Имрӯз дар бораи интихоботи президентӣ суҳбат мекунем. Ва албатта медонед, ки Кумисюни интихоботӣ гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон назар ба чаҳор номзади дигар раъйи бештар ба даст овард ва дигарбора раҳбари Тоҷикистон интихоб шуд.
Баҳси интихобот ҳоло дар ҳар қадам, сари роҳи дохили автобусу таксӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст. Баҳс дар ин бора, ки оё интихобот ба маънии томаш интихобот буд, ки чанд нафар бо ақидаҳои дигаргунаву барномаҳои гуногун меоянду ваъда медиҳанд, ки агар мардум уро интихоб кунад, кишвар гулгулшукуфон мешавад. Аммо бисёре аз корбарон дар вебсайти Радиои Озодӣ, дар инҷову онҷои Фейсбуку Инстаграмм навиштаанд, ки интихобот дар Тоҷикистон саҳнасозӣ буд ва тамом.
Аз ҷумла корбаре, ки худро аз Водии Қаротегин муаррифӣ кардааст, дар вебсайти мо чунин шарҳеро гузоштааст, ки ҳамроҳ мехонем: “Ин интихобот набуд, ин як сирк ва ё ҳамон намоише буд, ки Раҳмон ташкил кард ва пирӯзии худро эълон кард. Чӣ кунем? Мутаасифона дасту даҳонамон бастааст, ки фиғон бикашем.»
Комиссияи интихоботӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон тақрибан 91 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва пирӯз шуд, бақия чаҳор номзади дигар аз 3 то ба як дарсадӣ раъйи мардумро соҳиб шудаанд. Як корбаре дар Инстаграмм бо номи Оятулло Бобоев бо назардошти ҳамин омор навиштааст: “Ба Худо спектакл будани интихоботро исбот кардед. 250 ҳазор имзое, ки барои номзадӣ ҷамъ овардед, панҷ фоизи шумораи умумии раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад, чӣ гуна 1 фоиз овоз гирифтед? О на ман, на каси дигар, балки худи шумо исбот кардед, ки рӯзи 11-уми октябр спектакл буд.
Як корбари дигаре айни суолро на аз номзадҳо, балки аз Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи интихоботӣ пурсида ва чунин навиштааст: «Муҳтарам раиси комиссияи интихоботӣ, ман як чизро нафаҳмидам. Номзаде, ки то 250 ҳазор имзо ҷамъ накунад, номзад шуда наметавонад, пас барои чӣ гуна яктоаш 127 ҳазор, дигараш 60 ҳазор дигаронаш аз инҳо пасттар овоз гирифтаанд. Ҳоло он ки ҳадди аққал ҳамин 200 ҳазор одаме, ки имзо кардаанд, ба ҳамон номзад раъй медоданд. Ман ҳайрон?
Айни замон шарҳу назарҳо бо ақидаи дигар зиёд аст ва иддае гуфтаанд, ки интихобот поку холисона гузашт ва дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд. Корбаре бо номи Исминаз 9999 бо табрик гуфтани Эмомалӣ Раҳмон чунин шарҳеро дар саҳифаи мо дар Инстаграм гузоштааст: «Барои мо сулҳу ваҳдат бас аст, ки дар кишвари тинҷу ором зиндагӣ мекунем. Фарзандонамон озодона мактаб мехонанду падару модарамон дар кишвари орому обод зиндагӣ мекунанд.»
Корбаре бо номи Салмонҷон Умарҷон навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ раъйи аксарияти мардуми Тоҷикистонро ба даст овард ва акнун 7 соли дигар раиси ҷумҳур мемонад. Шарҳи ӯ чунин аст: «Касеро пурсидем, ба кӣ овоз додӣ, гуфт, ба ҷаноб. Ҳама тарафдори Эмомалӣ Раҳмон. Мегӯянд, ягонтои дигараш ба номзадӣ намеарзад, рост мегӯянд.»
Корбарони дигар зимни шарҳи интихобот, сиёсатҳои иқтисодии Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли гузаштаро танқид карда ва гуфтаанд, ки муҳоҷир шудани садҳо ҳазор нафар ва азоб кашидани онҳо дар Русия оқибати сиёсатҳои нокомил будааст. Дар ин миён корбаре бо номи Шералӣ Қаюмов дар Инстаграмм шарҳи аҷибе гузоштааст, ки гапро дароз намекунему онро мехонем: «Мардум ман шахсан, муҳоҷир будани худамро дар бесаводии худам мебинам. Дар вақташ нахондам, маълумоти олӣ надорам, муҳоҷирам. Ҷаноби олӣ гуноҳе надорад.»
Дар воқеъ Шералӣ дуруст мегӯяд ва гуфтааш, хатои маҳз аст. Ба мо нависед ва ё дар видео сабт кунеду бифристед. Ба телефоне, ки мебинед. Вотсаппу Вайберу Телеграму Имо дорад. Вебсайти мо барои хондани хабару дидани видеоҳои дигар аст.