Дар чанд ҷумла
Туркияву Юнон гуфтанд, ки мавҷи паноҳҷӯёни афғонро қабул надоранд
Нахуствазири Юнон Кирякос Митсотакис ва президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон вазъи Афғонистон ва масъалаи мавҷи паноҳҷӯён аз ин кишвар ба Аврупоро баррасӣ карданд. Дар ин сӯҳбати телефонӣ, ки 20-уми август барпо шуд, Эрдуғон ба раҳбари ҳукумати Юнон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бояд ба афғонҳо дар дохили кишвар ва давлатҳои ҳамсояи он, бахусус Эрон мусоидат кунад, вагарна, ба гуфтаи ӯ, мавҷи муҳоҷират “пешгиринашаванда” мегардад. Эрдуғон гуфт, агар бо омадани Толибон дар Афғонистон вазъ мӯътадил нашавад, фишори бе ин ҳам баланди муҳоҷират барои “ҳар нафар чолишҳои ҷиддӣ эҷод мекунад”. Ба андешаи Митсотакис, бояд ба ҳамсояҳои Афғонистон кӯмак кард, то ки афғонҳо “ҳадди аксар наздиктар ба хонаҳои худ нигаҳдорӣ шаванд”.
Сари кор омадани Толибон метавонад вазъи аз соли 2015 бӯҳронии муҳоҷират дар Аврупоро боз ҳам сангинтар кунад. Он замон миллионҳо сокинони Ховари Миёна бо фирор аз ҷангҳо ба Юнону Туркия рафта, аз он ҷо талош намуданд, ки ба давлатҳои сарватмандтар дар шимол ҳаракат кунанд. Ҳоло дар Туркия ба иловаи дигар гурӯҳҳои паноҳандагон 4 миллион муҳоҷири суриягӣ ва 300 ҳазор паноҳҷӯи афғон ба сар мебаранд. Юнон дар давраи бӯҳрони муҳоҷирати Аврупо дар хати аввал қарор дошт. Баъди соли 2016 шумори паноҳҷӯёне, ки тавассути Туркия мерасиданд, камтар шуд, чун Иттиҳоди Аврупо аз роҳи пешкаши миллиардҳо доллар ба Анкара ба созиш расид, ки Туркия шиддати муҳоҷиронро бозмедорад.
Эрдуғон ҳар сари чанд вақт аз Иттиҳоди Аврупо шикоят карда мегӯяд, ки ин ниҳод созиш бо Туркияро пурра иҷро накардааст ва таҳдид мекунад, ки марзҳояшро барои ҳаракати муҳоҷирон ба Аврупо боз мекунад. Дар як суханронии телевизиониаш рӯзи 19-уми август Эрдуғон гуфт: «Туркия чунин рисолат, масъулият ваё ӯҳдадорие надорад, ки ба анбори паноҳандагони Аврупо табдил шавад”.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Владимир Путин аз раиси ҷумҳури Озарбойҷон узр пурсид
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи шанбе аз ҳамтои озариаш Илҳом Алиев барои суқути ҳавопаймои ширкати озарӣ узр пурсидааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи 28-уми декабр дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Владимир Путин бо Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ дошт. Дар баёния омадааст: “Владимир Путин аз он узрҳоҳӣ кард, ки ҳодисаи фоҷиабор дар қаламрави ҳавоии Русия рух додааст ва бори дигар ба хонаводаҳои қурбониён изҳори тассалият кард ва ба маҷруҳо шифои зудрас хост.”
Ҳавопаймои ширкати Озарбойҷон Эйрланз, ки рӯзи 25-уми декабр аз шаҳри Боку ба Грозний парвоз дошт, дар наздикии шаҳри Оқтау дар Қазоқистон суқут кард. 38 нафар ҷон бохта, 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Владимир Путин ошкоро нагуфтааст, ки системаи дифои мушакии Русия ҳавопаймои мусофирбари Эмбраер-190-ро задааст, аммо гуфтааст, вақти талоши ҳавопаймо барои фуруд дар фурудгоҳи Грозний “паҳподҳои ҷангии Украина, ба шаҳри Грозний, Моздок ва Владикавказ ҳамла мекарданд ва системи дифои мушакии Русия ин ҳамлаҳоро рафъ мекард.”
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, ки ҳавопаймо бар асари таъсири физикӣ ва фаннӣ аз берун дар фазои Русия батамом аз идора берун шуда ва самти шаҳри Оқтау дар Қазоқистон ҳаракат кардааст. Пештар ҳам гуфта мешуд, ки мумкин аст, ҳавопаймои ширкати озариро нерӯҳои ҳавоии Русия иштибоҳан зада бошанд ва ба сабаби аз кор афтодани системаи идора, ҳавопаймо дар наздикии Ақтау суқут кардааст.
Писари Зубайдуллои Розиқро аз зиндон раҳо карданд
Асрориддин Розиқов, писари яке аз раҳбарони собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аз зиндон раҳо шудааст. Бародараш Ҳисомиддин рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Асрориддинро дар ҳамин рӯз аз зиндони Хуҷанд озод кардаанд ва ӯ ба назди хонаводааш баргаштааст.
Ҳисомиддин Розиқов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Асрориддин тақрибан як соли мӯҳлати ҳабсро дар боздоштгоҳ сипарӣ кард ва пас аз адои чаҳор соли боқимонда дар зиндони Хуҷанд озод шуд. Ин бисёр хабари хуш барои хонаводаи мост, вале афсӯс падарам дар зиндон ҳастанд ва модарам даргузаштанд.
Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллои Розиқ, узви собиқи раёсти ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст, ки худи ӯ соли 2016 бо гуноҳҳои вазнин, аз ҷумла терроризм ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Худаш гуфтааст, ки гуноҳе надорад.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе моҳи декабри соли 2020 Асрориддинро бо гуноҳи иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Он замон созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки “Асрориддин Розиқовро фавран озод кунад".
Владимир Путин санади лозим барои ҳамкорӣ бо Толибонро имзо кардааст
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 28-уми декабр қонунеро имзо кардааст, ки иҷоза медиҳад, гурӯҳи Толибони ҳоким бар Афғонистон аз феҳрасти созмонҳои террористӣ дар Русия хориҷ карда шавад.
Дар қонуни ислоҳшудае, ки ба сармоягузории терроризм ва феҳрасти созмонҳои террористӣ дахл дорад, акнун дар Русия метавонанд, созмонеро, ки тарғибу ташвиқ ва ҳимоят аз терроризмро бас кардааст, аз феҳрасти созмонҳои мамнӯъ дар Русия берун кунанд.
Матни қонун дар вебсайтҳои расмии Русия нашр шудааст. Думаи давлатии Русия ин қонунро 17-уми декабр қабул кард ва Леонид Слутский, раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалӣ гуфтааст, ки ислоҳи қонун аз ҷумла барои фароҳам кардани шароити қонунӣ барои ҳамкории Русия бо Толибон пешбинӣ шудааст.
Фаъолияти Толибон, ки як гурӯҳи ифротӣ ба ҳисоб меравад ва се сол боз Афғонистонро идора мекунад, аз моҳи феврали соли 2003 дар Русия манъ аст. Бо вуҷуди бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 ба Афғонистон ҳеч яке аз кишварҳои дунё ҳукумати онро ба расмият нашинохтаанд. Ҳоло маълум нест, ки мақомоти Русия кай Толибонро аз феҳрасти созмонҳои террористӣ хориҷ мекунанд.
Амрико ба зидди нахуствазири собиқи Гурҷистон таҳримоти нав ҷорӣ кард
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зидди Бидзина Иванишвилӣ миллиардери гурҷӣ, нахуствазири собиқ ва муассиси Ҳизби Рӯъёи Гурҷистон таҳримоти наве ҷорӣ кард, зеро ба қавли Амрико, ӯ демократия дар Гурҷистонро “ба нафъи Русия” таҳти хатар гузоштааст.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 27-уми декабр дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Рӯъёи Гурҷистон, таҳти раҳбарии Иванишвилӣ манофеи Кремлро пеш бурд, самтгирии Гурҷистон ба Аврупову Атлантикро аз роҳаш хориҷ кард, ки дар таззод бо пешбиниҳои мардуми Гурҷистон ва Қонуни асосии Гурҷистон аст.”
Ба қавли Блинкен, амалкардҳои Иванишвилӣ ва Рӯъёи Гурҷистон, сабаби таназзули институтҳои демократӣ, нақзи ҳуқуқи инсон ва маҳдудияти баҳбарардорӣ аз озодиҳои бунёдӣ дар Гурҷистон шудааст. Бар асоси таҳримоти нави Амрико, муомила бо муассисаҳое, ки Иванишвилӣ молики он аст, манъ карда мешавад.
Бино ба гузориши Блумберг, сарвати Бидзина Иванишвилӣ тахминан 7. 5 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби фурӯши фулуззот, бонкдорӣ ва ширкатҳои мухобиротӣ дар Русия ба даст омадааст. Иракли Кобахидзе, нахуствазири Гурҷистон таҳримоти Амрикоро “таҳдид” номида гуфт, ки амалкарди Амрико “подоше” барои ҳимояти манофеи миллии Гурҷистон аст.
Аввали моҳи декабр ҳукумати Амрико амр дод, ба онҳое, ки “демократия дар Гурҷистонро таҳти хатар меандозанд” раводиди ин кишвар дода нашавад. Гурҷистон, ки як замон шарики наздики Амрико ва Иттиҳоди Аврупо буд, бо самтгирӣ ба ҷониби Русия ва саркӯби дигарандешон хашми ҳарду шарикони пешинашро барангехт.
Эмомалӣ Раҳмон хост, солона на камтар аз 280 ҳазор ҷойи корӣ офаранд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти расмӣ хост, то 5 соли оянда 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав таъсис диҳанд, то лашкари афзояндаи ҷавонон дар кишвар бекор намонанд.
Ӯ зимни паёми солонааш ба вакилони Маҷлиси олӣ гуфт: “Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.”
Ба ибораи дигар, мақомоти расмӣ акнун вазифадоранд, солона дар Тоҷикистон на камтар аз 280 000 ҷойи кори нав биёфаранд, ки кори осоне нест. Дар Тоҷикистон, бекорӣ яке аз мушкилоти аслии иқтисод ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ солона садҳо ҳазор нафар, бахусус нерӯи ҷавони корӣ ба Русия барои кор ва пайдо кардани музди беҳтар мераванд.
Чанде пеш Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши фарогире дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки модели рушди иқтисодии кишвар дар оянда дигар натиҷа намедиҳад, зеро натавонистааст, барои аҳолии афзояндаи кишвар ҷойҳои кории муносиб фароҳам кунад.
Эмомалӣ Раҳмон охири ҳар соли милодӣ бо паём ба мардум ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, палатаи болоӣ ва поёнии порлумон муроҷиат карда, дар бораи дастовардҳои гузашта ва вазифаҳои оянда мегӯяд.
Маошу нафақа дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Аз кӣ ва кай?
Аз моҳи сентябри соли 2025 маоши кормандони боғчаҳои бачагона ва омӯзгорон дар Тоҷикистон 30 дарсад зиёд мешавад. Дастмузди дигар кормандони соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва стипендияҳо 20 дарсад афзоиш меёбад. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр дар назди вакилони ҳарду палатаи порлумон хабар дод.
Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт, аз соли оянда маоши кормандони ниҳодҳои қудратӣ 20 дарсад зиёд мешавад. Ҳаҷми нафақаҳо бошад 10 дарсад зиёд мешудааст.
Дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама камро мегиранд. Кам будани маоши кормандони буҷавӣ яке аз сабабҳои ба миён омадани фасод гуфта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр ҳамчунин гуфт, маоши ҳадди ақал дар кишвар аз соли оянда ҳазор сомонӣ (қариб 100 доллар) таин мешавад. То ин вақт маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 800 сомонӣ буд.
Ваъдаи Президент: соли 2027 "лимит" дар Тоҷикистон аз байн меравад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, аз моҳи майи соли 2027 камбуди энергетикӣ дар Тоҷикистон аз байн меравад ва кишвар пурра ба истиқлоли энергетикӣ даст меёбад.
Раҳмон рӯзи 28-уми декабр зимни паёми солонааш ба аъзои Маҷлиси олӣ аз камбуди барқ дар кишвар ёдовар шуд ва гуфт, “ташвишу заҳмати мардуми Тоҷикистонро” эҳсос мекунад. Нарасидани барқ дар Тоҷикистон яке аз интиқодҳои асосӣ аз кори ҳукумати Тоҷикистон аст, чун сокинони кишвар дар фасли тирамоҳ ва зимистон бо реҷа барқ мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба порлумон афзуд, соли 2027 аз ҳисоби неругоҳи “Роғун” ва дигар неругоҳҳои дарёи Вахш ба камбуди барқ дар кишвар хотима медиҳад.
“Шояд ин зимистонҳои охире бошад, ки мо бо мушкилӣ паси сар мекунем, зимистони дар пеш истода хеле беҳтар мешавад, нисбат ба имсол... Соли 2027 ба он тараф дар таърихи гузаштааш мемонад. Мо ин душвориҳоро мегузарем. Ҳам барои мардум ҳам барои рушди далват ин бениҳоят муҳим аст.”- гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ афзуд: То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд."
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи як чархаи нерӯгоҳи Роғун гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба “афсона” табдил хоҳад ёфт. Вале аз он ба баъд, ҳар сол дар Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ мешавад. Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дар мавсими зимистон вазъи бахсус минтақаи дурдасти Тоҷикистон аз назари дастрасӣ ба нирӯи барқу васоили гармидиҳию энержӣ хеле танг мешавад. Бархе мунаққидон мушкилро на танҳо бо кори ҳанӯз нопурраи нирӯгоҳҳои барқии обӣ, балки бо фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояи мисли Афғонистону Узбекистон дар фасли зимистон рабт медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон санҷиши соҳибкоронро то соли 2027 манъ кард
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то 1 январи соли 2027 санҷиши кори соҳибкорон, ба истиснои санҷиши мақомоти андоз, манъ карда шавад. Президент 28-уми декабр дар ҳузури вакилон гуфт. ҳарчанд санҷишҳо кам карда шудаанд, аммо ҳоло ҳам баъзе сохторҳо такрор ба такрор корхонаҳоро тафтиш мекунанд.
Раҳмон бидуни зикри тафсилот гуфт, кори баъзе ширкатҳо, ки ба коркарди металҳои қиматбаҳо машғуланд, давоми як сол аз 25 то 40 маротиба санҷида мешавад. “Баъзе сохторҳо то 5-7 маротиба санҷиш рафтанд. дар натиҷаи санҷиш ягон чиз нест сифр. Рӯирост маълум, ки дар инҷо санҷиш нест, ин барои амалӣ кардани дигар корҳо аст. Мо ба ин корҳо хотима мебахшем.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, давоми се моҳи оянда барнома ё стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040 таҳия хоҳад шуд.
Мақомот дар гузашта низ санҷиши фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон муваққатан манъ карда буданд. Тоҷирон мегӯянд, мораторияҳои гузашта ба вазъи иқтисодӣ таъсири зиёд надоштанд, чун риоят ва назорат намешуданд.
Президент: даромади аҳолӣ 100 миллиард сомонӣ зиёд шудааст
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, даромади аҳолӣ давоми панҷ соли ахир беш аз 100 миллиард сомонӣ зиёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр дар назди вакилон ва аъзои ҳукумат гуфт, даромади пулии аҳолӣ аз 48 млрд сомонии соли 2019 ба 147 млрд сомонӣ дар соли 2024 расид. Раҳмон инро дастоварди кори ҳукумат ва порлумон гуфт. Ҳарчанд бархе коршиносон мегӯянд, пули муҳоҷирон дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва зиёд шудани даромади онҳо нақши асосӣ дорад.
“Вакилони мардумӣ навишта гиред, назди мардум меравед мепурсанд, ин хизмати вакилон ҳам ҳаст. Ҳукумат бо порлумон ва мардуми Тоҷикистон ба ин нишондиҳанда расид,”-гуфт президент.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, давоми панҷ соли ахир маоши кормандони буҷавӣ 4 маротиба ва дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. “Дар ин муддат дар 5 сол сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳо ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маошу нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд ки бевосита ба коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши маош дар кишвар ситоиш мекунад, ки нархи маҳсулот ва манзил дар кишвар назаррас боло рафтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилон ҳамчунин гуфт, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2024 ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расид.
Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад.
Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент телевизионҳои расмӣ рӯзҳо ин мавзуъро инъикос карда, гурӯҳҳои вижа барои фаҳмондани нуктаҳои он таъсис дода мешаванд.
Ширкати озарӣ парвозҳо ба Русияро барои муддате боздоштааст
Ширкати “Azerbaijan Airlines" ки ҳавопаймояш дар Қазоқистон суқут кард, рӯзи 28-уми декабр аз манъи парвоз ба 7 шаҳри Русия хабар дод. Ба навиштаи РБК маҳдудият дар парвоз ба шаҳру минтақаҳои Минералные Води, Сочи, Волгоград, Уфа, Самара, Грозний ва Махачкалъа рабт хоҳад дошт. Масъулини ширкат гуфтаанд, тасмими мазкур “натиҷаи таҳқиқи пешаки”- и суқути ҳавопаймои Embraer-190 ва хатарҳои эҳтимолӣ барои парвоз гирифта шудааст.
Рӯзи 25-уми декабр ҳавопаймои Azerbaijan Airlines дар Қазоқистон суқут кард ва дар натиҷа 38 мусофири он ба ҳалокат расиданд. Бино ба навиштаи расонаҳо, аз ҷумла хабаргузории “Ройтерс”дар пайи зарбаи низоми зиддаҳавоии Русия суқут кардааст.
Аз ин пеш ба далели хатари бесарнишинҳо, фурудгоҳҳои Маскав, Шереметево, Домодедово, Внуково ва Жуковский муваққатан баста шуда буданд. 26- уми декабр ширкати миллии ҳавопаймоии "ЭлАл"и Исроил "ба далели ҳодисаҳо дар фазои Русия" парвозҳо ба Маскавро барои як ҳафта қатъ кард. Ширкати қазоқистонии Qazaq Air ҳам то 27-уми январ парвозҳоро дар хатсайри Остона-Екатеринбург боздоштааст.
Гузоришҳои печида дар бораи марги сарбози Куриёи шимолӣ дар Украина
Бино ба гузоришҳо, як сарбоз аз Куриёи Шимолӣ, ки бовар мерафт, ба асорати нерӯҳои Украина афтодааст, ҳалок шудааст.
Хабаргузории расмии Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 27-уми декабр бо такя ба мақомоти амниятӣ гуфт, ки сарбози куриёӣ қабл аз онки ба дасти нерӯҳои махсуси Украина биафтад, ҷон додааст. Як рӯз пеш аз ин яке аз расонаҳои украинӣ хабар дод, ки як сарбоз аз Куриёи Шимолӣ дар вилояти Курск ба асорати нерӯҳои Украина афтодааст.
Акси як сарбозеро, ки бовар мерафт, маҷрӯҳ аст, дар Телеграм нашр карданд, ҳарчанд воқеӣ будани акс аз манобеи мустақил тасдиқ нашудааст. Моҳи гузашта Куриёи Шимолӣ як аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ бо Русияро тасдиқ кард ва роҳ барои ширкати сарбозони он кишвар дар ҷанг ба зидди Украина боз шуд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 23-уми декабр гуфт, аз миёни 10 ҳазор сарбози нерӯҳои махсуси Куриёи Шимолӣ, ки ба ҷанг фиристода шудаанд, бештар аз 3 ҳазор нафари онҳо кушта шудаанд. Хадамоти Иттилоотии Куриёи Ҷанубӣ пештар гуфта буд, ки теъдоди куштаву маҷрӯҳшудагони куриёӣ на бештар аз 1100 нафарро ташкил медиҳад.
Радиои Озодӣ ин иттилоро мустақилона тасдиқ карда наметавонад ва мақомоти Русия ҳам онро шарҳ намедиҳанд.
Пулиси Душанбе: қаллобӣ бо кортҳои бонкӣ зиёд шудааст
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз зиёд шудани қаллобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ хабар додааст.
Ин ниҳод 26-уми декабр хабар дод, ки қаллобон бо ваъдаи пул кортҳои бонкии шаҳрвандонро "ба иҷора" мегиранд ва онро барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода мебаранд. Раёсати корҳои дохилии Душанбе ҳеч оморе нашр накардааст.
Дар хабарномаи ин ниҳод аз як намунаи дигари қаллобӣ зикр шудааст, ки баъзе афрод бо баҳонаи пешниҳоди ҷойи кор, нусхаи шиноснома ва рақами корти шаҳрвандонро гирифта, барои қонуншиканӣ истифода мебаранд. Пулиси Душанбе ба сокинон ҳушдор додааст, ки эҳтиёт кунанд, чун дар чунин ҳолат худашон шарики ҷиноят ҳисоб мешаванд.
Пулиси пойтахт ба сокинон ҳушдор додааст, ки корти бонкӣ ё дигар маълумоти хусусии худро ба шахси дигар надиҳанд ва агар касе аз онҳо “иҷораи корт”-ро дархост кард ба мақомот хабар расонанд. Фиреб хӯрдани сокинон тавассути корти бонкӣ солҳои гузашта низ иттифоқ афтода буд.
Ройтерс: ҳавопаймои Озарбойҷон бо зарбаи низоми дифоии Русия суқут кард
Ҳавопаймои ширкати “Azerbaijan Airlines" дар натиҷаи зарбаи низоми зиддаҳавоии Русия суқут кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба чор манбаи огоҳ аз таҳқиқот дар Озарбойҷон хабар додааст.
Телевизиони Евронюс ҳам тасдиқ кардааст, ки мушаки "замин ба ҳаво"-и низоми зиддиҳавоии Русия сабаби ба садама дучор шудани ҳавопаймои ширкати озарӣ шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, ки 25-уми декабр рух дод, 38 нафар ба ҳалокат расиданд.
Хабаргузории “Ройтерс” гузориш додааст, ки мақомот нахуст нафаҳмиданд, ки чаро ҳавопаймое, ки аз Боку ба Грозний бояд парвоз мекард, маҷбур шуд хати парвозро дигар карда, садҳо километр дуртар аз ҷойи таъиншуда дар Қазоқистон фуруд ояд. Ҳавопаймои мусофирбари Embraer баъд аз онки натавонист дар фурудгоҳи Грознийи Чеченистон фуруд ояд, осмони Русияро тарк кард.
Расонаҳои русӣ аз қавли Ҳамзат Қодиров, котиби Шӯрои амнияти Русия ва хоҳарзодаи Рамзан Қодиров навиштаанд, дар лаҳзаи фуруди ҳавопаймои озарӣ, бесарнишин ё дронҳо ба ин ҷумҳурии Русия ҳамла мекарданд. Ин иттилоъро телеграм-канали чечении NIYSO низ тасдиқ кардааст.
Фарзияи расмии суқути ҳавопаймо феълан маълум нест ва таҳқиқ идома дорад. Мақомоти Озарбойҷон ва Қазоқистон дар бораи сабабҳои садама расман суҳбат накардаанд.
Заҳролуд шудани модар ва се фарзандаш дар Душанбе
Шаби 24-уми декабр чор узви як оила дар шаҳри Душанбе аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри ин хабар гуфтааст, ин афродро ба беморхона интиқол додаанд ва феълан зери назорати пизишкон қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод модари 33-сола ва се фарзанди 13, 10 ва 4-сола мебошанд. Онҳо сокинони ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҳастанд.
"Сабаби ин ҳодиса риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳост",-навиштааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ин аввалин ҳодиса заҳролуд шудани сокинон дар моҳи декабр нест. Рӯзи 17-уми декабр чор наврас дар ноҳияи Шаҳристон аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ду нафарашон фавтидаанд. Солҳои гузашта низ ин ҳодиса иттифоқ афтодааст.
Дар Тоҷикистон, ки сокинон дар тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд, сокинон маҷбур мешаванд бо ангишт хонаҳоро гарм кунанд.
Чин тарҳи бунёди азимтарин нерӯгоҳро тасдиқ кард. Ҳинд нигарон аст
Ҳукумати Чин тарҳи сохтмони азимтарин нерӯгоҳи барқи обиро тасдиқ кард.
Онро дар қаламрави Тибет месозанд, ки ба ҳаёти миллионҳо сокини поёноби Ҳинду Бангладеш таъсир хоҳад дошт.
Сарбанди баландтарин, қарор аст, дар дарёи Ярлунг Сангпо сохта шуда, соле 300 миллиард кловатт-соат барқ истеҳсол кунад.
“Садои Амрико” навишт, ки тарҳи сарбанд соли 2020 аз ҷониби Маҷмаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Чин таҳия шудааст. Ҳоло сарбанди бузургтарин (дар Чин ҳаст) “Садди седара” ном дорад ва соле 88,2 миллиард киловатт-соат барқ тавлид мекунад.
"Синҳуа", хабаргузории расмии Чин, рӯзи 25-уми декабр навишт, ки сохтмони нерӯгоҳи азим барои кам кардани партоби газ ба ҳаво ва эҷоди ҷойҳои кории нав мусоидат мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки арзиши сохтмони нерӯгоҳи азимтарин тақрибан 35 миллиард доллар хоҳад буд.
Дар минтақае, ки қарор аст нерӯгоҳ сохта шавад, 1,4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва онҳоро бояд ба ҷойҳои дигар кӯчонанд. Мақомот ҳанӯз нагуфтанд, ки масъалаи кӯч додани мардумро чӣ гуна ҳал хоҳанд кард.
Ҳукумати Чин то ҳол таъкид кардааст, ки ин тарҳ пайомадҳои азими экологӣ нахоҳад дошт. Ҳинду Бангладеш аз таъсири тарҳ ба экосистема ва дигар шудани самти об изҳори нигаронӣ кардаанд.
Дарёи Ярлунг Сангпо дар қаламрави Тибет бо номи дарёи Браҳмапутра маъруф аст ва он тавассути иёлоти Аруначал Прадеж ва Ассами Ҳинд гузашта, дар ниҳоят вориди Бангладеш мешавад.
Чин дар гузашта генераторҳои барқи обиро дар болооби дарёи Ярлунг Сангпо бунёд кардааст, ки маҷрои обро аз ғарб ба шарқи Тибет мебарад. Дар қисмати болоии дарё бунёди тарҳҳои бештаре дар назар аст.
Маҳдудияти муваққатӣ дар фурудгоҳҳои Маскав ва Калуга
Рӯзи 26-уми декабр дар фурудгоҳҳои Маскав ва Калуга маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шуд.
Дар ин бора ширкати "Росавиатсия" хабар дод.
Фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково, Жуковский ва Калуга парвози ҳавопаймоҳоро боздоштаанд.
Дар се фурудгоҳи асосии Маскав (Домодедово, Шереметево ва Внуково) тахминан 30 парвоз боздошта шуд.
Торнамоҳои "Baza" ва "Mash" сабаби ҷорӣ шудани маҳдудиятро ба барномаи рамзии "Ковёр" рабт доданд, ки баъд аз таҳдиди паҳподҳо ҷорӣ шудааст.
Вазорати дифои Русия дар бораи таҳдиди ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав ва Калуга хабар намедиҳад.
"Ҳуҷҷатҳоро бурданд." Вокуниши як зан аз Конибодом ба ҳабси абади писараш
Модари Марат Сатторов, марде, ки дар пайванд ба куштори шаш узви ду оила дар Конибодом ҳабси абад гирифт, баъд аз тақрибан як моҳи эълони ҳукм назарашро баён кард. Қатлҳо шаби 28 ба 29-уми майи соли 2024 дар деҳаи Санҷидзор рух додаанд.
Лутфӣ Сатторова рӯзи 23-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз замони боздошт писарашро надидааст, вале ба бегуноҳии ӯ бовар дорад. "Писарам дар шаби ҳодиса ба ҳеч куҷо нарафтааст, ҳамроҳи ман дар хона буд," -- гуфт ӯ.
Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябри соли 2024 Марат Сатторови 43-соларо бо гуноҳи куштори аъзои ду оила ба ҳабси абад маҳкум кард. Радиои Озодӣ дар ин бора 12-уми декабр хабар дода, он замон мавқеи вакили мудофеъ ва наздикони ӯро дастрас накарда буд.
"Вай айбдор нест. Як соли охир дар мактаби деҳа посбон буд. Камтар замин дорем, бо корҳои саҳро машғул мешуд. Ба он ҳодиса рафтагӣ не, дидагӣ не, аз хона баромадагӣ ҳам нест," – афзуд Лутфӣ Саттороваи 75-сола.
Марат Сатторов соҳиби ду фарзанд аст. Падараш дувоздаҳ сол пеш фавтидааст. Хоҳару бародаронаш дар Қирғизистон ҳастанд ва шаҳрвандии он кишварро доранд.
Модараш, Лутфӣ Сатторова, гуфт: "Дар хона бо як саг танҳо мондам. Ҳама ҷоро тит карда рафтанд. Ҳуҷҷатҳо ва кортҳои бонкиро бо худ бурданд. Ақаллан кортамро диҳанд, панҷмоҳа нафақаамро нагирифтаам. Кӣ нигоҳ мекунад маро? Шароити ҳама вазнин."
Моҳи майи соли 2024 дар деҳаи Санҷидзори Конибодом аз ду оила (яке тоҷик ва дигаре қирғизтабор) шаш кас кушта шуд.
Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола, Нозанин Аҳмедоваи 17-сола ва Дамир Аҳмедови 14-сола аз хонаводаи тоҷик ва Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола аъзои кушташудаи оилаи қирғизтабор буданд.
На тафтишот ва на додгоҳ ангезаҳои қатлҳоро номбар намекунанд.
Аз моҳи марти соли 2024 то кунун дар деҳаҳои Конибодом беш аз бист кас ба таври мармуз ба қатл расидааст. Танҳо дар моҳи декабр дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила, аз ҷумла чор ноболиғ, дар шароити номаълум кушта шуданд.
Мақомот ба ҷуз хабарномаи пароканда ва эълони таҳқиқи ҳодиса дар бораи кушторҳо ва ангезаи он маълумот намедиҳанд. Аз аввали қатлҳои пайиҳам ду кас зиндонӣ шуда, чаҳор нафар дар боздошт ҳастанд, вале наздикони бархеи онҳо бо хулосаи муфаттишону додрасҳо розӣ нестанд.
Ҳамлаи Русия ба бозори шаҳри Никопол дар Украина
Артиши Русия бо паҳподҳои "камикадзе" ба бозори шаҳри Никопол дар вилояти Днепропетровскии Украина зарба зад.
Ҳодиса рӯзи 26-уми декабр рӯй дод.
Сергей Лисак, раиси вилоят, гуфт, ки ҳашт нафар осеб дид.
Аз миёни онҳо ҳафт нафарро ба беморхона бурдаанд. Як зан дар ҳолати вазнин аст.
Дӯконҳо низ зарар дидаанд.
Русия 25-уми декабр, дар Иди Милоди Масеҳ, ба шаҳрҳои Харков, Днепр ва Кривий Роҳи Украина силсилаи ҳамлаҳо анҷом дод.
“Кореяи Ҷанубӣ аввал кафшергаронро аз Тоҷикистон ба кор мегирад”
Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, кафшергарони тоҷик аз аввали соли 2025 метавонанд ба муҳоҷират ба Кореяи Ҷанубӣ бираванд.
Эълон дар ин бора рӯзи 25-уми декабр нашр шуд.
Аммо мақомот гуфтаанд, корҷӯёни аз 18 то 39-сола бояд шаҳодатномаи кафшергарӣ дошта, забони кореягиро азхуд карда бошанд.
Аз корҷӯёни дигар хоста шудааст, ки барои омӯхтани забони кореягӣ ва касбҳои зарурӣ ба маркази таълимии Вазорати кору муҳоҷират дар Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд муроҷиат кунанд.
Бекорӣ ё кор бо маоши кам яке аз душвориҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ин вазъ садҳо ҳазор касро ба муҳоҷирати корӣ дар хориҷа маҷбур мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2024 бо Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт тафоҳумномаи ҳамкориро дар заминаи муҳоҷират имзо кард.
То ин вақт муҳоҷирони кории тоҷик асосан ба Русия ва Қазоқистон мерафтанд.
26 декабр – Рӯзи мотами миллӣ дар Озарбойҷон
26-уми декабр дар Озарбойҷон ба хотири қурбониёни ҳавопаймои афтода рӯзи мотами миллӣ эълон шуд.
Як ҳавопаймои ширкати “Azerbaijan Airlines” бо 67 мусофир рӯзи 25-уми декабр дар ҳудуди Қазоқистон суқут кард.
38 кас ҷон бохт, 29 нафар зинда монд.
Ҳавопаймо аз шаҳри Боку ба Грозний мерафт.
Сабаби рӯй додани фоҷеа ҳанӯз маълум нест.
Мақомоти Озарбойҷон ва Қазоқистон ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Ба иттилои расмӣ, дар дохили ҳавопаймо 42 шаҳрванди Озарбойҷон, 16 шаҳрванди Русия ва боқимонда аз Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар будаанд.
Мақомот теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистонро нагуфтанд.
Ба хабари ёфтаи Радиои Озодӣ, дар ҳавопаймо ду зодаи Тоҷикистон буданд. Як нафари онҳо ҷон ба саломат бурда, тақдири дувумӣ рӯшан нест.
Амалиёт дар Омск. 12 парванда ва ихроҷи 3 муҳоҷир
Нерӯҳои интизомии Русия санади 570 муҳоҷирро дар вилояти Омск санҷидаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 25-уми декабр гуфт, амалиёт 88 мавриди нақзи қонунро ошкор кард.
12 парвандаи ҷиноӣ боз ва 3 муҳоҷир аз Русия ронда хоҳанд шуд.
Ба иттилои ВКД, муҳоҷирон қоидаи будубошро дар Русия вайрон карда, ба идораи муҳоҷират маълумоти нодуруст додаанд ё ғайриқонунӣ кор кардаанд.
Пас аз ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" (марти 2024) муносибат бо муҳоҷирон дар Русия дигар шуд.
Мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва иҷрои ҳамла асосан зодагони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.
Думаи Давлатӣ дар нуҳ моҳи охир беш аз даҳ қарору қонуни маҳдуд ё манъкунандаи кори хориҷиёнро дар Русия қабул кард. Даҳҳо ҳазор нафар бо далелҳои гуногун ронда шуданд.
Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, гуфтааст, айни замон дар ин кишвар 6 миллиону 174 ҳазор хориҷӣ қарор доранд.
Аз рӯйи шумора ба даҳгонаи аввал шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус, Украина, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин ва Туркманистон шомиланд.
Як мард дар Русия бо мошинааш ба комиссариати ҳарбӣ задааст
Як мард дар шаҳри Гус-Хрусталнии вилояти Владимири Русия бо мошинааш ба бинои комиссариати ҳарбӣ зада, сипас онро сӯзондааст.
Ҳодиса шоми 25-уми декабр рух дод.
Мард боздошт шуда, ба "қасдан расонидани зарар ба моликияти дигарон" муттаҳам аст.
Раиси шаҳр Алексей Соколов дар саҳифааш дар Телеграм иддао кард, ки "ӯ қурбонии дигари қаллобони украинист". Соколов аз сокинон хост, ҳеч гоҳ дастури телефонии шахсони ношиносро иҷро накунанд.
Сомонаи "Медиазона" ҳисоб кардааст, ки шаҳрвандони Русия аз 13-уми декабр ба ин сӯ бо дастури қаллобони телефонӣ дар 50 маврид идораи бонк, почта ва мошини ходимони полисро оташ задаанд.
Хабаргузории расмии "ТАСС" бо такя ба манбаъҳояш навишт, ки сокинони Русия дар даҳ рӯзи гузашта бо дастури қаллобони телефонӣ дар беш аз 40 ҳолат ҷоеро оташ зада ва ё таркондаанд. Чунин ҳодисаҳо дар Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Владивосток, Перм, Курск, минтақаи Ставропол рух дод.
Манбаъҳои "ТАСС" гуфтаанд, дар миёни ҷабрдидаҳо нафақахӯрҳову донишҷӯҳо ҳастанд. "Шаҳрвандон бисёр вақт мехоҳанд, аз ин роҳ пулҳои худро баргардонанд," -- навишт хабаргузорӣ.
Байден аз Пентагон хост, ирсоли силоҳро ба Украина суръат бахшад
Ба гузориши "Садои Амрико", президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден ба Пентагон ё Вазорати дифои ин кишвар дастур додааст, ки фиристодани силоҳро ба Украина суръат бахшанд. Ин изҳорот баъд аз он нашр шуд, ки Русия рӯзи 25-уми декабр ба низоми барқии Украина ҳамла кард.
Байден дар изҳороташ гуфтааст, "мақсади ин ҳамлаи золимона дар зимистон аз гармиву барқ маҳрум кардани мардуми Украина ва дар хатар гузоштани низоми барқи ин кишвар мебошад".
Русия субҳи 25-уми декабр ба низоми барқии Украина бо мушакҳои болдору дурпарворз ва паҳподҳо ҳамла кард. Дар натиҷа, дастикам шаш нафар дар Харков маҷрӯҳ ва як нафар дар вилояти Днепропетровск кушта шуд.
Байден гуфт, "ИМА барои тақвияти мавқеи Украина бетанаффус корашро давом хоҳад дод". Ӯ афзуд, Вашингтон дар чанд моҳи гузашта ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина "садҳо мушаки дифои зиддинизомӣ додааст ва ирсоли силоҳҳои дигар дар пеш аст".
Амрико рӯзи 2-юми декабр дар бораи бастаи навбатии силоҳҳо ба Украина хабар дод. Ҳаҷми умумии ин ёриҳо 725 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар миёни дигар силоҳҳо, муҳиммоти навъи NASAMS, мушакҳои "Стингер" ва маҷмаи зиддитонкии Javelin ва AT-4 низ ҳастанд.
9 сол зиндон, 400 ҳазор рубл ҷарима. Ҳукми Алишер Исматзода дар Маскав
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Маскав гӯштигири тоҷик ва мураббии тими миллии ҷавонони Русия Алишер Исматзодаро бо гуноҳи сармоягузорӣ ба ДОИШ ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст.
Ҳукм шоми 25-уми декабр содир шуд.
Алишер Исматзода шаҳрвандии Русияро дорад.
Хабаргузории давлатии “ТАСС” хабар дод, ки ӯ бар илова бояд 400 ҳазор рубл ҷарима супурда, се соли ҳукмро дар зиндони низомаш умумӣ ва бақияро дар зиндони шароиташ сахт сипарӣ кунад.
Алишер Исматзодаро дар моҳи июли имсол бо иттиҳоми кумаки молӣ ба як узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дастгир карданд.
Худаш дар додгоҳ гуфтааст, гуноҳе надорад ва қарзи фардеро баргардонд, ки намедонист, узви ДОИШ аст.
Додситон таъкид кардааст, ки Исматзода дар бораи ба террористон фиристодани пул хабар дошт ва ин кори ӯ баргардондани қарз набуд. Додгоҳи ҳарбӣ ҳарфи ӯро пазируфтааст.
Ба қавли муфаттишон, Алишер Исматзода ба ҳисоби як узви ин созмон 9 ҳазор рубл (муодили 90 доллари амрикоӣ) фиристодааст.
Бисёре аз шоҳидон дар додгоҳ гуфтаанд, ки Алишер Исматзода, мураббии хубе буд, ки ҳар рӯз бо шогирдонаш муошират дошт ва онҳоро барои пешрафтҳояшон таҳсину офарин мегуфт ва бо пули хеш барои онҳо кафшу пироҳанҳои варзишӣ мехарид.
Алишер Исматзода ҳақ дорад, аз ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.
Ӯ 32-сола аст ва зодаи ноҳияи зодаи Ҷайҳун (Қумсангири пешин). Соли 2015 Донишгоҳи давлатии варзиш ва туризми Русияро хатм карда, устоди варзиши Русия дар бахши гӯштии озод, номзад ба устоди варзиш аз рӯи гӯштии юнонию румӣ мебошад.
Дар саҳифааш дар Инстаграм аксҳои зиёде аз ҷараёни мусобиқаҳо ва ё ҷоизагирии варзишгарони ҷавон дида мешавад. Матлаби охирини гузоштааш дар ин саҳифа аз моҳи январи соли 2024 аст.
Ҳаҷми ҷарима дар Тоҷикистон боз афзоиш меёбад
Бо сабаби зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз аввали соли 2025 ҳаҷми ҷарима, боҷ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ дар Тоҷикистон андаке зиёдтар мешавад.
Ин нукта дар қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2025 зикр шудааст.
Бар асоси матни қонун, ки нашрияҳои расмии Тоҷикистон чоп карданд, нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз якуми январи соли оянда ба 75 сомонӣ хоҳад расид. 3 сомонӣ бештар аз имсол.
Соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ ва соли 2023 68 сомонӣ буд.