Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саркашу якрав буд". Ҳамдеҳагони Содир Ҷабборов дар борааш чӣ мегӯянд? ВИДЕО


Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, Содир Ҷабборов беш аз 79 дарсад раъй гирифт
Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, Содир Ҷабборов беш аз 79 дарсад раъй гирифт

Содир Ҷабборов, ки чаҳор моҳ пеш бо гуноҳи одамрабоӣ дар зиндон менишаст, чаҳор рӯз қабл раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ба дӯш гирифт. Ӯро моҳи октябри соли гузашта ва дар авҷи беназмиҳо дар Бишкек аз маҳбас раҳо карданд.

Ҷабборов 52-сола ва сиёсатмадори миллатгарост. Ӯ ваъда додааст, хатои раҳбарони гузаштаро такрор намекунад ва аз ҷонибдорони табдили низоми давлатдорӣ аз сохтори порлумонӣ ба идораи президентист. Вале ӯ то ин ҷо чӣ роҳеро паймудааст? Хабарнигорон барои фаҳмиданаш ба зодгоҳи Содир Ҷабборов рафтанд.

Дар наздикии марзи Қазоқистон

Деҳаи Кенсу дар вилояти Исиқкӯли Қирғизистон дар наздикии марзи Қазоқистон ҷойгир аст. Журналистон ба ин деҳа кам мераванд, вале акнун бо эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ, вазъ метавонад тағйир ёбад, чун Кенсу зодгоҳи Содир Ҷабборов, сиёсатмадор, зиндонии собиқ ва ва президенти Қирғизистон аст.

Осқонбек Кенҷабоев, ки бо Ҷабборов дар як синф хондааст, мегӯяд, ҳамсинфаш дар фанҳои дақиқ баҳои аъло намегирифт: "Агар баъзе аз фанҳои мушкилро ба назар нагирем, дар умум, аъло мехонд. Бештар ба варзиш шавқ дошт. Футболро дӯст медошт. Саркашу якрав буд. Дар синфи мо 11 духтар ва 21 писар буд ва мо ҳама бо якдигар дӯст будем."

Пас аз хатми мактаб, Содир Ҷабборов ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, баъдтар ба тиҷорат рӯ овард ва пас аз он ба майдони сиёсат ворид шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳамдеҳагони раиси ҷумҳури нави Қирғизистон дар борааш чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Авҷи карйераи ӯ ба замони раҳбарии президенти фирории Қирғизистон, Қурмонбек Боқиев, рост меояд. Дар аҳди ӯ Содир Ҷабборов дар мақомҳои калидӣ фаъолият мекард ва то соли 2010 мушовири Боқиев буд. Дар ҳукумати нав ҳизби ӯ ғайриинтизор дар порлумон курсии зиёдро соҳиб шуд. Соли 2017 Ҷабборовро бо гуноҳи одамрабоӣ ба 10 соли зиндон маҳкум карданд.

"Мо ба аёдати ӯ ба зиндон рафтем. Ҳолашро пурсидем. Бояд чанд рӯз пеш огоҳ мекардем, дигар бе мушкил рафтан мумкин буд. Мо дар ин муддат қариб хешу табор шудем", -- мегӯяд Осқонбек Кенҷабоев, яке аз ҳамсабақони Ҷабборов.

"Таъриф кунанд, хурсанд мешавам, танқид кунанд..."

Чанде пеш аз вакили порлумон шудан, Содир Ҷабборов дар зодгоҳи худ ба ҷойи хонаи кӯҳнаву қадимие, ки ӯ дар он таваллуд шудааст, барои волидонаш як хонаи бузургу барҳаво сохт. Дар оғози солҳои 2000-ум хонаҳои дуошёна боҳашамат дониста мешуданд. Ҳоло дар ин хона хешовандони наздики Ҷабборов зиндагӣ доранд. Волидонаш замони дар зиндон будани ӯ даргузаштанд.

Ракийма Мусталиева, холаи Содир Ҷабборов, 72-сола аст, аммо аз телефони ҳушманд истифода мебарад ва дар Фейсбук саҳифа дорад. Ӯ мегӯяд: "Телефонро ба наздикӣ харида гуфт, метавонам бифаҳмам, ки мардум чиҳо мегӯянд. Ман ҳоло навишта наметавонам, фақат навиштаҳои мардумро мехонам. Вақте аз Содир Ҷабборов таъриф мекунанд, хурсанд мешавам, вақте ӯро сарзанишу танқид мекунанд, албатта, дилам дард мекунад."

Тағо ва холаи президент аз пирӯзии ӯ хушҳоланд. Бовар доранд, ӯ хатои роҳбарони собиқро такрор намекунад ва наздикони худро ба ҳукумат роҳ намедиҳад.

Содир Ҷабборов дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст ва 10 хоҳару бародар дорад. Ба гуфтаи наздикон, оилаи онҳо зиндагии хоксоронае дорад. Тағои Ҷабборов мегӯяд, хоҳарзодааш ягон дороӣ надорад ва гуё тиҷоратҳои худро фурӯхтааст.

Тағояш Ҷумъақодир мегӯяд, "мешавад гуфт, ки ӯ дар деҳа миёнҳол аст. Аввалин даромади худро дар Қарақол дарёфт кард. Ӯ дар мансабҳои давлатӣ кор намекард. Баъдтар даромади худро зиёд кард. Мисли дигарон чанд гектар замин дорад. Дар шаҳр ӯ дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ зиндагӣ мекард. Баъдтар вақте дар зиндон буд, хона сохт, вале ин хонаи оддӣ аст, ҳатто дуошёна нест."

Ҳамдеҳагон умед доранд, мушкилоташон ҳал мешвад

Ҳамдеҳаҳои Содир Ҷабборов аз пирӯзии ғайриинтизории ӯ хушҳоланд. Онҳо умед доранд, ки ӯ мушкилоташонро ҳал мекунад. Гулнора Мамитова, яке аз сокинони деҳаи Кенсуи Исиқкӯл мегӯяд:

"Нархи молу маҳсулот гарон шуд. Танҳо дар давоми як моҳ, як шиша равғани 5-литрӣ 100 сом гарон шуд. Зиндагӣ осон нест, ҳозир. Бо шарофати говҳо зиндагиро пеш мебарем. Як гов тамоми оиларо мехӯронад. Ҷавонон аз деҳа рафтанд. Ҳама муҳоҷир шудаанд. Дар ҳар як оила ҳоло муҳоҷир ҳаст."

Ба суоли ин ки Ҷабборов ҳанӯз замони раҳбарии Қурмонбек Боқиев, ки дар мансабҳои баланд ифои вазифа мекард, чӣ кореро тавонистааст, анҷом диҳад, кам касе метавонад посух ва мисоли мушаххас биёрад. Вале акнун ба гуфтаи бархеҳо, қудрату салоҳияти Ҷабборов бештар шуд.

Умеди Гулисо Қайипова, як сокини дигари деҳаи Кенсу ҳам ба ҳукумати нав зиёд аст. Ӯ таъмини 5 фарзандро ба танҳоӣ бар дӯш дорад. Чанд соли пеш шавҳараш фавтид. Ҳоло ягона дастёри ӯ писараш аст: "Ӯ раҳбари мо ва дастёрии аслии ман аст. Мо ҳамроҳи ӯ ба саҳро меравем. Вай алаф медаравад, чорворо нигоҳубин мекунад."

Дар деҳа ҷойи корӣ нест. Вале Гулисо ва кӯдакони хурдсоли ӯ талош доранд, ки баробари дигарон зиндагии худро пеш баранд. "Фақат ба хотири кӯдакон зиндагӣ дорам. Умед дорам, дар деҳа ва кишвар зиндагӣ беҳтар шавад", -- мегӯяд ӯ.

XS
SM
MD
LG