Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ бозраси хориҷии Бонки "Эсхата" пас аз "карантин" дубора ба кор баргаштанд. ВИДЕО


Бинои Бонки Эсхата дар шаҳри Хуҷанд
Бинои Бонки Эсхата дар шаҳри Хуҷанд

Панҷ меҳмон аз Қазоқистон, ки барои бозрасӣ ё аудити яке аз бонкҳои кишвар ба Хуҷанд омада, ногаҳон бемор шуда буданд, пас аз чанд рӯзи карантин дубора ба кор баргаштаанд.

Хабари гулӯдард ва таб кардани онҳо сокинонро нигарон карда, ҳатто овозаҳои намуд ё штамми нави коронавирусро ба миён оварда буд.

Рӯзи 20-уми апрел хабарнигори Радиои Озодӣ ба дидори онҳо рафт ва мушоҳида кард, ки дар бинои асосии Бонки Эсхата машғули кор ҳастанд, вале ба гирифтани навор ё акс розӣ нашуданд.

Яке аз онҳо бидуни муаррифии номаш гуфт, “мо гулударди маъмулӣ ва сулфа шудем ва ҳамзамон табамон баланд шуд”.

“Чанд бор ташхиси тестӣ супоридем, дидем, чизе пайдо нашуд, натиҷаи ҳама манфӣ буд. Чун меъёр, беш аз 14 рӯз дар карантини хонагӣ будем. Натиҷаи ташхисро дорем. Ҳоло ҳамаш хуб аст”,--гуфт ӯ.

Барои тасдиқи гуфтаҳояшон аз онҳо натиҷаи озмуни ковидро талаб кардем, вале дар ҷавоб гуфтанд, ки “қоғазҳои тиббӣ дар меҳмонхона ҳастанд”.

Ду нафари ин бозрасҳо рӯзи 14-уми март ва се нафари дигараш рӯзи 21-уми март ба Хуҷанд омадаанд. Қарор аст то охири моҳи апрел кори худро ба анҷом расонанд.

Бозрасони хориҷии "Эсхата" баъди "карантин" ба кор баргаштаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Маъруфҷон Латифов, сардори шӯъбаи Маркетинги Бонки Эсхата дар шарҳи чи гуна ба карантина фаро гирифта шудани меҳмонон гуфта буд, ки “моҳи март дар ҳавои сард яке аз онҳо гулудард шуд ва кормандон ба ӯ шубҳа карданд”.

“Бо тавсияи кормандони бонк ба ташхис фиристода шуданд, зеро тибқи қоида бо ҳарорати баланд кор кардан иҷозат нест. Санаи 2-уми апрел тест супориданд ва то дақиқ шудани ҷавоби он бо дархости табибон ба кори фосилавӣ мегузаранд”,--гуфта буд ӯ.

Намояндагони беҳдоштии шаҳри Хуҷанд низ дар суҳбати қаблӣ гуфта буданд, ки дар байни кормандони Бонки Эсхата ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро ошкор накардаанд ва "ягон сабаби нигаронӣ дар байни аҳолӣ нест".

Дар ҳамин ҳол, як манбаи боварбахш дар Бонки Эсхата гуфта буд, ки баъди ба инзиво “изолятсия” гирифтани меҳмонон аз 60 корманди бонк, ки эҳтимол меравад бозрасон бо онҳо мулоқот кардаанд, тест гирифта, барои эҳтиёт қисме аз онҳоро ба кори фосилавӣ гузаронданд".

Мақомоти Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сироят нашудани беморӣ ба сокинон хабар медиҳанд.

Ба иттилои расмӣ, бемории коронавируси нав аз охири апрели соли гузашта то январи имсол ба беш аз 13 ҳазор кас сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст, вале баъзе аз сокинону мутахассисон миёси беморӣ ва талафот аз онро бештар мешуморанд.

Нобоварӣ ба омори расмӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки мақомот соли гузашта камаш як моҳ мавҷудияти коронавирусро инкор карда, танҳо дар остонаи сафари мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба будани он иқрор намуданд.

XS
SM
MD
LG