Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон: Кӣ рафт, кӣ монд ва кӣ омад?


Баъди чаҳор рӯзи ба истеъфо рафтан, ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистонро эълон карданд. Бино ба фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 3-юми ноябр нашр шуд, аксар аъзои пешинаи ҳукумат дар мансабҳои худ монданд.

Танҳо панҷ узви ҳукумат нав шуд:

  • Матлубахон Сатториён, муовини сарвазир
  • Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ
  • Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
  • Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав
  • Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об.

Матлубахон Сатториён то ин дам ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократӣ дар Суғд ва Сулаймон Зиёзода ба ҳайси раиси ноҳияи Деваштич кор мекарданд.

Ширин Амонзодаи 42-сола дар мансаби раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Қаблан дар Комиссариати олии кор бо гурезаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон фаъолият дошт.

Шералӣ Кабир раиси Шӯрои мудирони ширкати “Талко” ва Далер Ҷумъа раиси ширкати “Помир Энержӣ” буданд.

Мухолифон ҳамвора тағйироти кадриро дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон танқид мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин тағйирот асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки аз ин курсӣ ба он курсӣ кӯчиданашон чизеро тағйир намедиҳад.

Ҳайати пешинаи ҳукумат:

Қоҳир Расулзода, сарвазир

Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазир

Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини сарвазир

Ширин Исматуллозода, муовини сарвазир

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия

Амонулло Салимзода, вазири кишоварзӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм

Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Зарробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияи нав

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Ҳайати нави ҳукумат:

Қоҳир Расулзода, сарвазир

Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазир

Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини сарвазир

Матлубахон Сатториён, муовини сарвазир

Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазир

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

XS
SM
MD
LG