дода, ба кӯдакон карате дарс медиҳад. Дар як сӯҳбати видеоии худ вай аз зиндагиаш нақл карда, гуфтааст, ҳанӯз дар 16-солагӣ аз Панҷакент барои кор ба Русия рафт ва дар сохтмонҳо кор мекарду роҳрубӣ ҳам кардааст.

XS
SM
MD
LG