Орду равған ва конфету масолеҳи сохтмонӣ. Солҳои охир дар Афғонистон маҳсулоти тавлиди кишварҳои Осиёи Миёна серхаридор шудааст.
Бисёре аз афғонистониҳо онро назар ба молҳои истеҳсоли Эрону Покистон беҳтар мешуморанд, вале бар илова омили сиёсиро низ боис ба вуруди бештари маҳсулоти кишварҳои Осиёи Миёна медонанд.
Муҳаммад, як фурӯшанда дар Кобул, мегӯяд, “орду равған ва дигар аҷносе, ки аз Узбекистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон меоранд, кайфият ва сифати беҳтар доранд. Аз ин рӯ, тақозои мардум ба он бештар аст.”
Ширкати Башир Навид чанд сол пеш ба воридоти маҳсулот аз кишварҳои Осиёи Миёна оғоз кардааст. Ӯ то ба ҳол дар хотир дорад, ки чӣ гуна бори аввал равғани офтобпарастро аз Қазоқистон ба Афғонистон бурд ва “харидорон аз сифати он дар ҳайрат монданд”.
Афзоиши содироти маҳсулоти кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистон дар пасманзари васеъ шудани имкониятҳои транзитии ин кишвар сурат мегирад. Афғонистон тадриҷан ба як пули тиҷоратӣ миёни Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ табдил меёбад.
Хон Ҷон Алкозай, соҳибкори афғонистонӣ, мегӯяд, ба фарқ аз Эрону Покистон кишварҳои Осиёи Миёна тиҷоратро бо сиёсат омехта намекунанд: “Барои соҳибкор роҳат пеш бурдани тиҷорат хеле муҳим аст. Таъсири аз ҳад беши сиёсат ба тиҷорат асари манфӣ дорад. Бо истеҳсолкунандагони Осиёи Миёна муомила кардан хеле осону роҳат аст. Аз ин рӯ, тиҷоратро бо ин кишварҳо беҳтар медонанд.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Дар ҳоле ки мизони воридот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон меафзояд, содироти маҳсулот аз ин кишвар хеле кам будааст. Ин сабабҳои худро дорад.
“Албатта, мехоҳем, ки содироти худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар кунем. Аммо якрангии маҳсулоти мо ва сифати пасти он имкон намедиҳад, ки содирот бештар шавад. Дар ҳоли ҳозир маҳсулоти мо рақобатпазир нест”, -- мегӯяд Хон Ҷон Алокозай.
Дар Вазорати савдо ва саноати Афғонистон гуфтанд, гуногунсозии тиҷорат ва тавассути қаламрави Осиёи Марказӣ ба Аврупо содирот кардани мол аз авлавиятҳои ин кишвар аст, вале иҷрои барномаҳои дарозмуддати тиҷоративу иқтисодӣ ба вазъи амниятиву сиёсӣ бастагӣ дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз ин омил воридоти сармояи кишварҳои ҳамсояи шимол низ ба иқтисоди Афғонистон вобаста аст.